Аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ. Модар ва марги Суҳроб

ШоҳномаҒирев омад аз шаҳри Тӯронзамин,

Ки Суҳроб шуд кушта дар дашти кин.

Хабар з-ӯ ба шоҳи Самангон расид,

Ҳама ҷома бар хештан бардарид.

Ба Модар хабар шуд, ки Суҳроби гурд,

Ба теғи падар хаста гашту бимурд.

Хурӯшиду ҷӯшиду ҷома дарид,

Ба зорӣ ба он кӯдаки норасид.

Бизад чангу бидрид пироҳанаш,

Дурахшон шуд он лаъли зеботанаш.

Баровард бонгу ғиреву хурӯш,

Замон то замон з-ӯ мерафт ҳуш.

Фурӯ бурд нохун, ду дида биканд,

Баровард боло, дар оташ фиканд.

Мар он зулфи чун тобанда каманд,

Ба ангушт печиду аз бун биканд.

Равон гашта аз рӯи ӯ ҷӯи хун,

Замон то замон андар омад нагун.

Ҳама хоки тира ба сар барфиканд,

Ба дандон зи бозӯи худ гӯшт канд.

Ба сар барфиканд оташу барфурӯхт,

Ҳама мӯи мушкин ба оташ бисӯхт.

Ҳаме гуфт, к-эй ҷони Модар, кунун,

Куҷоӣ сиришта ба хоку ба хун?

Ғарибу асиру нажанду низор,

Ба хок андарун он тани номдор.

Гумонам чунон буд гуфтам кунун,

Бигаштӣ ба гирди ҷаҳон андарун.

Ду чашмам ба раҳ буд гуфтам магар,

Зи Суҳробу Рустам биёбам хабар.

Падарро ҳамеҷустиву ёфтӣ,

Кунун б-омадан низ биштофтӣ.

Чӣ донистам, эй пур, к-он бехабар,

Ки Рустам ба ханҷар даридат ҷигар.

Дареғаш наёмад аз он рӯи ту?

Аз он бурзу болову бозӯи ту?

Аз он гирдгоҳаш наёмад дареғ,

Ки бидрид Рустам мар онро ба теғ?

Бипарварда будам танатро ба ноз,

Дурахшанда рӯзу шабони дароз.

Кунун он ба хун андарун ғарқа гашт,

Кафан бар тани поки ту хирқа гашт.

Кунун ман киро гирам андар канор?

Кӣ хоҳад будан мар маро ғамгусор?

Киро гӯям ин дарду тимори хеш?

Киро хонам акнун акнун ба ҷои ту пеш?

Дареғо, тану ҷону чашму чароғ,

Ба хок андарун монда аз хоку боғ.

Падар ҷустӣ, эй гурди лашкарпаноҳ,

Ба ҷои падар гӯрат омад ба роҳ.

Аз умед навмед гаштӣ ту зор,

Бихуфтӣ ба хок андарун зору хор.

Аз он пеш, к-у ханҷараш баркашид,

Ҷигаргоҳи симини ту бардарид.

Чаро он нишоне, ки Модар-т дод,

Надодӣ бар-ӯ, барнакардиш ёд?

Нишон дода буд аз падар Модарат,

Зи баҳри чӣ н-омад ҳаме боварат.

Кунун Модарат монд бе ту асир,

Пас аз дарду тимору ранҷу заҳир.

Чаро н-омадам бо ту андар сафар,

Ки гаштӣ ба гурдони гетӣ самар?

Маро Рустам аз дур бишнохтӣ,

Туро бо ман, эй пур, бинвохтӣ.

Наяндохтӣ теғ он сарфароз,

Накардӣ ҷигаргоҳат, эй пур, боз.

Ҳамегуфту меҷасту меканд мӯй,

Ҳамезад кафи даст бар хубрӯй.

Зи ҳар сӯ ба ӯ анҷуман гашт халқ,

К-аз он гиря дар хун ҳамегашт ғарқ.

Зи бас, к-ӯ ҳаме шевану нола кард,

Ҳама халқро чашм пуржола кард.

Бар ин гуна беҳуш бияфтоду паст,

Ҳама халқро дил бар ӯ бар бихаст.

Биафтод бар хоку чун мурда гашт,

Ту гуфтӣ ҳаме хунаш афсурда гашт.

Ба ҳуш омаду боз нолиш гирифт,

Бар он пури кушта сиголиш гирифт.

Зи хуни ҷигар кард лаъл обро,

Биовард он тоҷи Суҳробро.

Ҳаме зор бигрист бар тоҷу тахт,

Ҳаме гуфт: эй хусравонӣ дарахт!

Сари асби ӯро ба бар даргирифт,

Бимонда ҷаҳоне бад-ӯ дар шигифт.

Гаҳе бӯса зад бар сараш, гаҳ бар рӯй,

Зи хун зери шамшер мерафт ҷӯй.

Зи хун мижа хокро кард лаъл,

Ҳаме рӯй молид бар симу наъл.

Биёвард он ҷомаи шоҳвор,

Гирифташ чу фарзанд андар канор.

Биёвард ҳафтону диръу камон,

Ҳамон найзаву теғу гурзи гарон.

Басе бар ҳамезад гаронгурзро,

Ҳаме ёд мекард он бару бурзро.

Биёвард он ҷавшану худи ӯй,

Ҳамегуфт, к-эй шери пархошҷӯй.

Биёвард зину лагому сипар,

Лигому сипарро ҳамезад ба сар.

Камандаш биёвард ҳафтод ёз,

Ба пеши худ андар фикандаш дароз.

Ҳаме теғи Сӯҳробро баркашид,

Фашу думи асбаш зи нима бурид.

Ба дарвеш дод он ҳама хоста,

Зару симу аспони ороста.

Дари кох барбасту тахташ биканд,

Зи боло дароварду пасташ фиканд.

Дари кохро сияҳ карду пок,

Зи коху зи айвон баровард хок.

Фурӯ ҳишт ҷое, ки буд ҷои базм,

К-аз он базмгаҳ рафта буд ӯ ба разм.

Бипӯшид пас ҷомаи нилгун,

Ҳамон нилгун ғарқа гашта ба хун.

Ба рӯзу ба шаб мӯя карду гирист,

Пас аз марги Суҳроб соле бизист.

Саранҷом ҳам дар ғами ӯ бимурд,

Равонаш бишуд сӯи Суҳроби гурд.

Манбаъ: “Васфи модар”. Душанбе 2022.

Таҳияи Шарофати Ҷамолиддин
мутахассиси шуъбаи
кӯдакон ва наврасон