Аз таърихӣ пайдоиши илми рангшиносӣ чӣ медонем?

Илми рангшиносӣ аз замонҳои қадим таваҷҷўҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард. Инсон ҳамеша дар рафти зиндагии худ рангорангии ашё, либос ва монанди инҳоро дар гирду атроф ва муҳити зисти ўро иҳотакарда мебинад. Ў аз онҳо ғизои маънавӣ ва рўҳӣ мегирад. Ў чизҳои рангаш ба худ маъқулро истифода мебарад. Аз рангҳои ба худ маъқул табъаш шод гардида, тану ҷонаш ҳаловат мебарад. Бинобар ин, мо ба ранг аҳамият медиҳем, бодиққат ба он менигарем ва интихоб мекунем. Аз ин рў, илми рангшиносӣ ба инсон хеле зиёд хидмат мекунад.

Ин илм ба мо барои дарк кардани хелҳо, намудҳои рангҳо, мувофиқат, ҷило ва тобиши онҳо тавассути қобилияти биноӣ кўмак мекунад. Машқ кардани фаҳмиш, фарқкунӣ ва дар амал истифодабарии рангҳои асосӣ ва иловагӣ, яъне рангҳоеро, ки бо ёрии онҳо дигар хелҳои ранг ҳосил мешаванд, набояд аз мадди назар дур монанд.

Ҳамчунин ин фан ба мутахассисоне, ки касбу корашон ба рангҳо алоқамандӣ дорад, кўмак мекунад.

Дар илм оид ба рангҳо, аз ҷониби рангшиносон муаммоҳои зиёд: равшанӣ, масофа, таъсири рангҳои ҳамҷоя, омезиши рангҳо ва ғайра омўхта мешаванд.

Дар асри гузашта масъалаҳои марбут ба ранг диққати олимонро ҳамчун илми мустақил ба худ ҷалб кардааст. Рассомон ва назарияпардозони бузурги давраҳои гузашта – Чеккино Ченнини (солҳои 1400), Леон Баттиста Алберти (1404-1472), Пйеро делла Франческо (1416-1492), Леонардо да Винчи (1452-1519), Ҷорҷо Вазари (1511-1574), Ҷанпаоло Ломатсоо (1539-1600), Албрехт Дюрер (1471-1528) ва Фрасиско Пачеко (1564-1654) тадқиқоти худро оид ба мусаввирӣ анҷом додаанд. Намояндагони бузурги илми физика И.Нютон (1642-1727) ва М.Ломоносов (1711-1765) низ доир ба ранг корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд. Ломоносов рангҳои асосиро кашф кардааст. Шоир ва табиатшиноси бузурги олмонӣ Гёте (1749-1832) асари махсуси “Илм дар бораи ранг”- ро навиштааст.

Барои рассомон донистани қонунҳои тағйир ёфтани ранг муҳим аст. Гарчанде ки рангшиносӣ усулҳои эҷодкориро таълим надиҳад ҳам, он ба рассомон дар фаҳмиши тағйиротҳои табиат вобаста ба рангҳо кўмак намуда, ба кору фаъолияташон аз наздик ёрӣ мерасонад.

Илм дар бораи ранг ҳанўз дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Дар асри IV пеш аз мелод донишманди юнонӣ Аристотел ба шаҳр додани рангҳо ва хелҳои онҳо кўшиш кардааст. Олими бузург Леонардо да Винчи, ки дар давраи Эҳёи Итолиё зиндагӣ кардааст, дар китоби худ “Рисола дар бораи санъати тасвирӣ” маълумот дар бораи ранг, ки барои рассомон аҳамияти бузурги амалӣ дорад, пешниҳод намудааст.

Асоси илмии расмкаширо фанни рангшиносӣ ташкил мекунад. Рангшиносӣ ба рассомони оянда чӣ гуна пайдо ва пароканда шудани рангҳоро дар табиат ва муҳити зист, чӣ гуна зери таъсири муҳити атроф тағйир ёфтани онҳо ва чӣ тавр омода сохтан ва истифода бурдани рангҳоро таълим медиҳад.

Дар ҷумҳуриямон таълимот доир ба рангҳо аз замонҳои қадим дар алоқамандӣ бо минётурҳои китоб, наққошӣ ва дар тасвирҳои рўйи деворӣ ташаккул ёфтааст. Зеро ҳунари расмкашӣ донистани интихоби рангҳо ва қобилияти истифода бурда тавонистани онҳоро талаб мекард. Аз ҳамин сабаб, ҳар як шогирд аввало ба омўхтани сирру асрори тайёр кардани рангҳо ва равандҳои кимиёвии ба ин кор алоқамандро бояд донад.

Ин матлаб аз китоби “Рангшиносӣ”-и З.Мирзабоев ва А.Масолиев иқтибос шуд. Китоб соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва чун дастури таълимӣ пешниҳод гардидааст.

Китоби мазкур дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.