Аз “Тазкираи Фаҳмӣ”-и  Абдулмутталибхоҷаи Фаҳмӣ чӣ метавон хонд?

Тазкираи Фаҳмӣ» яке аз сарчашмаҳои ношинохти адабиёти охири асри ХІХ – ибтидои асри ХХ мебошад. Арзиши ин тазкира пеш аз ҳама дар он аст, ки устод Айнӣ онро ба сифати сарчашмаи «Намунаи адабиёти тоҷик» истифода бурдааст. Дар ин тазкира дар бораи сиву як адиб, ки аксари онҳо дар охири садаи ХІХ – ибтидои асри ХХ зиндагӣ кардаанд, маълумот дода шудааст. Ин тазкира бори аввал нашр мешавад.

Муҳаққиқон дар бораи тазкираҳои нимаи дувуми асри ХІХ-ибтидои асри ХХ сухан ронда, маъмулан «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Раҳматуллоҳи Возеҳ, тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмат, «Тазкори ашъор»-и Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, «Тазкират-ушшуаро»-и Абдулазими Шаръӣ, «Афзал-ут-тазкор фӣ зикри-ш-шуарои ва-л-ашъор»-и Афзал-махдуми Пирмастӣ, «Тазкират-уш-шуарои мутааххирин»-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айниро ном мебаранд. Аммо тазкираи Фаҳмӣ, ки низ дар ҳамин давра таълиф шудааст, қариб дар ягон пажӯҳиш номбар намешавад, ҳол он ки устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар мавриди зикри Машраби Намангонӣ ва Суфӣ Аллоҳёри Каттақӯрғонӣ аз маълумоти ин асар истифода бурдааст.

Танҳо Расул Ҳодизода, ки аз беҳтарин донандагони адабиёти асри ХІХ – ибтидои асри ХХ буд, дар китоби «Сарчашмаҳо барои омӯзиши адабиёти тоҷики нимаи дувуми асри ХІХ», ки соли 1956 ба забони русӣ интишор ёфтааст, дар бораи мавҷудияти «Тазкираи Фаҳмӣ» дар ин давра хеле мухтасар маълумот дода, маводи онро такрори тазкираи Возеҳ мешуморад ва бинобар ин камарзиш меномад. Дар китоби «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри ХІХ»-и Р. Ҳодизода, ки ба забони тоҷикӣ соли 1968 чоп шудааст, исми Фаҳмӣ танҳо як маротиба зикр шуда, дар бораи ӯ ва тазкирааш ҳарфе ба назар намерасад.

Китоби Абдулмутталибхоҷаи Фаҳмӣ «Тазкираи Фаҳмӣ» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд