Аз вафоти шоири маъруфи рус Фёдор Тютчев 152 сол гузашт
Аз вафоти шоири барҷаста ва дипломати маъруфи рус Фёдор Тютчев 152 сол гузашт. Дар зер чанд шеъри ӯро дар тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона меорем.
ОБҲОИ БАҲОРӢ
Гарчи ҳанўз хилъати саҳрост нуқрагун,
Бар обҳо бубин, ки шикастанд хоби дай.
Дар соҳилони хуфта давиданд нағмахон
Ин қосидони поки баҳори хуҷастапай.
Дар ҳар карона ҳамчу мунодии хушхабар
Ово заданд: тозабаҳорон расиданист.
Оре, ба гўши одаму олам муборак аст,
Ин муждаи азиз, ки хеле шуниданист.
Инак, баҳор мерасад аз раҳ, баҳори сабз,
Урдибиҳишт ояду рўзони пурнишот.
Рақсобарақс қофилаи тоза мерасад,
Бо парниёни ишқу фараҳ бар куҳанработ.
***
Мефитад сояи дароз аз кӯҳ,
Домани рўз мерасад бар шом.
Дер шуд, хайли абрҳо рафтанд,
Мешавад рўз ҳам тамом, тамом.
На, наметарсам аз сиёҳии шаб,
Биҳаросам зи кўтаҳии рўз.
Ту бимон, эй падидаи зебо,
Ту, фақат ту бимон, маро афрўз!
Бо пари нозукат намо парпеч,
Об зан бар тани гудохтаам.
Сояи шомро муборак кун
Бар дили дар раҳи ту бохтаам.
Ту кииву куҷоиӣ охир,
Хокиӣ ё зи чархи миноӣ.
Аҷаб ин ки дили занона турост,
Эй ки эҷоди осмонҳоӣ.
***
Ҳар қадар ҳам дўст дорӣ беҳисоб,
Аз ғами ҳиҷрон чунин маънӣ биёб.
Ишқ як аср аст ё як рўзу бас,
Ишқ як хоб аст, хоби як нафас.
Дер ё зуд аз ҳамин хоби мунир
Сўи бедорӣ биёӣ ногузир.
***
Водии хуфта барфдомон аст,
Барф ҳам дергаҳ намепояд.
Хўшаи сабзгуна мерахшад,
Боз ҳам бар завол меояд.
Баъди мо низ барф меборад
Дар сари қуллаи амомасафед.
Боз дар пои кўҳ мекорад
Гули садбарги сурхро хуршед.
***
Ҳанўз орзуи зиндаи манӣ,
Ману дилу азоби беқиёси ту.
Ҳанўз аз даруни қоби хотира
Шарора мефишонад инъикоси ту.
Намешавад зудуда аз баёзи дил
Хутути хатнигори меҳрубони ман.
Чӣ дастнорасӣ, чӣ дуру рўшанӣ,
Ситораи бузурги осмони ман!
***
Ҳар чӣ андўхтам ман аз дунё,
Аз муҳаббат, зи эътиқоду ниёз.
Он ҳама як дуои кўтаҳ шуд:
Умрат аз умри банда бод дароз!
БАРОИ ДЎСТАМ Я.П. ПОЛОНСКИӢ
Гум шуд шарари садои хушпайғомат,
Ман низ шабам, шаб, шаби зулмотқарин.
Имрўзу пагоҳ мепарад сўи адам
Аз гулхани мирандаи мо дуди пасин.
***
Нест рўзе, ки дил алам накашад
Алами рўзу рўзгори мунир.
Ҳарф мекобаду намеёбад,
Оҳ, аз ин сўзҳои бетадбир.
Чун ғарибе, ки бо ғами меҳан
Ҳар нафас синарешу дилхун аст.
Ногаҳон дарк мекунад, ки ватан
Мавҷи дар қаъри баҳр мадфун аст.
Аз китоби Фарзона “Найсон” таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.