Аждаҳои бепарвоӣ дар тарбияи рушди кўдакон
Шоиста ба гуфтан аст, ки аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва андешаҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳамдиёрони мо барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ даҳчанд афзудааст. Дар шаҳру деҳоти кишвар тайи як муддати кутоҳ манзилҳои иқоматӣ ва дуконҳои тиҷоративу тарабхонаҳои зиёд бунёд мешаванд. Аммо он чи нигаронкунанда менамояд, ин аст, ки бархе ҳамдиёрон (албата бо ёрии холахирсии маъмурон) заминҳои киштро ба зистгоҳ табдил медиҳанд, порчазаминҳои махсуси бозии кўдакону наврасон ва нишасти пиронсолонро вайрон карда, дар ҷояшон биноҳои истиқоматӣ месозанд.
Ба намунаи чунин беинсофиву бехирадиҳо чи дар шаҳру чи дар деҳа дучор омадан мумкин аст. Ман наметавонам дарк кунам инсонеро, ки сарнавишти фарзандон барояш маънӣ надошта бошад. Дар замони пеш ҳар гузар ҳар кўча ба худ майдончаи бозии кўдакон дошт,ки дар он бачаҳо пас аз фориғ гаштан аз мактаб ва дастёрӣ ба корҳои хона, дар он майдонча гирд омада, ба бозӣ машғул мешуданд. Ҳатто гузарҳо ба худ тими футбол доштанд ва байни худ мусобиқаҳо доир менамуданд. Дар замони кўдакиву навҷавонии мо бозиҳои «байрақбозӣ», «чиликдангал», «аладод», «ҷогаҳшавак» (рустшавакон), «сангбардорӣ», «лапту» (бозии русӣ), гуштигирӣ, футболу волейбол ва даҳҳо бозиҳо ривоҷ дошт, ки ба парвариши зеҳниву ҷисмонӣ ва бо ҳам наздик шуданду унс гирифтани наврасон мусоидат мекард. Ҳоло аксари ин бозиҳо бинобар сабаби (бубахшед) ҳайвонсириштии бархе гарданғафсони худпараст, аз байн рафтаанд. Ин ҳолати шигифтангез бештар дар шаҳрҳо ба чашм мехўрад. Аксарияти шаҳрнишинон дар биноҳои ошёнадор зиндагӣ мекунанд, ки меъморону муҳандисони нахустини хонаҳои баландошёна ғолибан аврупоиҳо буданд. Аз рўйи меъёрҳои муҳандисӣ дар сохтмони ҳар бино порча замини муайян барои бозии кўдакони то синнимактабӣ ва майдони бозии наврасон ҷудо карда шудааст. Дар майдончаи бозии тифлҳо (песочница), барои хокбозӣ таъмин намудани реги бехтаву аз нигоҳи санитарӣ пок, сохтани ҳар гуна хоначаҳои афсонавиву лағжонакҳо, алвончакҳову арғунчакҳо барои наврасон майдончаи машқҳои варзишӣ ва барои пирсолон харакҳои нишаст ва ҷой барои бозиҳои домино ва шашкаву шоҳмот ҷудо ва таҳия намудан, ба меъёр ва муқаррароти сохтмонӣ (СНИП) дохил шудааст ва касе ҳуқуқи вайрон кардани он меъёрҳоро надорад. Ҳамчунон бунёди роҳравҳову ҷўйҳо ва дар масири он чимкорӣ кардан (озеленение и благоустройство) ҷузви муҳими ободии шаҳрҳову марказҳои ноҳияҳо мебошад.
Акнун бингаред имрўз пас аз кўч кардани мардуми русу аврупоӣ мо, ки хешро шаҳриву фарҳангӣ медонем, ки ободиҳоро ба чи ҳолати ҳузновар табдил додаем. Нахуст ин ки майдончаҳоро байни хонаҳо тақсим карда, барои шакаровхўрӣ дар он ҷойҳо се-чор бех қаланфуру пиёзу гашнич рўёндаем. Сониян, чолокон аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуҷҷат гирифта дар майдончаҳои бозии кўдакон ҳавлиҳои истиқоматӣ бино кардаанд. Ва кўдакони аз ҷойҳои бозиву истироҳат маҳрум шуда, дар зери тирезаҳои биноҳо гирд омада, пайваста бо ғавғову тўбзанӣ ва садои чархакҳои аробачаҳояшон истиқоматкунандагонро ноорому нороҳат месозанд. Гузашта аз ин кўдакони бечора аз инкишофи ҷисмонӣ бенасиб монда, бисёриҳо ба беҳудагардӣ машғул мешаванд. Афзун бар он дар гўшаҳои майдончаи бозии кўдакон чандин танўру нонпазхонаҳо сохта, ҳатто дар баъзе шаҳрҳо аз бинои корхонаи нонпазӣ манзилҳои истиқоматӣ барсохтаанд. Бад-ин тартиб аз ҳар ҳавлии бешумор дуди дегдону танўрҳо ба фазо печида, ба шаҳр будани ин мегаполис шак ба миён моварад. Мо дар ин ҷо аз зарари ҳангуфти танўрҳо, ки боиси дарахтбуриҳои ваҳшиёна мегарданд, чизе намегўем.
Дар поён ёдкарди ин нуктаро лозим медонам, ки мавзуи тарбияи фарҳанги шаҳрнишинӣ ниҳоят густурда мебошад ва мо дар ин фурсат натавонистаем ҳама паҳлўҳои муҳими онро пеши дидоратон оварем. Гумон мекунам ин навиштори мо метавонад як огоҳномае бошад барои бозбинии андешаҳои ҳамдиёрони гиромӣ дар роҳи боззоии маниши шаҳриву ориёӣ.
Зафар Мирзоён. “Ниёиши некону покон”. Душанбе, 2015.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ