Азизов Шодӣ-раққосе, ки сароянда шуд
Азизов Шодӣ (Устод Шодӣ, соли тавваллуд 1878, деҳаи Муғулони ноҳияи Ғиждувони Бухоро соли вафот 1943 Бухоро), сароянда, навозанда, раққос ва донандаю ҳифзкунандаи мусиқии классикӣ ва мардуми тоҷик, Ҳофизи мардумии РСС Ўзбекистон (1940), дар оилаи косиб тавваллуд шудааст.
Аз овони ҷавонӣ дар дастаҳои ҳунарии Бухоро (марвисароён) фаъолияти ҳунариашро оғоз намуда, асосҳои иҷроию эҷодии мусиқӣ, рақс ва ҳунарҳои мардумиро фаро мегирад.
Азизов Шодӣ аз синни 11 – солагӣ чун раққос ном бароварда, аз соли 1895 таҳти сарварии устодони мусиқии мардумӣ ва устодона устод Тиллобои Хонанда, Бобо Ҷалол, Бобо Ғиёс, Мирзо Ҳидояти Хонанда, Ҳофиз Восеъ, Қорӣ Убайдуллоҳ, Қорӣ Каромати Дилкаши Танбўрӣ асосҳои мусиқиро меомўзад.
Аз соли 1913 таҳти сарварии Бобо Ҷаллол Носирзода ба омўхтани ассосҳои назарию амалӣ, иҷроии «Шашмақом» пардохт. Солҳо 30-уми асри 20 дар дастаҳои ҳунарии театрии мардумии ноҳияи Ғиждувон ба сифати сароянда, раққос хидмат мекунад.
Фаъолияти иҷроии Азизов Шодӣ дар иҷрои мақомҳо бештар зуҳур намуда, дар иҷроии қисмҳои ҷудогонаи «Сарахбор», «Тарона», «Талқин», «Савт», «Намудҳои мақомҳои «Бузург», «Рост», «Наво», «Сегоҳ» маҳорати хоса ба харҷ додааст ва дар иҷрои ў намунаҳо аз осори мусиқии мардумӣ, класикии тоҷик сабт (қарта, сафҳа) сабту нашр шудааст.
Баъди ў писараш Муҳамадҷон Шодиев анъанаи эҷодию иҷроияшро идома медиҳад.
МАНБАЪ: “Донишномаи Шашмақом”. Душанбе, соли 2009.
Китоби мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад) зери назари донишманди маъруфти тоҷик Кароматулло Олимов нашр шудааст.
Хоҳишмандон метавонад бо ин китоб дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Таҳияи Дилафрӯз Расулова, шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.