Б. А. Литвинский. Ҳафриёти Аҷинатеппа

АҷинатеппаИн мақолаи бостоншиноси маъруф Б.А. Литвинский соли 1967 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст ва шояд аввалин гузориши муфассал аз ҳафриёти Аҷинатеппа буд, ки нашр шуд. То ин мақола шояд хабару гузоришоти зиёде ҳам аз ин бозёфтҳои нодир расонаӣ шуда буданд. Аммо Б.Литвиновский ҷанбаҳои муҳими онро аз нигоҳи илмӣ асоснок кардаву фарзияву тахминҳои дигареро ҳам баён доштааст, ки баъдҳо он ҳама мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.

Аз чопи мақола 58 сол мегузарад ва ҳоло Аҷинатеппа пурра омӯхта шуд ва илм ҳам ба суолҳои зиёди беҷавон посух дарёфт кард, китобҳо навишта шуданд, мустанадҳо таҳия гардиданд. Аммо ин мақола ҳамоно пурарзиш аст. Пораеро аз он дар таҳияи ҳамкорамон Шавқинисо Носирова меорем ва хоҳишмандонро ба мутолааи пурраи мақола даъват менамоем.

****    **** *

Сайёҳи асри VIII ҳоҷии буддоӣ Хой-Чао дар бораи Хатлонзамин чунин навиштааст: “Подшоҳ, аъёну ашроф ва халқи инҷо дини буддоиро мепарастанд ва дар ин мулк дайру роҳибон ҳастанд”.

Аз рӯйи маълумотҳои таърихӣ дар он давр дар музофотҳои дигари Осиёи Миёна низ дайрҳо бисёр буданд, ки бо мурури замон ва амри таърих маҳв шудаанд. Фақат тахмин карда мешуд, ки ин нишонаҳои онҳоро аз зери баъзе теппаву вайронаҳои биноҳои буддоӣ пайдо кардан мумкин аст.

Тадқиқоти бостоншиносон имконият дод, ки ёдгориҳои дини буддоӣ аввал дар ҳудуди Ӯзбекистон, баъд дар Қирғизистон ва солҳои охир дар Туркманистон кашф карда шаванд. Яке аз беҳтарин ёдгориҳои дини буддоӣ баъди ҷустуҷӯи зиёд дар Ҷануби Тоҷикистон маҳз дар он ҷое, ки дар ибтидои асрҳои миёна ба ҳайати Хатлонзамин медаромад ёфта шуд. Ин мавзеъ Аҷинатеппа ном дошта, 12 км дуртар аз шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар), дар ҳудуди совхози ба номи Киров ҷой грифтааст. Экспедитсияи калони бостоншносии иститути таърихи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар он таҷдидгарони Эрмитажи давлатии Ленинград низ ширкат доранд, аз соли 1960 ин ҷониб таҳти роҳбарии муаллифи ин сатрҳо дар Аҷинатеппа ҳафриёт мебаранд.

Дар давоми кор аз зери хоки ҳазорсола дайри буддоӣ-сангҳарама баромад. Дайр на он қадар калон, тақрибан 100 бар 50 метр буда, аз ду нимаи ҳавлиҳои мураббаъ иборат аст, ки ҳар яки он бо биноҳо иҳота шудааст. Дар миёни самти нимаи ҷанубӣ чор хонаи дуқисма ҷой грифтааст: дар пеш айвони васеъ, ки ба сӯи ҳавлӣ менигарад, дар паси он – ибодатхонаи мураббаъ. Ин хонаҳои дуқисма дурусттараш, айвонҳои онҳо байни худ ба воситаи роҳравҳо пайваст мешаванд. Аз як тарафи ин роҳравҳо ба рӯи ҳавлӣ, аз тарафи дигар – ба роҳравҳои қатори беруна ва ҳуҷраҳои хурд гузаштан мумкин аст.

Сохти нимаи шимолии дайр асосан ба нимаи ҷанубӣ монанд аст, вале баъзе фарқиятҳо дорад. Дар тарафи шимолии ин қисм, аз ду паҳлӯи хонаи дуқисма шаш ибодатхонаи майда ҷой грифтааст (дар тарафи муқобил чаҳор хона), роҳравҳо дарозтаранд (дарозии қисмҳои онҳо ба шонздаҳуним метр мерасад). Қисми зиёди сатҳи ҳавлии ин нимаро иншооти дини буддоӣ – ступа ишғол кардааст.

Нақшаву сохти дайр пурра мутаносиб аст. Ҳамаи хонаҳо шакли мураббаъ ё чоркунҷа доранд. Дар асл сохти ҳар ду нимаи бино якхела аст – онҳо ба тарзи чаҳор айвон сохта шудаанд, ки худи ҳамин як кашфиёти муҳиммест. Гап дар сари он аст, ки маҳз ҳамин тарзи сохтмон бо каму беш дигаргуниҳо ба мадрасаҳои мусулмонӣ, ки дар Осиёи Миёна ва бисёр мамлакатҳои Шарқ паҳн шудааст, хос аст. Ин тарзи сохтмон аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудааст?. Дар атрофи ин масъала дар олами илм қариб як аср инҷониб, мунозираҳо мераванд, олимон фикрҳои мухталиф баён мекунанд.

Чунон ки кофтукови мо нишон дод, ин тарзи сохтмон ҳанӯз дар асри VI-VII дар ҷануби Осиёи Миёна вуҷуд доштааст. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки фикри шарқшиноси барҷастаи рус академик В. В. Бартолдро дар бораи вобастагии мадраса бо дайри буддоӣ дуруст шуморем. Ғайр аз он маълум шуд, ки ин тарзи сохтмон дар натиҷаи таъсироти тарафайни мураккабу дарозмуддати биноҳои Ҳинд, Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ камол ёфтааст.

Хонаҳои Аҷинатеппа аз похса ва хишти хоми калонҳаҷм сохта шудаанд. Хонаҳои дарозшакл аз равоқ, ҳуҷраҳои мураббаъ иборат буда, ҳамаашон гумбаз доранд.

Тангаҳо ва бозёфтҳои дигар гувоҳӣ медиҳад, ки таърихи он давраро беҳтар муайян кунем. Онҳо ба асрҳои охирҳои VII ва ибтидои асри VIII мансубанд.

Натиҷаи муҳимтарини ҳафриёти Аҷинатеппа – кашфи ёдгориҳои бешумори санъати муҷассамасозӣ ва нақшу нигори рӯи девор аст. Дар болои пояҳои дуқабатаи наздидеворӣ як вақтҳо муҷассамаҳо меистоданд, ки онҳоро дар вақти хароб кардани дайр ба замин андохтаанд. Дар рӯи пояҳои маъбад, ки хонаи марказии тарафи шимолист, низ муҷассамаҳо буданд. Дар маркази ду хонаи хурди ҳамин тараф яктоӣ ступаҳои хеле майдаи пурнақшу нигори мураккабсохт ва дигар муҷассамаҳо ҳастанд. Дар роҳравҳои атрофи ступаи нимаи шимолии бино тоқҳое ҳастанд, ки дар дохили онҳо дар рӯи пояҳо муҷассамаҳои калони Будо (якуним баробари ҷуссаи одам) истодаанд.

Дар яке аз роҳравҳо дар рӯи пояи наздидеворӣ муҷассамаи азими Буддо хобидааст. Дар бораи ин муҷассама ҳаминро гуфтан кофист, ки дарозии кафи пои ӯ ба ду метр ва баландии худи ҳайкал ба дувоздаҳ метр мерасад. Ин муҷассамаҳои бузургтаринест, ки то ҳол дар ҳудуди СССР ёфт шудааст.

Ҳамаи муҷассамаҳо ва нақшаҳои барҷаста гилин буда, баъд ранг дода шудаанд. Дар вақти хароб гаштани дайр онҳо хеле зарар дидаанд, аз муҷассамаҳои бутун ҳамагӣ якчанд адад ёфт шуданд, вале шумораи сари муҷассамаҳо ва қисмҳои алоҳидаи онҳо ва ҳар хел нақшҳо ба панҷсад дона мерасад, ки маҷмӯи калонтарини ёдгориҳои санъати буддоӣ дар Осиёи Миёна аст.

Қисми асосии муҷассамаҳоро тасвири худоҳои дини буддоӣ ташкил медиҳад. Хонаҳо ба тасвироти сари одамон, нақши қатораҳои парандаҳо ва ҳайвонот ва нақшҳои геометрию рустанишакл оро ёфтаанд.

Яке аз сарҳои муҷассамаи Буддо, ки ҳаҷми он се бар чаҳор ҷуссаи одам мебошад, хеле ҷолиби диққат аст. Камони абрӯи ӯ дар ҷои қаншараки бинӣ ба ҳам пайваста, ба хатти бинӣ мегузарад. Бинии борики рост дорад. Чашмонаш дарозшакл, гавҳаракаш барҷаста, пилки андаке варамидаи болоияш чашмро нипӯш кардаанд. Лабонаш моил ба табассум. Манаҳи гӯштдори хурд дорад. Рӯяшро сафед ранг карданд, камонҳои абрӯяш сиёҳ, пилкҳои чашм нилобист. Лабонаш зард бошанд ҳам, бо хатти сиёҳ иҳота шудаанд. Мӯйҳои ҷингилааш низ нилобианд.

Тасвири сари дигари Буддо низ ба ҳамин тарз сохта шудааст, аммо шакли сар ва ороиши мӯй навъи дигари тасвири Буддоро намоиш медиҳад.

Манбаъ: Садои Шарқ соли 1967 №6

Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даварӣ.