Ба фонди Китобхонаи миллӣ боз як китоб зам шуд
“Архитектор Баҳром Юсупов” бо ҳамин унвон соли 2025 китобе рӯйи чоп омад, ки он ба 70 солагии Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Баҳром Назриевич бахшида шудааст. Чанде пештар муаллиф 5 нусха аз ин китоби хубро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард.
Муаллиф Баҳром Юсупов дар ин китоб дар бораи чанд насли худ ёдовар шуда, аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, сафарҳо, вохӯрию ҳамкориҳояш бо шахсиятҳои наҷиб маълумот додааст. Аз ҷумла худи муаллиф чунин мегӯяд: ”Дар бораи хотираҳои худ ва оилаам мақсади навиштани китобро надоштам, лекин ба ин кор мутолиаи як китоб водорам сохт…
Он вақт ман ба фикр фурӯ рафтам, ки ман аз чанд насли худ маълумот дорам… ва дар хиҷолат мондам, ки дар бораи падаркалону модаркалонам ва падару модари онҳо тамоман маълумоте надорам ва аз ин сабаб дар назди худ вазифа гузоштам, ки бояд ҳатман дар бораи оилаамон китобе нависам, то ки наслҳои ояндаам дар ин бора маълумоти пурра дошта бошанд.”
Китоб ба ғайр аз маълумоти тарҷумаҳолӣ ва хотироти ёддоштӣ бо аксҳои оилавӣ ғанӣ гардонида шудааст. Ҳамчунин хотироту ёддоштҳои дӯстону ҳамкасбони муаллиф низ оварда шудаанд, ки мутолиаашон хеле ҷолиб аст. Аз ҷумла Луиза Кокс– собиқ президенти Иттифоки байналхалқии меъморон (2008–2011) чунин мегӯяд: “Очень интересно для меня было видеть некоторые проекты Бахрома Юсупова, и его работу в Международной Ассоциации союзов как Президента этой организации,и видеть с каким уважением относятся к Бахрому его коллеги из стран СНГ.
Очень интересно было видеть, сколько его проектов, самых разнообразных вышли за пределы Таджикистана, оказывая влияние на большое количество людей.»
Ҳамчунин Гаэтан Сью–собиқ президенти Иттифоки байналхалқии меъморон (2005-2008) зимни сухан аз Баҳром Юсупов чунин мегӯяд: ”Я помню его отстаивание традиций, особенностой и развития на Зодчестве (архитектурном фестивале) в Москве 2007 году. Я помню его существенный вклад в Премию Леонардо в Минске, Белоруссия. Я помню его видение на встрече по Обзору и Стратегии в Таллине, Эстония, в 2010 году. В каждом его международном выступлении, он представал как лидер, отстаивающий не только национальную и региональную позицию в этой специальности, но и архитектуры, как части всемирной культуры.»
Воскресенский Игор Николаевич, Котиби Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шуравӣ, муовини президенти иттифоқи меъморони Россия, академики МААМ ва МААСВ, Бейшамбаев Муратбек – Раиси Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Қирғизистон, Минасян Мкртич Минасович – собиқ президенти Палатаи меъморони Арманистон, Гуламадов Амиршо, меъмор, аъзои Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, профессори МААМ, барандаи озмунҳои меъмории ҷумҳурӣ Қурбонов Олим Ҳакимович, меъмор, профессори МААМ, аъзои Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Корбут Александр Иосифович, собиқ президенти иттифоқи меъморони Белоруссия, роҳбари Маркази академии Белоруссия, собиқ президенти МААМ ва бисёри дигарон дар китоб хотироту андешаҳои худро иброз доштаанд.
Дар идомаи китоб қисмате бо унвони “Ҳафт дарси ҳаёт” мураттаб гаштааст, ки муаллиф дар он аз ҳафт рӯйдоде ҳикоят мекунад, ки барояш дарси ибрату омӯзиши ҳаёт буд. Ҳамчунин, дар идома муаллиф ба меъморони ҷавон муроҷиат намуда, андешаҳои хешро дар бораи санъати меъморӣ баён кардааст. “Гирифтани маълумоти олии меъморӣ маънои меъмор буданро надорад, шумо бояд бисёр эҷодкорона фаъолият намоед, омӯзед, ки ба таври беҳтарин кори худро намоиш диҳед ва ғояҳои худро пешниҳод кунед, самаранок бо миҷозон ва ҳамаи онҳое, ки дар лоиҳаи шумо иштирок хоҳанд кард, ҳамкорӣ намоед.”
Хоҳишмандон ҳоло имкон доранд китоби “Архитектор Баҳром Юсупов”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Махфират Муҳидинова,
бахши иттилоот ва
робита бо ҷомеа.