Ба истиқболи Рӯзи Фалак. Фалак – таҷассумгари фарҳанги миллӣ

falakСанъати мусиқии халқи тоҷик таърихи  бою рангин ва пурғановат дорад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ин жанри миллӣ рушд ёфта, 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳамасола 10 октябр ҳамчун рӯзи «Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин ҳамоиши фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу хоса таҷлил мегардад.

Фалак танҳо дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба рушду нумуи жанри мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Қаблан ин мусиқии мардумии тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид ва акнун он ҳифз ва таблиғ хоҳад шуд.

Маънои Фалак дар фарҳангномаҳо ба маънои гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт омадааст. Фалак жанри озод, маҷмуи суруд ва навои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бештар дар мавзеъҳои кӯҳистон хеле маълуму машҳур гаштааст. Таърихи пайдоиш ва таркиби фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ фалак ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад. Аслан ду намуди онро имрӯз мутахассисон маъмул мешуморанд. Ин фалаки роғӣ ва фалаки даштӣ аст. Фалаки роғи фалакест,  ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳои созӣ суруда мешавад.

Имрӯз навъҳои дигари фалак, ба монанди фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ, фалаки бадахшонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд. Аз рӯйи анъана фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии думбра, ғижак, най, сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Жанри мусиқии фалак на танҳо дар Тоҷикистон,  инчунин дар қисми шимолии Ҷумҳурии Афғонистон ва якчанд вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳуриҳои Покистону Ҳиндустон низ маъмул аст. Матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки бо заҳмату кӯшишҳои донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз давраҳои пеш то замони мо мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ ёфта,  машҳури ҷаҳон гардид. Аз ҷумлаи флаксароёни машҳур метавон аз  Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов  Соҳиба Давлатшоева ва дигарон ном бурд. Овози баланди  ғулғуладору  дилнишини ин фалаксароён шуҳрати фалаки тоҷикро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст. Мактаби ин устодон навовариҳои зиёде дар фарҳанги мусиқии миллии суннатии тоҷик оварда, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия карда, дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик нақши бориз гузошт.

Айни замон Фалакро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги тоҷикон меомўзанд, то идомадиҳандаи суннати неки ниёгон шаванд. Асрҳо макони фалакхонӣ туйю маъракаҳои мардумӣ буданд. Бо мурури замон рушди устувори иҷтимоии ҳунари фалакхонӣ бо ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд.

Дар асри ХХ онҳо бо ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Воқеан, ин ансамлҳои оилавӣ мактаби ҳунарии авлодӣ буданд. Зимни ин мактабҳо ҳунари фалакхонӣ аз авлод ба авлод ба мерос монда, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст. Жанри мусиқии фалак ҳеч гоҳ аз миёни мардум дур нашудааст. Бо гузашти ҳазорсолаҳо фалак боз ҳам бузургтар шудан гирифт, ки ин аз бузургии ин жанри суннатии мо дарак медиҳад. Аслан, фалакхонӣ ҳамчун ҳунари аҷдодӣ ба мардумӣ кўҳистон мансуб буда, яке аз шохаи устувори мусиқии касбӣ ба шумор меравад. Кишвари азизамон мавзеъҳои зиёде дорад, ки дар ҳар мавзеи он ба тарзи худашон Фалак мехонанд ва аз якдигар фарқ мекунанд. Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар  медонанд. Албатта, бештар мардуми кӯҳистон ҳар куҷое, ки мераванд, дуторашонро ҳамроҳ мебаранд. Тавассути хондани фалак кулли ғаму андуҳи худро аз дил мебароранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофу муаррифӣ намудани ин жанр Ансамбли давлатии «Фалак» фаъолият мекунад, ки соли 2003 таъсис дода шудааст.  Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи “Рӯзи Фалак”дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегардад, ки ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баргузор гардидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ ва истироҳату фароғат намудан мусоидат менамояд.

Муасиссаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, ки бунёдгузораш Асосҳузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, аз зумраи иншооти замони соҳибистиқлолӣ буда, роҳбарият ва кормандони ин муассиса пайваста кӯшиш менамоянд, ки намоишу чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд баргузор намоянд. Ин  Муассиса яке аз муҳимтарин муассисаҳо буда, дар ҷодаи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони  мамлакат нақши муассир дорад. Дар ин муассиса шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар амал мекунад, ки барои рўнамоии китоб ва баргузории нишастҳои фарҳангӣ вазифадор мебошад, ки “Рӯзи Фалак” аз зумраи онҳост. Чунин ҳамоишҳо дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллию ваҳдат ва ягонагӣ, огоҳӣ аз арзишҳои фарҳанги миллӣ, таърихи гузаштагони худ, бедор кардани ҳисси худшиноси онҳо нақши муҳим доранд.

Қурбонбӣ Салимова
Сардори  шу
ъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари
Китобхонаи миллӣ.