Ба Президент салом!

ПрезидентМеҳмонхонае, ки мезистем, дар ҷанубу шарқии Лаби Ҳавзи Девонбенгӣ, кўчаи Рўдакӣ 2 воқеъ буд. Ҳар субҳ, пешин ва бегоҳ ба воситаи тангкўчае аз паҳлуи масҷиди куҳна ва ҳавлии назарногире мегузаштем. Назди дарвозаи на чандон бузурги рангпарида зани солхўрдае ду даст дар ду бари гунаҳояш менишаст, ки пираҳани бухории фарсуда ва рўмоли ба усули қадима гиреҳзада дошт.

Бо салом гузаштам. Таманнояш ба гўшам расид: «Худоё хурсандиҳоро бинеду серию пуриро. Номи маргу мурдая нашнаветон!»

Хурсанд аз амали ночизи худ шудам. Ҳине, ки ба тамошои шаҳр мебаромадем, ў ҷояшро тағйир надода буд. Ба саломам посух гуфт ва бо алам идома дод: «Худоҷон ба хурсандиҳо расед. Қирони мошинҳо биёд. Ҷавонҳоя ба арусӣ расонад. Бачакотона тўю тамошоба насиб кунад.»

Албатта, ҳайрон нашудам. Чи кампирҳои кўҳиситон низ ҳини аз наздашон гузаштан ё вохўрӣ дуои нек медиҳанд. Дар дил ният кардам дар бозгашт бо ў ҳамсуҳбат хоҳам шуд. Вале шаб роҳамон тағйир ёфт ва дидор муяссар нагардид. Субҳ акнун равшанӣ бар болои манораҳои баланди Бухоро сикка мезад, ҷониби Лаби Ҳавз равон шудам. Кампир пушти дарвоза дар ҳамон ҳолати дирўза менишаст. Ин дафъа наздиктар шудаму пас аз салом аз тандурустиаш пурсидам.

Гиребон ғунча карду шукрона гуфт ва суханони ҳаррўзаро такрор. Ба сару рўям нигоҳ карду изҳори дарду алам намуд:

Худо бахтакои бачакота тияд. Мани бекас хоб надорам. Дилам дар ҳавлӣ танг мешавад, айбам намекардагистед

Чеҳраи пажмурда ва пурчинаш аз ғаму ғуссаи вазнинаш гувоҳ буд. Сарашро бардошта ба рўям нигарист ва пас аз фосилае туфони нолаву шеванаш ба осмон печид:

Ҳайфи набераи зебои ғўрамаргам. Домод мешавад, гуфта ҳавас мекардам. Гапзанону ноншиканон ҳам кардем. Арўсаш ноком шуд. Ҳайфи ҷавониш, умр надид. Ўро мошин зада кушт. Илоякам ягон мошин дар дунё намонад…

Ошуфта шудам, ки саҳари солеҳон ҳам табъи худро нохуш ва ҳам алами кампирро тоза кардам. Нола мекарду мегирист. Бо гўшаи рўймолаш сиришки ба ду бари рўяш хамидаро тоза карду узр хост…

Ҳини ба ҳавлӣ баргаштан аз соҳибхона, ки ҷавонзани гандумгун буд, аз қисмати рўйи раҳ пурсидам. Ба нақли ў: «Холабуча ғаму дарди набераи ягонаашро набардошт. Гоҳе бехуд мешавад. Вагарна муаллима буд ва хеле фаъол. Бачаҳоро аз забону адабиёти тоҷик дарс медод. Аз суҳбатҳояш баҳра мегирифтем». Аз рўйи гапи соҳибхона чанд сол пеш дар як муноқиша дар марз наберааш кушта шудааст. Вақте ҷасади пур аз хуну ҷароҳатро мебинад, мефиребандаш, ки мошин задааст. Аз ҳамин рў аз мошину роҳ қимоб аст.

Он рўз кўшидам, ки роҳамро тағйир диҳам. Вале барои гум накардани ҳавлӣ аз раъйам гаштам. Ҳанўз дар гардиши музеи санъати тасвирӣ чашмам ба кампир афтод, ки бо чашми чор менишаст. Сўзу сўхту нолаву шевани кампир ва суханонаш тағйир наёфта буданд. Ба қавли мардум қарта як сабт дошт.

Натавонистам бетафовут бошам. Аз аҳволаш пурсидам. Ва ҳам аз хешу табор. Гуфт, ки дилаш ҳиҷ чизро намебардорад. Аз кунҷковиам ором гирифт, ки пурсид:

Аз рангу рўй ва гапзанӣ бухороӣ набошӣ, даркор? Ва ҳам бисёрӣ аз мардуми маҳалла, барои рў ба рў нашудан бо ман роҳашонро дигар кардаанд. Гиряву нолаам дар дилашон задааст

Акнун бо бонуе суҳбат мекардам, ки комилан огоҳ буд. Аз рўзгори мардуми Тоҷикистон донистан мехост. Воқеаҳои пурдаҳшати солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир овард. Аз онҳое қисса кард, ки ба Бухоро фирорӣ шуда буданд. Ва аз заҳмати Роҳбари давлат.

– Роҳбаратон ҷавони зебо, баробари мардум азобу азият кашид. – Дар фикр монду ба ман муроҷиат кард, – номаш аз ёдам баромад, гўр ғаму дард шавад. Бале, Эмомалӣ Раҳмон. Аз дилу нияташ Худованд нигаҳбонаш шуд. Мо аз қисмати тоҷикон хун мехўрдем. Ҳар рўз аз куштору аз ҷанг хабар медоданд. Чи қадар мардум сарсону саргардон. Хаёл мекардем, ки мисли Афғонистон мешавад. Дар ҳама нишасту суҳбатҳо сухан аз ҳамзабонон буду аз тақдирашон. Мо ҳич гоҳ фаромўш намекардем. Роҳбаронамон ҳам дар ҷамъомадҳо аз аҳволи вазнини Тоҷикистон мисол меоварданд. Хайрият, ки ба оромиву осудагӣ расиданд.

Сарашро хам кард. Ашки чашмонаш ҷорӣ шуданд. Садояш тағйир хўрд:

– Худоҷон, маргу мурдаи ҷавононро нишон надиҳад. Чи қадар модарон он замон ҳоли маро доштанд. Агар набераҷонам зинда мебуд фарзандонаш калон мешуданд, гирду пешам чарх мезаданд. Ман бекасу бесоҳиб бесаробон намемондам. Ва ҳаққу ҳамсояҳо ҳукми девонагиамро намехонаднд. Тифлакон, ки зиндагии ман буданд, девона пиндошта, мегурезанд. Дар буттае, ки оташ афтодааст, ҳолаташро худаш медонад…

Дилбардориаш кардам, ҳарчанд медонистам, ки бефоида аст. Хеле хомўш монд. Тамоми неруяшро мушт карду дастонашро сари зонуяш ниҳода бархосту даст ба дуо бардошт:

Худовандо, аз балои охирзамон ҳамаро нигаҳбон бошад. Падару модаронро аз доғи фарзанд эмин бидорад. Номи маргу мурда гум шавад. Парвардигор роҳбаронро аз чашми бад ва ҳасади нокасон эмин бидорад. Ҷавонон арўсию домодӣ ва хушу хурсандиҳоро бинанд. – Ва содагиаш боло гирифт, ки тарафам рў гардонда, хоҳиш кард:

-Ба Эмомалӣ Раҳмон салому дуои маро расонед.

Пазируфтам, вале худ ба умқи суханонаш расид, ки афзуд:

Медонам, ки паёми маро расонда наметавонед, вале хурду бузурги тоҷикро вохўрдед, аз номи Маҳрамбону, хубаш девонаи дилсўхтаи Маҳрам салому паём бигўед, Худо худаш савобашро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонад.

Бо узру миннатдорӣ аз назди бонуи озурдадил дур шудам ва гардишро нагашта будам, ки шеван ва дуои  Бибимаҳрами дилсўхта баланд шуд:

Худоё ғаму дард ва номи маргу мурда дар дунё намонад. Бачаяко домод шаванду духтарон арўс. Бахтакошона диҳад…

Ман хомўшу дилхун, бо «омин» даст ба рўй кашидам.

Манбаъ: “Бонувони Тоҷикистон”
чеҳраҳо, истиқлолият, Душанбе, 2023

Муаллиф: Ҷонибек Асрориён,

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ