Ба шоирҳо дили ман нест хобгоҳ…

Табиби ҳозиқ, бунёдгузори осорхонаи «Зумрад»-и шаҳри Исфара марди фарҳангӣ буд. Мавсуф дар баробари табобати беморон ҳамеша ҳамдилу ҳамнафаси аҳли адабу фарҳанг буд. Дар ин ҷо ёдовар шудани пазироии шоирони барўманди тоҷик устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода аз ҷониби табиби зиндаёд Мирзо Олимов бамаврид аст.

Соли 1976 устодони шодравон Боқӣ Раҳимзода ва Мирзо Турсунзода ба Исфара ташриф меоранд. Табиб Олимӣ ба ҳамшираи тиб шоирони халқиро хубтар муаррифӣ мекунад: яъне онҳо одамони зиндадилу шўхтабиатанд, мефаҳмонад, Олимӣ ҳангоми сўҳбат суханони ҳазломези намакин мегўянд…

Ҳамшираи тиб низ аз занони зиндадили Исфара будааст, ки ҳангоми сўҳбат бо аскиягўӣ дили шоиронро тасхир месозад. Устод Боқӣ аз ҳозирҷавобии зани ҳалиму меҳрубон сахт ба ваҷд омада, якбора беихтиёр аз рухсораи ҳамшира мебўсад. Мирзо бошад, бешак мафтуни ҳамшира шуда мегўяд:

Азизи ман, маро дар қалб ҷо кун,

Ба чашмам ҷо шаву дардам даво кун.

Устод Боқӣ низ бо шўхии ба худ хос мегўяд:

Ту гаштӣ дар дилам тобон чу қандил,

Маро ҳам ҷо бикун дар хонаи дил.

Ҳамшираи хушадои тиб мегўяд:

Ба як дил ман ду касро чун диҳам роҳ,

Ба шоирҳо дили ман нест хобгоҳ.

Ҳамин зарофату ҳозирҷавобии ҳамшираи тиб устодони суханро ба ҳаяҷон меорад ва эшон то охири умри хеш ин қиссаро нақл менамуданд.

Ва ё табиб Олимӣ боре устод Боқиро ба ноҳияи тоҷикнишини кишвари ҳамсоя Риштон даъват мекунад. Аз рўи барнома дар корхонаи кулолӣ вохўрии адиб баргузор мегардад.

– Ин кас Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, – муаррифӣ менамояд Олимӣ.

Духтарони гурўҳи кулол бо шунидани номи шоир аз дастгоҳҳо сар бардошта, дарҳол атрофашонро ҳалқапеч месозанд.

Шоир аз дидани зебоофарии кулолдухтарон илҳом гирифта, бадеҳатан мегўянд:

Азроили ман агар ҳамегирӣ ҷон,

Ҷони мани шоира ситон дар Риштон.

Ман хок шавам, ин духтарон лой кунанд,

Дар дасти занон дамад ба хоки ман ҷон.

 Устод чанд шеъри ба тозагӣ эҷоднамудаашонро қироат карда, вақти хайрухуш боз ҳазломез мегўянд:

Эй кошки худи ҳозир ман мураму ҳамин ҷо хок шавам ва аз хокам Шумо занони саодатманди давр гултабақе ё кўзае созед. Илоҳӣ, ҳама чиз созеду фақат ностуфкунак насозед…

 Аз китоби Бобоҷон Икромов«Аз Турсунзода то Бондарчук».