Бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо

Бахши  таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо аз 03.02.2011 сол №2 тасдиқ шудааст.  Бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо яке аз бахшҳои таркибии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии бахш қонеъ гардонидани талаботҳои шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо  мебошад.

Вазифаҳои асосии бахш:

– талаботҳои шуъбаҳои китобхона ва дигар муш­та­риёнро масоили кор­ҳои таъмиру тармими фондҳои фарсудаю дарида қонеъ гардонанд;

– ба шуъбаҳои китобхонаю ки­тобхонаҳои ҷумҳурӣ масоили таъми­ру тармими фондҳои кито­бӣ ёрии амалию методӣ расонанд;

– корҳои таъмиру тармимии мар­казҳои ҷумҳуриявии мам­­лакатро ҳам­оҳанг созанд;

– таҷрибаи пешқадами соҳаро омӯзанд ва онро дар фаъолияти кории шӯъба ҷорӣ намоянд.

– баландбардории дараҷаи дониши касбии кормандони бахшро ба роҳ монанд;

– дар семинару конфронсҳои китобдорону ноширон ва дигар масоили соҳа баромад кунанд.

Фаъолияти кори дохили бахш аз чунин корҳо иборат мебошад:

Вазифаи асосии бахш қонеъ гардонидани талаботҳои шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба таъмиру тармими фондҳои китобии шуъбаҳо ва бахшҳо  мебошад.

 

Реҷаи кории бахш:                                           аз соати 800 то 1700

Рӯзҳои корӣ:                                                      душанбе – ҷумъа

Мудири бахш:                                                   Эмомова Зумратбӣ Раҳмоновна

Телефон:                                                            221-01-62