Бахшида ба 105-солагии Борис Кимёгаров. Елизавета Кимёгарова: “Ӯ ба “Шоҳнома” умри дубора бахшид”
Гӯё дирӯзакак буд, ки ӯро дар кӯчаҳои Душанбе, Хонаи кино дар сари кор ва ҳалқаи ҳамкорону ҳунармандони кинову театр медидам. Баъзан фурсат ёфта, аз ҷаҳоннамо сухан мекард, мақолаҳо менавишт, ба театр рафта, спектакль медид, китоб мехонд, китобхонаи ғанӣ дошт. Бо кор зинда буд ва то лаҳзаҳои вопасини умр андешаи офаридани филмҳои навро мекард. Дареғо, ки ёздаҳ сол муқаддам миқрози аҷал риштаи умрашро барканд, вагарна имрӯз ҳафтодсолагии зодрӯзашро ҷашн мегирифт.
Ҳайфо, ки имрӯз дар толори хонаи кино ҷояш холӣ монд, вале чунин мардони бузург дар дилу дидаҳои мардум зиндаанд ва дар шаби ёдбуд ҳамкасбон, ёру дӯстон, меҳмонон аз шаҳрҳои гуногун номи ӯро ба некӣ ёд намуданд. Раиси правленияи Иттифоқи кинематографистони ИҶШС А.Худоназаров, Артисти Халқии ҶШС Тоҷикистон А.Раҳимов, актёри машҳур Бимбулат Ватаев, Артистони Халқии Тоҷикистон Т. Собиров, Ш.Қиёмов рӯзноманигор ва кинодраматург Л. Маҳкамов, Артисткаи шоистаи РСФСР Т.Кокова (офарандаи нақши қаҳрамони асосии филми “Зумрад”), Артисткаи шоистаи Тоҷикистон Г.Абдуллоева ва боз чандин нафар бо муҳаббат исми неки Борис Кимёгаровро (мувофиқи ҳуҷҷат Бенсион) ба забон гирифта, лаҳзаҳои нотакрори рӯзгори ин фидоии санъатро ба хотир оварданд. Дар шаби ёдбуд котиби КМ ҲК Тоҷикистон Ш. Д. Шабдолов сухан карда, хизмати барҷастаи Борис Кимёгаровро дар рушди санъати кинои тоҷик қайд намуд. Бо шарафи 70- солагии зодрӯзи Борис Кимёгаров дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон лавҳаи ёдгорӣ монданд.
Дар арафаи шаби ёдбуд хабарнигори “Тоҷикистони советӣ” бо духтари шодравон, Борис Кимёгаров таҳиягари кино Елизавета Кимёгарова сӯҳбат кард.
– Мӯҳтарам Елизавета Бенсионовна, падаратон ҳамагӣ панҷоҳу ҳашт сол зист, аммо дар умри кӯтоҳаш ба халқи тоҷик хидмати бузург кард, ки мо аз он сипосгузорем. Агар Бенсион Армевич бар ҳаёт мебуд, то имрӯз боз кадом корҳоро ба анҷом мерасонд?
– Бале падари шодравонам умри дароз надид, лекин филмҳои офаридааш ба ӯ умри ҷовид бахшиданд. Шиори рӯзгораш хидмат кардан ба мардум буд ва дар кӯи мурод талош мекард, ҷон мекоҳонд бо вуҷуди он, ки зиндагии ноором дошту аз ноҳақиҳо раҳо намеёфт. Филми “Дохунда”-ро таҳия намуда, “Қисмати шоир”-ро офарид, ки онҳо аз филмҳои беҳтарини “Тоҷикфилм”- анд. “Қисмати шоир” дар Қоҳира “Уқоби тилло” гирифта, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд ва бо гузашти айём баҳои он гаронтар гардида, кас аз тамошояш сер намешавад. “Қисмати шоир”-е, ки ба бинандагон Муҳаммадҷон Қосимов, Зоҳир Дустматов, Ҳоҷиқӯл Раҳматуллоев, Ғозӣ Ниёзов, София Туйбоева барин ахтарони санъати тоҷикро муаррифӣ намуд, актёрони ҷавони умедбахш Дилбар Қосимова ва Марат Орифовро машҳур гардонд. Ба “Ҳасани аробакаш ” умри дубора бахшид. “Бо амри дил”– ро таҳия кард. Падарам дар ин “умри кӯтоҳ”тавонист, ки филмҳои “Коваи оҳангар”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Сиёвуш”-ро ба мардум ёдгор бимонад. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, филми “Фирдавсӣ”- ро ба тамошобинон ҳадя менамуд. Мо қаҳрамонони “Шоҳнома”- ро боз дар филмҳои нави Бенсион Ариевич медидем. Афсӯс, ки умр вафо накард
– Ба андешаатон, барои чӣ бештар ба “Шоҳнома” “муроҷиат” менамуд?
– Он вақт дар мавзӯи муосир офаридани филми ҳақиқатнигорона мушкил буд. Масалан, падар дар филми “Як умр кам аст” меҳнат, рӯзгори вазнини пахтакорони тоҷик, мусибати онҳоро тасвир кунад, вале лаҳзаҳои дарднокашро буридаанд. Маҷбур шуд, ки дар мавзӯи таърихӣ филмҳо таҳия намуда, камбудиҳои зиндагии имрӯзаро нишон диҳад. Фикрҳояшро бо достонҳои “Шоҳнома” ба бинандагон баён намуд. “Шоҳнома” барои эҷодкор мавзӯи абадӣ аст, ба дардҳое, ки Абулқосим Фирдавсӣ ҳазор сол муқаддам даво меҷуст, ҳозир ҳам дармон намеёбанд. Магар ришвахӯрӣ, фисқу фасод, фоҳишагарӣ, ҷоҳилӣ, коҳилӣ, мансабталошӣ, дурӯягиву найрангбозӣ, макр аз миён рафтаанд ва одамон аз ноосудагии сайёра ба изтироб намеоянд?
Падар шефтаи “Шоҳнома” буд, онро такрор ба такрор мехонд, ба ин уқёнуси панду ҳикмат чуқуртар медаромад ва аз қаъри он дурри хирад мегирифт.
– Дар филмҳои ин силсила нақши Рустами Достонро ҳунарманди осетин Бимбулат Ватаев иҷро намуд, образи Сиёвушро Фарҳод Юсуфови озар офарид, образи Таҳминаро бошад, Светлана Норбоеваи тошкандӣ. Оё ягон актёри тоҷик аз ӯҳдаи бозидани роли Рустам ё Сиёвуш баромада наметавонист?
– Бенсион Ариевич қабл аз банаворгирӣ даҳҳо актёронро ба киносанҷиш даъват кард. Барои иҷроиши нақши Рустам Гурминҷ Завқибековро ҳам пешниҳод намуда буданд ва роҳбаре маҷбур кардан мехост, ки ин ролро ҳатман вай бозад. Ман ба бузургии акаи Гурминҷ қоилам. Ӯ пас аз тамошои киносанҷиш рӯйирост гуфт, ки Бимбулат Ватаев барои роли Рустам хеле мувофиқ аст ва аз иҷрои ин нақш даст кашид, ба он роҳбар ҳам фаҳмонд, ки худро фиреб додан намехоҳад. Бимбулат Ватаев образи Рустамро хеле хуб офарид ва аз ҳунармандони бегона мо бурд кардем. Барои роли Сиёвуш бошад, ҷавони зебо лозим буд ва падарам дар интихоби Фарҳод Юсуфови озар саҳв накард.
-Падаратон аз кадом дарди ҷомеъа бештар ғам мехӯрд?
-Аз он, ки чаро одамон якдигарро дӯст намедоранд. Ба вай миллат фарқ надошт, танҳо одамонро ба хубу бад тақсим мекард. Некҳо лутф мекарданду бадон ғайбаташро, аммо аз одамизод некӣ мемонад
Суҳбати шодравон Мақсуд Ҳусейн. “Тоҷикистон советӣ”, 19 октябри соли 1990.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.