Оё оила ҳам метавонад сирре дошта бошад?

Ҳар як давлат бузург аст ё кўчак сирри худро дорад. Сирри давлатӣ пурқиммат ва бебаҳост. Давлате, ки сирраш маҳфуз аст, пурқувват ва устувор буда, сирфошшуда заиф ва зудшикаст аст. Ҳар давлат баҳри ҳифзи сирри худ қувва, пул, вақт ва ҳатто ҷони шахрвандони худро дареғ намедорад. Идораҳои махсус созмон дода, аз тамоми техника ва комёбиҳои илми ҳозира истифода мебарад.

Дар навбати худ барои бартарӣ пайдо намудан аз рақибони худ ва ошкор намудани сирри онҳо кўшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Давлати сирри рақибашро бадастоварда, хоҳ сиёсӣ аст ё иқтисодӣ, ҳарбӣ аст ё илмӣ метавонад бо қувваи ночизе низоми кори он давлатро носоз гардонад ё кашфиёташро азхуд намуда, фоидаи зиёде ба даст оварад ва бо ин роҳ шикасти сиёсӣ ва ҳам иқтисодии назаррас расонад.

Ҳар оила давлати хурдакакеро мемонад. Аз ин ҷост, ки оила низ сирри худро дорад.

ОИЛА ЧӢ АСРОР ДОШТА МЕТАВОНАД?

Асрори оила низ мисли сирри давлатӣ мафҳуми васеъ буда, соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идиологӣ ва иҷтимоии ҳаёти оиларо дар бар мегирад.

Албатта, онҳо нисбати соҳаҳои ҳамноми давлатӣ дар муқоиса кўчаканд ва онҳоро метавонистем вақти навиштан дохили нохунак гирем, аммо раво надидем, чунки натиҷаҳои сирри фошшуда баробарвазнанд. Дар ҳарду маврид шикаст ба аъзоёни ҷамъият, яъне аъзоёни оила мерасад ва фақат дар ҳаҷм фарқият мемонаду бас.

Аз давраҳои пеш то имрўз муносибати байни арўсусу домод ва волидони онҳо диққатҷалбкунанда буданд ва дар аксари ҳол, хусусан байни келину модари ҷавон он қадар дилхоҳ нестанд. Ин асос дорад. Зан-модар дар оила, хусусан дар ҷамъияти мо, роҳбар ва танзтимгари хоҷагии оилавиву муносибатҳои аъзоёни он, ҷорикунанда ва нигоҳдорандаи тартиботи аз тарафи сардори оила муқарраршуда, муҳофизи асрори оила ва аъзоёни он аст. Ин масъулият нақши ўро назди оила тақдирсоз сохтааст. Ҳамин сабаб аст, ки муносибати ў ба аъзои нави оила, чун муносибати сохторҳои махсуси давлатӣ нисбати шахси аз хориҷ омада, сараввал эҳтиёткорона, то дараҷае нобоварона ва ҳатто андаке сарду рақибона аст. Ўро  хавфи вайроншавии тартибу низоми оилавӣ, муносибатҳои аъзоёни он аз як тараф ва эҳтимоли берунравии махфиёти оила, аз тарафи дигар ба ташвиш меоранд. Агар шахси ба оила шомилшуда инро дарк намуда, бо амалу рафтори худ исбот кунад, ки ў шахси вайронкунандаи тартиботи оилавӣ ва сирфошкунанда набуда, чун дигар аъзоёни солими оила баҳри пешравӣ ва болоравии эътибори он кўшиш хоҳад кард, муносибати соҳибхона ва аъзоёни оила бо ў, дар муддати на он қадар тулонӣ, мўътадил мегардад ва ў дар қатори аъзоён ҷой мегирад.

Ҳамин тавр ҳамаи махфиёти оила, ки дар натиҷаи фош шудани онҳо эътибори оила паст рафта, обрў ва пешрафти аъзоёни онро халалдор месозанд сирри оиларо ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла беморӣ ё нуқсонҳои аъзоён, дилхоҳ набудани муносибатҳо, шароитҳои иқтисодии оила ва ғайра.

Нигоҳ доштани сирри оила вазифаи муқаддаси ҳар як аъзо, аз ҷумла аъзои нав аст. Шахс, ки аъзои оила гардид, бояд донад акнун обрўю эътибори ў ва аъзоёни оила дар ҷамъият ва эътибори оила бармеояд. Сирфошкунанда шахси камақлеро мемонад, ки болои шохи дарахт истода танаро арра мезанад.

Сирри фошшуда шояд барои шахсони аз оила берун хавфе ё нафъе надошта бошад, аммо дар мавриде муқобили шахс ва оила истифода шуданаш мумкин аст. Барои ҳамин сирфошкунанда, яъне хоин дар ягон ҷамъият ва муносибате ҷуз нафрат сазовор нашудааст, ҳатто назди ҷамъияте ҳам, ки баҳри навъи он хиёнат бар Ватани худ кардааст. Зиёда аз ин дар қонунҳои ҷиноии ҳамаи давлатҳои ҷаҳон барои хоинон ҷазои олитарин  раво дониста шудааст.

Агар пурсон шавед, ки давлатҳо бо иҷозати ҷамъиятҳои худ барои фош нашудани сирри худ ва воқиф гаштан аз асрори рақибон чунин чораҷўиҳову харҷи зиёди моддиву инсониро раво бинанд, пас эминии сирри оила аз шахс чӣ амалҳо мехоҳад?

Дар ҷавоб гуфтанием, ки ҲЕҶ АМАЛЕ! Агар мову шумо раҳми забону ҷони худро карда, умри кўтоҳи худро беҳуда дар «маърўзаҳо» назди шиносу ношинос оид ба тартиботи «бади» оилаи нав ва аъзоёни он сарф нанамоем, ба оилаи пешин хабарҳои «наву тоза» бурда, ба худсафедкуниҳо машғул нашавем, сирри оила берун намеравад.

Баъзе шахсон гар нисбати шахси дигар бартарӣ пайдо кардан хоҳанд роҳи ба сирри шахс соҳиб гаштанро меҷўянд. Ин дар амали баъзе аъзоёни оилаи қаблии Шумо низ ба чашм расиданаш мумкин аст. Барои ҳамин ҳушёр ва зирак бояд буд. Сирри худ ва оиларо нигоҳ доред! Агар шахси бегона худро ба шумо «дўст» нишон дода, оид ба оила суханчинӣ кунад, вай душмани шумо ва оила аст !

Шахси сирфошгў дер ё зуд, ҳатто аз ҷониби волидони худ, ошкор хоҳад гашт. Охир сухани беисбот вазн надорад ва нотиқ ба манбаи маълумот, яъне фошгў ишорат хоҳад кард. Агар ин ҳол рўх диҳад бидонед, ки вақти тулонӣ ва кўшиши зиёде мебояд, то муносибати шахс бо аъзоёни оилаи нав мисли пештара дилгармона ва боварибахш гардад. Аксаран ин ҳосил ба даст намеояд ва муносибати бад ва ҳатто нафратомез байни ўву як ё якчанд аъзоёни оила боқӣ хоҳанд монд.

Дар хулоса такроран гуфтанием, ки сир бебаҳост ва онро аз фошшавӣ чун гавҳараки чашм эмин бояд дошт. Сирри фошшуда ба заифӣ ва шикастҳо оварда мерасонад. Сирнигаҳдор назди дўстон ва ҳам рақибон бартарият дорад. Сирфошкунанда хоин аст. Хоинро ягон ҷамъият эътироф намекунад. Дар ҳамин давлатҳо барои онҳо ҷазоҳои олитарин раво дониста шудаанд.

Аз китоби Ҳ.Л. Раҳимзод “Асосҳои оила ва оиладорӣ”. Душанбе, соли 2005.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Баргигул Наботова, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.