Бахтиёр Қаҳҳоров: Рассомӣ аввалан шавқу завқ мехоҳад, баъд кӯшишу талош
Рассоми шинохта, дорандаи ҷоизаи байналмилалии “Кодак”, продюссер, коргардон ва аниматор Бахтиё р Қаҳҳоров имрӯз ба шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ташриф оварда , бо рассомони хурдсол ва хонандагони фаъол вохӯри баргузор намуд. Аз аввалин қадамҳо ба рассоми ва шавқу завқ ба китобхонӣ бо кӯдакон суҳбат доир намуда таъкид кард, ки асоси мувафақият дар дилхоҳ касб завқи баланд доштан аст.
Дар маҳфили навбатии “Суҳбат бо адиб” бо наққоши шинохта Бахтиёр Қаҳҳоров хонандагони мактаби рассомӣ ва хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ширкат намуданд. Азизи Азиз адиби шинохта маҳфилро оғоз намуда, аз маҳорати болои рассомии меҳмони навбатии маҳфил ба хонандагон ҳарф зад.
Рассом бо хонандагон аз замони навраси ва рӯ овардан ба рассомӣ суҳбат карда, ба суолу пешниҳодҳои онҳо посух гуфт. Иштирокдорони маҳфил хонандагони мактаби рассомии шаҳри Душанбе тасвирҳои кашидаи худро ба рассом нишон дода, назару андеша ва тавсияҳои эшонро гирифтанд. Бахтиёр Қаҳҳоров мегӯяд, асоси ҳамаи ин мувафақиятҳо дар шавқу ҳавас доштанам нисбат ба наққошӣ ва тасвири қаҳрамонҳои филмҳои тасвирист. Агар воқеан мехоҳед дар коре пешрафт кунед, аввал онро бояд дӯст доред, ин барои расидан ба мақсадҳои шумо бисёр зарур аст.
Дар қисмати дигари маҳфил рассом ба хонандагон аз нозукиҳои тасвир дар коғаз сухан гуфта, ба онҳо чанде аз намунаҳоро дар тахта нишон дод.
Бояд гуфт, ки фаъолияти рассомии Бахтиёр Қаҳҳоров бисёр тӯлонӣ ва пурсамар аст, ки 1986-1990 рассом аниматори гурӯҳи мултифилмҳо, киностудияи “Тоҷикфилм” кор кардааст.
Солҳои 1992-1997 коргардони филмҳои тасвирии киностудияи “Тоҷикфилм”, аниматсияи филми “Аждаҳо” ширкати тавлидкунандаи филми “Фонус”, солҳои 1997-2000 дар таҳияи клипҳои мусиқӣ дар ИМА, Ню-Йорк, студияи бо забони Ҳиндӣ ва дар ширкати синамо кор кардааст.
Солҳои 2000-2011 дар таҳияи филмҳои тасвирӣ дар Тоҷикистон ширкат дошт. Бештар аз 50-видеоӣ аниматсионии иҷтимоӣ, таълимӣ, тиҷоратӣ ва ғайраро таҳияи кардааст.
Маҳфил бо намоиш додани чанде аз филмҳои тасвирие, ки рассом таҳия ва пешниҳод намудааст, ба анҷом расид.
Бояд қайд намоем, ки маҳфил дар ҳамкори бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия шуда, рӯзҳои наздик пешкаши бинандагон мегардад.
Наргис НАЗАРЗОДА