Бахтовар Шамсов: “Таҳлили дискурси компютерӣ ва вижагиҳои забонии он”

Дар ин китоб, ки соли 2024 чоп шудааст, бори аввал дар забоншиносии тоҷик дар бораи як зуҳури нави илми замони муосир, яъне дискурси компютерӣ сухан меравад. Ҳамчунин, перомуни заминаҳои пайдоиш ва рушди минбаъдаи дискурси компютерӣ ва таъсири он ба забон ва тафаккури истифодабарандагони технологияи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо аз ҷониби муаллиф оварда шудааст.

Китоб доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Нуқтаҳои муҳимме, ки дар монографияи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд:

  1. Муоширати шабакавии компютерӣ дар фазои воқеии мухобирот ва фазои маҷозии интирнет тавассути воситаҳои техникӣ сурат мегирад ва тавассути фаъоляти нутқи тарафҳои муошират вижагиҳои махсус пайдо мекунад. Ин фазо ҳамчун соҳаи махсуси амалкарди дискурси компютерӣ дорои хусусиятҳои ҷудогонаи иҷтимоию фарҳангӣ буда, аз лиҳози ҷуғрофию маъмурӣ беҳудуд муаррифӣ карда мешавад;
  2. Муоширати компютерӣ дар фазои муайян, дар шабакаҳои умумиҷаҳонӣ, дар шабакаи интернетӣ ҳамчун сигнали махсуси забониву мухобирот хидмат мекунад;
  3. Вижагоҳои забонии дискурси компютерӣ як навьи махсуси муоширати компютерӣ буда, тавассути шабакаҳои интернетӣ гуфтугўйи ду шахс ва муоширати муназзаму пайдарҳами онҳоро ташкил медиҳад;
  4. Дискурси компютерӣ ҳамчун низоми махсуси нутқ ва муошират фаҳмида мешавад, ки ба аломатҳои умумидискурсии худ аз дигар намудҳои муошират фарқ карда, ҳаракати пайвастаи босурьат ва тағйирпазир дорад;
  5. Дар асоси ҳамин гуна таснифи вижагиҳои дискурси компютерӣ мафҳумҳои дигаре, ки мутаносибан ба ҳамин навь истифодаи сигнали махсуси мухобирот, яъне муоширати электронӣ марбутанд, дида мешавад;
  6. Дар робита ба масъалаи бозии видеоӣ ҳамчун маҳсули технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки дар баробари рушди саноати бозиҳои видеоӣ, дар технологияи компютерӣ низ муодилаи гуногуни он ба шакли махсуси дискурсивӣ муаррифь мешавад;
  7. Таҳлилу баррасии матнҳои махсуси дискурси компютерӣ чунин қонунияти ҷолиберо нишон медиҳад, ки дараҷаи истифодаи дискурси компютерӣ дар онҳо бевосита аз сатҳи технологияи иттилоотӣ ва компютеркунонии кишвар ба ҷомеа робитаи ногустанӣ дорад.

Монография аз муқаддима, се боб, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат буда, дар 162 саҳифа чопи компютерӣ таҳия шуда, дар доираи як кори таҳқиқотӣ барои ҷустуҷўҳои нав ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимӣ дар самту риштаҳои дахлдор метавонад истифода гардад.

Таҳминаи Маҷид,
м
утахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории китоб.