Байту рубоиҳои мардумӣ
Ширинанду хонданӣ байту рубоиҳои халқӣ. Ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дар қолаби гуфтугӯи мардумӣ. Муколамаҳои дилнишин, баҳсҳои ҷолиб, шикваҳои шуниданиву дӯстдоштанӣ…
Аз ин ба баъд кӯшиш мекунем аз ин шириниҳо бо ҳам бичашем ва намунае ҳоло аз байту рубоиёти Яғноб меорем. Яънобе, ки дар қалби кӯҳҳои сар ба афлоккашида, дар як дарае зебонманзар ҷойгир аст. Яғнобе, ки бӯи Суғди Бостон мекунад.
Ин духтара бин хишова мерад ба замин,
Ман мемураме ба қадду болои ҳамин.
**** ***** *****
Борони баҳор мекунад ҷомара тар,
Ку ёри вафодор ки бикшояд дар.
**** ***** *****
Ин ёри худам такя ба устал дорад
Ду қоши сиёҳ сурати дафтар дорад.
**** ***** *****
Моҳтобшаб аст, медароям Яғноб,
Ҳусни руйи духтарош беҳ аз моҳтоб.
**** ***** *****
Марғнова кабуд, алафи Марғнова кабуд,
Ошуқ шудаме ба духтари куртакабуд.
**** ***** *****
Кабкак сари кӯҳ ноладу ман дар бӯстон,
Тоқа саркам ҷудо шудам аз дӯстон.
**** ***** *****
Эй зоғи сиёҳ, ту меравӣ гӯшот кар,
Пайғоми маро ба ёри раҳдурам бар.
**** ***** *****
Молома фурӯхта метиям додота,
Истода тамошо мекунам кошота.
**** ***** *****
Чашмак задиям ба гӯшаи бом оӣ,
Сад ҳила кунам, то ту дари дом оӣ.
**** ***** *****
Имрӯз дилам намекушояд бе ту,
Сад қанд хурам, заҳр намояд бе ту.
**** ***** *****
Дар сараки санг шишта кабки ярадор,
Ман омадаям сараката аз хона бурор.
**** ***** *****
Ин беди баланд ҳардумо даргузарем,
Эй ёри азиз, лоиқи ҳамдигарем.
**** ***** *****
Қадди ту ниҳоласту ниҳоласту ниҳол,
Рӯят ба мисоли шабнами абри баҳор.
**** ***** *****
Дастамба каланду ман замин мекобам
Бахти аввалима аз куҷо меёбам?
**** ***** *****
Эй бачаи тоқисурхи тоқилола
Аз як нигаҳат ҷигарма кардӣ пора.
**** ***** *****
Шамолаки бебода биёрад бӯта,
Ман бӯта чи кор кунам, надидам рӯта.
**** ***** *****
Ёрам, ёрам, дар ғами ту беморам,
Чун кабки рамидаи сари деворам.
**** ***** *****
Ин яхба намебуром, ки ях ғеҷон аст,
Румоли миёни ёрам аз марҷон аст.
**** ***** *****
Долони баланд, соҳиби долонаш ку?
Як хона пури ятим, сарбонаш ку?
**** ***** *****
Аз теғи Яғноб, ки сар кард ёрам,
Як дасти гули сафед бар кард ёрам.
**** ***** *****
Як даста гули сафед дар навдаи бед,
Раҳ рафтани ҷононаву ларзидани бед.
**** ***** *****
Дар сараки деволи ту гул коштам ёр
Гулма бурдӣ, бунафшаи тоза биёр
Пеши назарам ёр гирифтӣ ба канор,
Ман ёр гирам, ҷӯра, ту ҳам тоқат ор.
**** ***** *****
Ин хӯрҷини ироқиро тораш моем,
Ин бачаи бологира ёраш моем,
Ёраш моем, навда ниҳолаш моем,
Рӯзҳо ба хиёл шаб ба канораш моем.
**** ***** *****
Эй кӯтали дамгирак, ту дамакма бигир,
Эй бачаи амакӣ ту дастакма бигир,
Эй бачаи амакӣ ту хеши падарӣ,
Чил хӯшаи марвориду банди ҷигарӣ.
**** ***** *****
Ду апаву як хоҳари ҷонӣ будем,
Чун боду ҳавои зиндагонӣ будем.
Мо гуфта будем ҷона ба ҷон мемонем,
Кай медонем миёни роҳ мемонем.
**** ***** *****
Бодрӯваи ағба, гар бихезӣ чӣ шавад,
Эй апаи ҷон оӣ ба тезӣ чи шавад.
Аз омадани ту хонаҳо пур шаванд,
Дӯстон сафу ҷамъу душманон кӯр шаванд.
**** ***** *****
Аз хона буромадам, вои ҳолам,
Эй вои шикастаи абгорам.
Аз хона буромадам мани н-осуда,
Эй кош нахӯрдаме ғами беҳуда.
**** ***** *****
Сар то сари девор анорай, ҷӯра,
Карашма накун, ки дил кашолай ҷӯра,
Карашма накун, болини сармонӣ нест,
Ошуқ шудаӣ ҷои пушаймонӣ нест.
**** ***** *****
Сар то сари ин девора даст мекардам,
Аз сӯхтани дил девола паст мекардам.
Аз сӯхтани дил девола паст карда нашуд,
Ин ошуқи дурӯзая бас карда нашуд.
**** ***** *****
Духтар ба диёри мову оча ба ҳисор,
Оча гули санҷитаю духтар гули нор.
Мардум меган хешу таборо бисёр,
Сад хешу табора мекунам садқаи ёр.
**** ***** *****
Эй кош, намешуд хонаят дар гузарам
Эй кош, намедидам, намесӯхт ҷигарам,
Ҳар бор зи сӯи хонаят мегузарам,
Оби дида мерезаду хуни ҷигарам.
Бознашр аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1966, №5
Таҳияи Шукрона Шерзода,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ