Барги сабз аз марҳум Бурҳон Ғанӣ: “Дӯстон зинда бошанд!”

Дӯстон зинда бошандБурҳон Ғанӣ яке аз адибоне буд, ки ҳаёту эҷодиёти худро сарфу нисори ҳаҷв карда.  Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ–пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тақдири худро бо маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” пайваста буд. Солҳои шастуми қарни бистум ба кори эҷодӣ шуруъ карда, аввалин намунаҳои эҷодиёташ ҳамин солҳо рӯи чопро дидаанд. Дар ҷодаи ҳаҷву мутоиба, ки бисёр мумтоз буд, аз устоди худ нависандаи шаҳир ва хушбаён Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ гирфтааст. Бурҳон Ғаниро ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигор маҷмӯаи ҳикояҳояш “Ҳимоя” (1965), “Кори нек” (1968), “Эҳтиром” (1978) ва “Дафтарчаи қайдҳо” (1978) машҳур гардондаанд.  Бояд гуфт, ки ҳикояҳои алоҳидаи ӯ бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, литвонӣ, булғорӣ ва ғ. тарҷума ва нашр шудаанд.

Ҳамчунин се маҷмӯаи дигари нависанда – “Хушомадгӯёнро азиз доред”(1973), “Аз ҳар калла як садо”(1982) ва “Хеши падарӣ”(1988) аз тарафи хонандагону ҳаводони эҷодиёти Бурҳон Ғанӣ бағоят гарм пазируфта шудаанд, ки то ҳол мавзӯъ ва мундариҷаи онҳо аҳамияти худро гум накардаанд.

Боиси хушнудӣ ва саривақтист, ки имрӯз яке аз пажуҳишгарони сермаҳсулу ҷавҳаршинос – Шодӣ Шокирзода аз ин адиби ҳаҷвнигори мумтоз Бурҳон Ғанӣ ёд карда, маҷмӯае бо унвони “Дӯстон зинда бошанд”-ро рӯи чоп овардаст. Мураттиби маҷмӯа адибро ба хонанда чунин муаррифӣ кардааст: ”Бурҳон Ғанӣ нависандаи заҳматкаш, соҳибистеъдод ва хушқалбу хушгуфтор буд ва то ҷойе тавонист ҳаҷви тоҷикиро дигаргун ва ботароват  кард ва ба он бисёр тозакориҳо овард.”  Мавсуф бо тақозои устоди хеш, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Саидзода аз пайи гирдоварӣ ва ба нашр омода намудани осори Бурҳон Ғанӣ шуд, зеро профессор баисрор мегуфт, ки “фардо дер шуда метавонад”. Шодӣ Шокирзода дар сарсухани маҷмӯа ёде аз гуфтаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад кардааст, ки гуфтаҳои эшон аз саривақтӣ будани ин амал ва давоми мантиқии гуфтаҳои профессор Абдулҳай Саидзода будан, далолат мекунанд. Гулрухсор – шоири ширинбаёну  нуктасанҷ аз ҷумла мегӯяд: “Мо ҳамин гуна ҳаҷвнигор надорем ва шояд дигар пайдо ҳам нашавад. Бояд андеша бикунем ва дар оянда китобашро чоп кунем, зеро зуд фаромӯшаш кардаем, агар ҳамин гуна фаромӯширо ихтиёр кунем,  наслҳои имрӯзӣ дигар аз Бурҳон ёде намекунанд.”(Шокирзода Ш. “Гиромидошти ҳаҷвнигори маҳбуб”, “Адаб”, 2008).

Инак китобе, ки имрӯз мо рӯйи даст дорем, “гулчине аз нигоштаҳои ҳаҷвнигори маҳбуб Бурҳон Ғанӣ мебошад”. Ин барги сабз аз ҳикояҳои маҷмӯаҳои пешини нависанда ҷамъоварда шудаву пешкаши ҳаводорони адабиёт гаштааст. Пас аз сарсухан маҷмӯа бо матлаби “Шарҳи ҳоли ман” оғоз шуда, хонандаро бо шарҳи ҳоли адиб аз забони худи адиб шинос мекунад. Ҳарчанд ҳикояҳо эҷоди давру замони дигаранд, гирдоварандаи “Дӯстон зинда бошанд” кӯшидааст бо риояи амонатдорӣ матлаби ҳикояҳоро таҳриру тасҳеҳ ва бознигорӣ кунад, ки ин хеле ҳам хуб ба ӯ даст додааст. Мавсуф моҳиронаву нозукбинона вожаҳои байналмилалиро бо муродифҳои зебову тобишҳои маъноии мувофиқ иваз намуда, қолиби ҷумласозии муосир ва қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя кардааст.

Дар фароварди сарсухани хеш Шодӣ Шокирзода изҳори итминон кардааст, ки мухлисони адабиёту ҳаҷв офаридаҳои Бурҳон Ғаниро бо шавқу завҷи зиёд мутолиа намуд, барои худ  лаззати маънавӣ ва ҳикмати зиндагӣ дарёфт мекунанд.

“Лозим ба таъкид аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисёр ақидаҳо, мафҳумҳо, арзишҳо дигар шуданд, тағйир ёфтанд, баҳои нав гирифтанд, вале ҳамоно мавзуоти баррасинамудаи устоди ҳаҷв Бурҳон Ғанӣ аҳамияти худро гум накардаанд.”(Ш.Шокирзода)

Равони нависанда ва ҳаҷвнигори хушзавқу бозарофат Бурҳон Ғанӣ шод ва ёдаш ба хайр бод!

Махфират Муҳиддинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа