Баргузории маҷлиси шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ
4-ми декабри соли 2025 маҷлиси Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ Рустам Мирзошоев оид ба масъалаи “Вазъи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Абонементи байникитобхонавии кишварҳои ИДМ”, дар Китобхонаи миллӣ” шунида шуд.
Раиси Шурои илмӣ-методӣ Ҷумахон Файзализода пас аз баррасии ҳисоботи ироагардида иброз намуд, ки масъалаи мазкур барои фаъолияти босамар дар самти китобдорӣ хеле муҳим буда, татбиқи он дар ҷараёни фаъолият нақши асосиро мебозад. Маҳз тавассути шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ мо бо хонандагони беруна дар иртибот мешавем ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Абонементи байникитобхонавии кишварҳои ИДМ”, дар Китобхонаи миллӣ бояд мавриди барасии амиқ қарор гирифта, кор дар ин самт ҷоннок гардонида шавад.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Манонзода оид ба масъалаи “Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои рақамигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷамъоварии маводи аудиовидеоӣ-электронӣ” мавриди барраси қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як манбаи муҳими дарёфт ва ҳифзу нигоҳдории санадҳо ва маводҳои электронӣ дар иртибот ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд корро ҷиддӣ назорат карда, пайваста оид ба беҳтаргардонии бойгонӣ ва таҳияву нашри дастурҳо гузориш пешниҳод намояд.
Дар идома, ҳисоботи сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Ҳадиятуллоҳи Амриддин оид ба масъалаи “Раванди такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорони ҷумҳурӣ дар Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ” пешниҳоди иштирокдорони ҷаласа гардонида шуд.
Масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорони ҷумҳурӣ дар Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ яке аз мавзуҳои муҳим ва бисёр ҷиддиест, ки бояд дар тадбиқи он мутахассисони соҳа хуб кор карда, равандро то анҷом назорат кунанд.
Дар доираи масъалаҳои ҷории маҷлис бошад баррасии чанде аз тақриз ва тавзеҳномаҳои муқарризони расмӣ, ки дар иртибот ба дастурҳои библиографии аз ҷониби бахшу шуъбаҳои муассиса таҳиягардида навишта шудаанд, пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла:
а) баррасӣ ва тасдиқи “Тартиби ҳисоби намунавии арзиши хизмати иловагии таълими пулакӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ пешниҳод шудааст;
б) баррасӣ ва тасдиқи асосноккунии мавзуъҳои илмии аспирантон ва докторантони PhD дар Китобхонаи миллӣ;.
в) баррасӣ ва тасдиқи барномаҳои кор (силлабус)-и омӯзгорони Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ;
г) баррасии тавзеҳномаи муовини сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ Валиев Ҷамил оид ба дастури “Адибони Тоҷикистон: тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорон”
г) баррасии тавзеҳномаи сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ библиографӣ Дустова Сабдарг оид ба дастури “Русский писатели Республики Таджикистан: библиографический указатель. Чать 2”;
д) баррасии тавзеҳномаи сардори шуъбаи библиографияи миллӣ Валиева Наргис оид ба дастури “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ: феҳристи адабиёт”;
е) баррасии тавзеҳномаи сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ Комилов Меҳроҷ оид ба дастури “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон: мундариҷаи нашрияи “Китобхонаи миллӣ” солҳои 1964-2024”;.
ё) баррасии тақризи Атозода Муҳаммадиқбол оид ба дастури “Ҷурабек Назрӣ: китобномаи шарҳиҳолӣ”;
ж) баррасии тақризи Комилзода Шариф оид ба дастури “Конститутсия – роҳнамои миллат: феҳристи адабиёт”;
з) баррасии тақризи Муҳиддинов Сайдалӣ оид ба дастури “Куруши Кабир: феҳристи адабиёт”;
и) баррасии тақризи Суфизода Шодимуҳаммад оид ба дастури “Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод: китобномаи шарҳиҳолӣ”;
к) баррасии тақризи Манонзода Абубакр оид ба дастури “Азизи Азиз: китобномаи шарҳиҳолӣ”;
Дар ҷамъбасти маҷлис, бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир раиси Шурои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ҷиҳати тадбирандешӣ барои беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шурои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр кардан ба маврид, аст ки маҷлиси шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ моҳе як маротиба баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими Муассиса оид ба беҳтарсозии фаъолит ва беҳбудии соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.