Баргузории мизи гирд бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳамкори бо Шӯрои бонувони муаасиса бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мизи гирд баргузор шуд. Дар он зумрае аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва кормандони китобхона ширкат карданд.
Мизи гирдро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ифтитоҳ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва умуман, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир дорад.
Карамалӣ Карамалишоев ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия зимни суханронии худ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳосибиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд.
Раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ Фароғат Толибова – дар мизи гирд вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои занон суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки яке аз паҳлуҳои бисёр муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат низ ҳамин аст, ки занон дар ҷомеа бояд сазовори эҳтиром ва дастгирии давлату ҳукумат қарор гиранд. Зан-модар баъд аз Парвардигор офаранда аст, бояд эҳтиром ба ин муқаддасотро дар ҷои аввал қарор дод. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан — модар дар ҷомеа буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шудааст. Имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъолият накунанд. Роҳбари давлат бонувонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ карда, чунин таъкид намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Зимни суханронҳои дигар иштирокдорон зикр гашт, ки ҳамасола Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълумот дода, дурнамои онро барои соли оянда муайян ва вазифагузорӣ менамояд.
Дар охир таъкид гашт, ки Паёми Пешвои миллат бояд заминаи фаъолияти ҳаррӯзаи моро ташкил диҳад, зеро он ҳадафҳоро барои фаъолияти мо дар тӯли сол мушаххас ва равшан намудааст