Баргузории мизи гирд: Нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мизи гирд доир гардид. Барпокунандаи ин ҷаласа, ки “Нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд” унвон гирифтааст, Шурои бонувони Китобхонаи миллӣ мебошад. Дар чорабинӣ роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, кормандони Китобхона ва меҳмонон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Мумтоз” иштирок намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро ба китобистони миллат хайрамақдам гуфт. Аз нақши оилаи солим ва таълиму тарбияи кӯдак, аз нақши китобу китобхонӣ ва таъсири он сухан ронд.
Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Шаҳло Ҳасанзода зимни суханронии худ доир ба мақоми зан дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд суҳбат кард. Ҳамчунин аз ташаббусҳои Пешвои миллат ба монанди ба ҳар як хонадон тақдим намудани асари таърихии Академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуд. Ҳамчуноне, ки модарони мо барои фарзанд алла гуфтаву афсона нақл мекарданд, хондани “Шоҳнома” низ дар тарбияи маънавии фарзанд нақшгузор аст, зеро ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ метавонад аз таъсири ҳар гуна бегонапарастӣ онҳоро дур созад. Ба тавсиб расидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон боиси он аст, ки нақши занон дар ҳама ҷодаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дида мешавад ва нақши калидӣ низ дорад. Месазад, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта дар Ватани ободу озод, пайи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат талош варзем ва бо риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда кӯшиш ба харҷ диҳем, то фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву башардӯстӣ тарбия намоем, – гуфт ӯ.
Дар идомаи суҳбат ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуалим Аҳтамзода сухан ронд. Ҳар падидаи манфие, ки ба фарзанд робита дорад, нокомие ба аҳли хонадон оварда, модаронро нигарон месозад, иброз дошт Аҳтамзода. Пас, бояд ба таълиму тарбияи фарзанд диққати хос дод. Бояд гуфт, ки тарбия чанд намуд аст, ки ба назар гирифтани ҳар яки он зарур мебошад. Тарбияи фардӣ, тарбияи иҷтимоӣ ва тарбияи маънавӣ. Агар тарбияи фардӣ ва иҷтимоӣ то як синну соли муайян бошад, тарбияи маънавии инсон як умр аст. Дар тарбияи фарзанд риояи арзишҳои ахлоқӣ нақши бузург доранд, аз қабили, тасмим гирифтан бо ақл на бо эҳсосот, сарфаи дурусти вақт, гуфтори нарм, бо забони шевои тоҷикӣ ва дуруст ҳарф задан, ваҳдатофарӣ (сабур будан нисбат ба ҳамдигар, бахусус байни зану шавҳар, ки фарзандон аз ин дарси ибрат мегиранд), аз хиёнатҳои ҷинсиву отифӣ дур будан чи барои мард ва чи барои зан, некбин будану умеди нек доштан, на бадгумон будан, зеро бадгумонӣ оташи пасти қалб аст, ки метавонад рӯзе аланга занад.
Волидайнро зарур аст, то фарзандро бо ҳамнишину рафиқи хуб раҳнамоӣ намоянд. Дар тарбияи фарзанд меҳру муҳаббати худро дареғ надоранд ва онро бошуурона ба фарзандон тақдим созанд. Маҳбубу муҳтарам буданро дар тарбия талқин намудан аз арзишҳои дигари ахлоқист.
Рухшона Шобуддинова – роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Мумтоз” маърӯзаи хешро бо суханони Пешвои миллат дар мавриди тарбияи фарзанд оғоз намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳо дар ҳаёти имрӯзаи мо, ҷавонон барои бунёди оила тайёр нестанд. Аз ин рӯ, бунёди мактабҳои оиладорӣ барои ҷавонписарону ҷавондухтарон ба мақсад созгор мебуд. Пеш аз ҳама насли ҷавону миёнаи моро бархурдор будан аз фарҳанги истифодаи фазои маҷозӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ зарур аст, то аз ҷиҳатҳои хубу манфиатбори интернет ба хубӣ истифода бурданро биомӯзанд.
Дар поёни нишаст Муҳаббат Киром – раиси Шурои бонувони Китобхонаи миллӣ аз меҳмонону иштирокдорони ҷамъомад арзи сипос намуд ва умед ба ҳамкориҳои пурсамари минбаъда баст.
Махфират Муҳидинова бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.