Баргузории мизи гирд таҳти унвони “Арбоби миллат” дар Китобхонаи миллӣ

14-уми декабри соли равон дар Муассисаи давлатииКитобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвониАрбоби миллатба ифтихори 115-солагии академик  Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Мизи гирд бо талошу заҳматҳои кормандони шуъбаи  тарғиб ва барномаҳои фарҳанг доир шуд ва дар он таърихшиносон ва муҳаққиқону олимони соҳа ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Ҷалолуддин Нурзода муовини директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуд. Дар  баромади худ муовини директори қайд кард, ки Бобоҷон Ғафуров ва китоби ӯ “Тоҷикон” барои миллати мо воқеан арзиши баланд дорад. Ва унвон додани мизи гирди имрӯза “Арбоби миллат” хеле муносиб ва шоиста интихоб гардидааст.

Профессор Сайфулло Муллоҷонов  аз шахсияти Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои рушди шахсияти ӯ ҳамчун як инсони комил,ҳарф зад. “Бобоҷон Ғафуров вақте 10 сол дошт, Инқилоби рус сар зад. Ӯ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон муддати даҳ сол президент буд, аммо кореро анҷом дод, ки шояд дар таърихи президентии ин Академия касе натавонист иҷро кунад. Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик шиноснома навишт, шиносномаи  тақдирсоз ва сарнавиштсоз, ки ҳазорсолаҳо барои ин миллат хидмат хоҳад кард.

Ҷонибек Асрориён муаррих, фарҳангшинос дар идома вобаста ба китоби “Тоҷикон”, қадру манзалати он барои миллати тоҷик ва ҳамчун як мероси гаронбаҳои халқ эътироф гардидани китоб суханронӣ намуд. Ҷонибек Асрориён аз ҷумла гуфт, ки коре ки Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик анҷом дода, кори як пажӯҳишгоҳи илмӣ аст.Ӯ дар китоб ягон миллату халқиятеро паст назада, фақат бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ тоҷиконро ҳамчун миллати таърихи кӯҳандошта нишон додааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Бобоҷон Ғафуров давлатдории миллатҳои гуногунро омӯхта дар ҷое таъкид намуда , навиштааст, ки Сталин аз таърихи Аштархониён огоҳ буд.Ӯ ҳамон марҳилаҳои таърихиро якяк аз рӯи нақша амали кардааст“.

Ғайратшоҳ Роҳатов – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гуфт: Китоби “Тоҷикон” аз ҷиҳати сохт як китоби илмӣ-таҳқиқотӣ аст ва бузургии китоб дар ҳамин аст. Ӯ дар китоб аз сарчашмаву далелҳое, истифода намудааст, ки онҳо раднашавандаанд. Як хусусияти бисёр арзишманди китоби “Тоҷикон” дар он аст, ки муаллиф аввал сарчашмаҳоро пурра таҳқиқ намуда, баъдан пайдарпай онҳоро ба тоҷикон шабоҳат додааст. Дар атрофи бозёфтҳои аввалине, ки солҳои 50-ум пайдо шудаанд, Бобоҷон Ғафуров бисёр муфассал шарҳ навиштааст.

Ғозибек Гадоев – номзади илмҳои таърих аз фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ҳамчун як шахсияти барои миллату давлат ғамхор ва марҳилаҳои мушкилии навиштани китоби  Таърихи мухтараси халқи тоҷиква баъди 30-сол чопи китоби “Таджики” (Тоҷикон) суханронӣ кард. Вай гуфт, ки дар китоби Тоҷикон аз сулолаҳои Аштархониён то Шайбониён ва омадан ба ҳокимияти Сомониён маълумот бисёр муфассал ва раднашаванла нишон дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки имсол ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон  Бобоҷон Ғафуров  озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок намуда, ғолибони марҳилаи ниҳоии он бо тӯҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ шуданд.Дилшод Ниёзов донишҷуи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз ғолибони даври ниҳоии озмуни болозикр мебошад, ки дар мизи мудаввари имрӯза аз таъсири китоби “Тоҷикон” ба мафкураи ҷавонони имрӯза ва ошноии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо таърихи халқи хеш баромад намуд.

Дар қисмати ҷамъбастии  чорабини миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, назару андешаҳои дигар ширкаткунандагон низ шунида шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА