Баргузории онлайн-вохӯрии Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи махсуси Новосибирск

онлайн-вохӯриБо даъвати Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тими хонандагонаш дар телемости “Медаль за бой, медаль за труд из одного металла льют”, ширкат варзид.

Дар мактубе, ки аз тарафи Китобхонаи махсуси вилоятии Новосибирск ба Китобхонаи миллӣ ирсол гашта буд, чунин омадааст: “Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирск барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф кормандон ва хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро барои иштирок дар викторина бахшида ба корнамойиҳои меҳнатии халқҳои Тоҷикистону Русия дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват мекунад.”

Ҳамчунин дар ин мактуб омадааст: ”Дар соли чашни 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хотири гиромидошти хотираи мехнаткашони ақибгоҳ дар шаҳрҳоямон шуморо ба баргузории онлайн-вохӯрӣ даъват менамоем. Ин вохӯрӣ “Медаль за бой, медаль за труд из одного металла льют” (“Медал барои чанг ва медал барои меҳнат аз як металл рехта мешавад”) унвон дошта, дар раванди баргузории он иштирокдорону тамошобинон аз корнамоихои мехнатии мардумони шаҳрҳои Душанбе ва Новосибирск дар солҳои ҶБВ баҳри ба даст овардани ғалаба бар истилогарони фашистӣ шинос хоҳанд шуд.”

онлайн-вохӯриТимҳои сабқаткунанда аз 6 нафарӣ иборат буда, ҳамаи аъзоёни тими Китобхонаи миллӣ хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, алалхусус нобиноёну қувваи босираашон заиф буданд. Сабқат 5 қисмат (блок)ро ташкил медод:

1) суханони ифтитоҳии роҳбарони муассисаҳои мазкур

2) чанд сухан роҷеъ ба хаёти шахрҳои Душанбе ва Новосибирск дар солхои чанг

3) викторина (суол-ҷавоб) оид ба ҳаёти ин шаҳрҳо дар солҳои ҶБВ

4) лаҳзаи мусиқӣ – сароидани суруд аз тарафи иштирокдорон ва ё тамошобинони маҳфил

5) охирсухан аз намояндагони шарик-шаҳрҳо

Бо суханони ифтитоҳӣ аз ҷониби тими Новосибирск директори Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф – Юрий Юревич Лесновский ва аз ҷониби Китобхонаи миллӣ мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд – Набиева Саодат Нуриддиновна баромад намуданд.

Дар қисмати дуюми маҳфил ровиён Наталя ва Елизаветта ба ҳамагон доир ба Новосибирск дар соли таҷлили 75-солагии Ғалабаи Бузург – 2 июли соли 2020, дода шудани унвони фахрии “Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ” маълумот доданд. Ин унвон ба шаҳрҳое дода шудааст, ки  сокинони онҳо ақибгоҳи воқеии артиши ҷанговарро ба вуҷуд оварда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – солҳои 1941-1945 баҳри расидан ба Ғалаба саҳми бузург гузоштаанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар Русия қонун “Дар бораи унвони фахрии Федератсияи Русия “Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ”” эътибор пайдо карда, ба он як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Борович, Екатеринбург, Қазон, Иванов, Ижевск, Магнитогорск, Новокузнетск, Новосибирск ва як қатор шаҳрҳои дигар дохил шуданд.

Сипас, Саодат Набиева – мудири бахши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар бораи ҳаёту фаъолияти шаҳри Душанбе дар солҳои 1941-1945 маълумот дод. “Аз 29 эвакогоспиталҳои дар Тоҷикистон ҷой додашуда, аксарияташон дар Душанбе фаъолият доштанд, ки ҳазорҳо нафар захмину ярадорони вазнин ин чо табобат гирифтаанд.  Ба Душанбе аз минтақаҳои ғарбӣ, ба монанди Украина, Белорусия  ва Москваву Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) ҳазорҳо нафар эвакуатсия мешуданд. Дар баробари ин наздики 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба сафҳои Қӯшуни ҳарбии Советӣ сафарбар гардонда шуда буданд,” – иброз дошт Саодат Набиева.

Қабл аз оғози викторина, ки қисмати асосии ин онлайн-вохӯрӣ буд, тимҳо бо ҳамдигар шинос шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки қисмати сеюми маҳфил ҷолибтар ва шавқовартар аз ҳама буд. Ҳангоми лаҳзаҳои машварат баҳри ҷавоб ба суолҳо ҳисси ба ҳаяҷон омадани аъзоёни тимҳо эҳсос карда мешуд. Аъзоёни тими Китобхонаи миллӣ хеле кӯшиш карданд, то ба ҳар як суол посухи қаноатбахш диҳанд. Боиси хушнудист, ки натиҷаи ин сабқат ба фоидаи Китобхонаи миллӣ анҷом ёфт.

Ҳамчун лаҳзаи тафреҳ аз ҳар ду тараф сурудҳои даврони ҷанг сароида шуданд, ки аз ҷониби тими китобхонаи Новосибирск Слугина Галина Валентиновна иштирокчии фаъоли ҳамаи маҳфилҳои китобхона ва аз ҷониби тими Китобхонаи миллии Тоҷикистон Демян – капитани тим суруди машҳури “Катюша”-ро замзама кард. Дигар аъзоёни даста низ ба Демян ҳамроҳ шуданд, ки ин фазои маҳфилро боз ҳам гармтар сохт.

Дар анҷом намояндагони ҳар ду тараф бо изҳори сипосу эҳтиром аз созмондиҳандагони сабқат сухан ронда, умед ба ҳамкориҳои минбаъда  бастанд. “Ба созмондиҳандагони ин маҳфил барои чунин пазироии самимӣ ва баргузории он ташаккур мегӯям. Қайд кардан зарур аст, ки таваҷҷӯҳи хонандагони мо ба чунин чорабиниҳо сол ба сол меафзояд ва  албатта, ин ба хамкориҳои васеи китобхонахои мо вобаста аст,” –  гуфт дар охир мудири бахши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Саодат Набиева.

Гуфтан бамаврид аст, ки чунин вохӯриҳои маҷозӣ алакай бо шаҳрҳои ақибгоҳии Ҷумҳурии Қазоқистон – Павлодар, Алма-Ато ва Караганда, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Тошкент ва Ҷумҳурии Қирғизистон – Бишкек анҷом шуданд.

Зимнан, ташкилкунандагони викторинаи мазкур зикр карданд, ки ба ҳар як иштирокчии ин Викторинаи маърифатӣ  тариқи почтаи электронӣ  сипосномаҳо ирсол хоҳанд шуд, ки ин ҳам боиси ҳавасмандгардонии ҷавонон мегардад.

 

Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.

 

Теги: робита бо ҷомеа, хизматрасонӣ ба маъюбон