Баргузории “Шаби Садриддин Айнӣ” дар Эрон
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс «Шаби Садриддин Айнӣ” аз маҷмуаи шабҳои “Маҷаллаи Бухоро” дар хонаи ҳунармандони Эрон бо ҳузури аҳли адаб ва ҳунар баргузор шуд.
Дар ин барнома, ки ба муносибати чопи китобҳои устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Ахгари инқилоб” ба кӯшиши Эраҷ Эронпур, “Одина” ва “Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” ба кӯшиши Муҳсин Фараҳбар, “Торихи иҷтимоии Бухоро” бар асоси “Ёддоштҳои Айнӣ” ба кӯшиши Озито Ҳамадонӣ доир шуд, ҷамъи зиёде аз адибону пажӯҳишгарон ва донишмандон ҳузур ёфтанд.
Алии Даҳбошӣ адабпажӯҳ, нависанда ва сардабири маҷаллаи “Бухоро”, Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нахустин Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, Масъуди Ирфониён, пажӯҳишгар ва таърихнигор Ораш Иронпур, пажӯҳишгари таърих ва адабиёти Осиёи Марказӣ Муҳсини Фаррухбар, коршиноси фарҳангӣ зимни суханрониҳои худ дар бораи ваҷҳи гуногуни зиндагӣ ва аҳамияти осори устод Садриддин Айнӣ ва ҳамчунин ҷойгоҳи рафеъи вай дар таърихи адабиёт ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои даврони Шӯравӣ изҳори назар карданд.
Ҳамчунин паёми тасвирии Саъдӣ Садрӣ муҳаққиқи адабиёт дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ва Абдухолиқи Набавӣ аз Тоҷикистон дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи устод Айнӣ дар адабиёти муосир пахш шуд.
Шоёни зикр аст, ки дар канори рӯнамоӣ аз китобҳои ҷадиди ёдшуда клипе аз аксҳои устод Садриддин Айнӣ аз зодгоҳаш рустои Соктаре дар Бухоро низ намоиш дода шуд.
Асли хабар ин ҷост: БАРГУЗОРИИ “ШАБИ САДРИДДИН АЙНӢ”