Баргузории тренинги омӯзишӣ барои занони маъюбиятдошта дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти чамъиятии Иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” тайи дур рӯз тренинги омӯзишӣ баргузор гашт. Тренинг “Хидматрасонии тиббӣ ба занони маъюбиятдошта” унвон гирифта, дар он 14 нафар кормандони тибб аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, мудири кафедраи генекология ва тибби оилавии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва 5 нафар аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд – занони биноиашон кам ва нобино бо ҳамроҳии сардори шуъбаи мазкур Саодат Набиева иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки тренинг дар ҳошияи шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи хидматрасонии тиббӣ бо назардошти ҳуқуқ ва манфиатҳои занони маъюб ба тавсибрасида, пешбинӣ шудааст.
Дар ҷаласа созмондиҳандагони тренинги омӯзишӣ сардори ташкилоти чамъиятии Иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” – Тенгиев Х.А., муовини сардори шуъбаи тандурустии шаҳри Душанбе – Муродзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати шаҳри Душанбе сухан ронданд.
Ҳамчунин, Умеда Шокирӣ – мудири кафедраи генекология ва тибби оилавии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзӯи “Муносибати дурусти тиббӣ баҳри беҳдошти саломатии репродуктивии занони дорои маъюбият” ва шиносоӣ бо намудҳои хидматрасонии тиббии муассисаҳои тандурустӣ барои духтарону занони маъюбиятдошта (Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон. Ст. 25) маъруза намуд.
Рӯзи дуюми тренинг низ Умеда Шокирӣ дар мавзӯъҳои усулҳои пешгирии ҳомиладорӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои онкологӣ, инчунин ассистенти баронома Шабнам Сафарова дар мавзӯи мубориза бо зӯроварии гендерӣ баромад намуданд.
Дар идомаи ҷаласа иштирокдорон мубодилаи афкор намуда, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Сипас Тенгиев Х.А. – раиси ташкилоти чамъиятии Иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” натичахои машғулиятро хулоса намуда, ба тренинг ҳусни анҷом бахшид.
Қайд кардан зарур аст, ки ташкилоти чамъиятии Иттиҳодияи маъюбон “Меҳрбахш” ин навбат низ ба Китобхонаи миллӣ ва хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд 3-нусха китоби брайлӣ ва 19 – адад “Маҷмӯаи шартномаҳои байналмилалиие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расондааст…” тақдим намуд.
Зимнан, ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш», дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат намояндагии худро дорад. Ин созмон бо шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, қаблан ҳам ба хонандагони шуъбаи мазкур китобҳои тозанашри брайлиро тақдим намудааст.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.