Барномаҳои тафреҳӣ барои довталабони Озмун дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз (17.11.2025) дар рӯзи чоруми баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, довталабон дар Китобхонаи миллӣ саёҳат намуданд.
Бояд гуфт саёҳати довталабон мувофиқи барномаи ҷалби иштирокчиёни даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ба ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе сурат гирифта, онҳо бо истиофда аз фурсат бо маконҳои таърихӣ ва тамошобоб ошно мегардад.
Озмун дар гурӯҳи аввали иштирокчиён хонандагони синфҳои 1-4 дар ҳамаи номинатсия ҷамъбаст гардид ва довталабон баъд аз нисфирӯзӣ аз толорҳои хониш, осорхонаи китоб, мусаварраи машҳури Сабзаалӣ Шарифзода, толорҳои электронӣ, толори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва дигар гӯшаҳои намоишии Китобхона шинос шуданд.
Роҳбаладон ба суолҳои довталабон, ки китобхонаро бо завқ тамошо карда, суолҳо пешниҳод менамуданд, посух гуфта, онҳоро ба шароитҳои фароҳамшуда барои дарёфту мутолиаи китоб ва сатҳи хидматрасониҳо дар Китобхона ошно карданд.
Бояд зикр кард,ки Китобхонаи миллӣ ҳамчун мизбони озмунҳои сатҳи баланд ба монанди озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” пайваста талош менамояд то дар ташкил ва баргузории чунин ҳамоишҳо, маҳфилҳо, нишастҳо саҳми шоиста дошта бошад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.