Барномаи “Китоби нав” тақдим менамояд: “Рассоми чирадаст”
Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Мавзӯи китоби наве, ки дар барномаи “Китоби нав”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад, маҳз ба ҳунару истеъдод марбут буд.
Дар барномаи навбатӣ Холид Шарифов – ровии барнома бачагонро бо “Рассоми чирадаст”-и адиби бачагон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019) Абдусаттори Раҳмон шинос кард.
Аниса ном духтараке бо ҳамроҳии дугонаи худ Шукрона ба бибиаш дар рузи мавлудаш тӯҳфае омода карданд, ки дидани ин ҳадя ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Худи соҳибҷашнро бошад ин тӯҳфа ба шавқ овард.
Шумо мехоҳед бидонед, ки ин чӣ тӯҳфае аст? Пас, барномаи телевизионии “Китоби нав”-ро дар ТВ “Баҳористон” пайгирӣ намоед.
Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав” моҳе ду маротиба баргузор мегардад.
Зимнан, шумо метавонед ин китобро дар Телеграмканали мо Бойгонии китобҳои электронӣ дарёфт ва мутолиа намоед:
Махфират Муҳидинова бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.