Барномаи тафреҳӣ барои ширкаткунандагони озмун

Мутасаддиёни баргузории озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” барои ширкаткунандагон як барномаи хуби тафреҳиро ҳам тарҷҳерӣ кардаанд, ки аз сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе иборат аст.

Дар назар аст, давталабон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе дидан намуда, ҳамчунин дар барномаҳои фарҳангӣ ширкат варзанд.

Аз ҷумла, мувофиқи барномаи таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои довталабон ин барномаҳои тафреҳӣ ба нақша гирифта шудааст:

Сайёҳат ба Осорхонаи миллӣ, Иштирок дар маҳфили адибон ва олимон;

Тамошои филми мустанади “Тоҷикон дар муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”;

Сайёҳат  ба хона-музейи Садриддин Айнӣ.

Ёдовар мешавем, озмуни мазкур қарор аст то 28 ноябри соли арвон идома кунад.

Наргис  НАЗАРЗОДА