Барои адабиётшиносон. В. Белан: “Адабиёти тоҷик дар қомусҳои Аврупо”
Дар мамлакатҳои Аврупо дар бораи шоиру нависандагони халқҳои Иттифоқи Советӣ дар қомусҳои гуногунсоҳа (ба монанди «Энсиклапедияи калони Советӣ»-и мо) ва дар маълуматномаву фарҳангҳои махсуси адабӣ (ба монанди «Энсиклапедияи мухтасари адабӣ» – и мо) маълумотноҳои зиёде ҳаст.
Маълум, ки бе тадқиқотҳои муҳими пешакӣ чунин қомусҳо оид ба адабиёти тоҷик мақолаҳои муфассал чоп кунонида наметавонистанд.
Дар Аврупо 100-150 сол боз ба тарҷима ва таҳқиқи адабиёти классики форсу тоҷик ҷиддан машғуланд. Аммо бо тадқиқу таҳқиқи адабиёти советии тоҷик танҳо дар даҳсолаҳои охир, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиддӣ машғул шуданд. К. Зеленский дар китоби худ «Октябр ва адабиётҳои миллӣ» (Москва, соли 1967) менависад, ки «китоби Луи Арагон «Адабиёти халқҳои советӣ» (Париж, соли 1955) нахустин асари муаллифи хориҷист, ки адабиёти моро чун адабиёти сермиллат ба хонандагон пешкаш кардааст”.
Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки дар мамлакатҳои Аврупо, алалхусус, дар мамлакатҳои сотсиалистӣ хеле пештар ба адабиёти тоҷик ҳусни таваҷҷўҳ пайдо шуда буд. Ҳанўз дар охирҳои солҳои чилум ва авали панҷоҳум на танҳо асарҳои хурд – хурд, балки асарҳои барҷастаи адибони тоҷик ба забони халқҳои Аврупо чоп гардида, дар бораи баъзе адибон ва эҷодиёти онҳо маълумот дода мешуд.
Асари нисбатан калон ва мукаммале доир ба адабиёти тоҷик ба қалами шарқшиноси чех доктор Иржи Бечка тааллуқ дорад, ки он бо унвони «Адабиёти ҳозираи форсу тоҷик» (Прага, соли 1956) нашр шудааст. Нашри якўми ин асари қиматбаҳо, ки дар навиштани он як қатор шарқшиносон ва адибони чех иштирок кардаанд, дар зери таҳрири марҳум Ян Рипка чоп шуда буд.
Ин китоб соли 1963 бо тасҳеҳу иловаҳо бори дувум ба забони чехӣ нашр шуд. Соли 1964 дар Лейпсиг тарҷимаи немисӣ ва дар Дордрехт (Голландия) тарҷимаи англисии он низ аз чоп баромад.
Мо то ҳол дар бораи асарҳое, ки ба забонҳои машҳури аврупоӣ нашр шудаанд ва барои ҳамаи адабиётшиносони Аврупо дастрасанд, сухан мерондем. Дар мамлакати мо доир ба адабиёти советии тоҷик ба забони русиву тоҷикӣ асарҳои бисёре чоп шудаанд, ки дар вазъияти имрўзаи мубодилаи байналхалқии китоб онҳоро аз ҳама китобҳонаҳои калони ҷаҳон ёфтан мумкин аст. Адабиётшиносҳои хориҷа алалхусус адабиётшиносҳои мамлакатҳои сотсиалистӣ, аз онҳо васеъ истифода бурда, дар асарҳои худ ба муваффақиятҳои мутахассисони советӣ такя мекунанд.
Ҳамин тариқ, адабиёти советии тоҷикро дар қомус ва маълумотномаҳое ки дар солҳои охир дар Аврупо чоп шудаанд, хеле васеъ нишон додан мумкин.
Биёед ин китобҳоро як варақ занем. Бузургтарини ин хел нашрҳо қомуси Британия аст, ки аз 26 ҷилд иборат мебошад. Бо вуҷуди ҳаҷми калонаш дар он на дар бораи адабони барҷастаи Тоҷикистони Советӣ маълумоте ҳасту на дар бораи адабиёти тоҷик. Дар қомуси англисии Ҷеймберс (нашри соли 1967), ки аз понздаҳ ҷилд иборат аст, низ аҳвол ҳамин буда, барои чунин қомусҳои калони гуногунсоҳа хатои авфнопазир аст. Агар қомусҳои дар боло зикршударо ҳатто бо қомусҳои мухтасаре, ки дар мамлакатҳои сотсиалистӣ нашр мешаванд, муқоиса кунем, мебинем, ки дар ин ҷо аҳвол тамоман дигар аст. Дар «Энсиклопедияи мухтасари булғорӣ», ки нашраш ҳанўз ҳам давом дорад, дар бораи Садриддин Айнӣ (ҷилди 1, саҳ 39, нашри соли 1963) ва Абулқосим Лоҳутӣ (ҷилди 3, саҳ 230, нашри соли 1966) мақолаҳои алоҳида дода шудааст. Дар энсиклопедияи мухтасари сеҷилдаи немисӣ- «Фарҳанги мухтасари Мейер» дар бораи Садриддин Айнию Абулқосим Лоҳутӣ инчунин оид ба адабиёти тоҷик мақолаҳои махсусе ҳаст.
Ду нашри якхелаи «Фарҳанги адабиёти ҷаҳонӣ» – ро ки ҳарду ҳам якҷилдаанд, бо ҳамдигар муқоиса кардан хеле аҷиб аст. Яке аз онҳо дар Штутгард (РФГ) ва дигараш дар Лейпсиг (РДГ) чоп шудааст. Дар фарҳанги Штутгард оид ба адабиёти тоҷик танҳо як мақола чоп шудааст, ки он аз ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ хеле мухтасар маълумот медихад. Аммо дар фарҳанги Лейпсиг чор мақола бахшида ба Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода чоп шудаанд.
Солҳои 1951-54 дар Вена фарҳанги сеҷилдаи «Адабиёти ҷаҳон» аз чоп баромад. Дар ин фарҳанг ҳам танҳо оид ба Абулқосим Лоҳутӣ як мақола ва доир ба адабиёти тоҷик чанд сатр маълумот дода шудаасту тамом.
Мо ду фарҳанги якҷилдаи дар РФГ ва РДГ чопшударо бо ҳамдигар муқоиса кардем. Чунин тафовути калонро дар маълумотномаҳое, ки дар мамлакатҳои сотсиалистӣ нашр мешаванд, низ мушоҳида кардан мумкин аст. Соли 1967 бахшида ба 50-солагии Револютсияи Кабири Октябр дар РДГ доир ба адабиёти советӣ ду фарҳанг нашр карда шуд. Дар фарҳанги якум доир ба «Адабиёти халқҳои Иттифоқи Советӣ» доир ба адабиёти миллатҳои гуногуни СССР мақолаҳо чоп карда аз ҳаёт ва эҷодиёти адибони алоҳида аз ҷумла, дар бораи адибони Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода маълумот медиҳад. Мақолаҳои ба адабиёти тоҷик бахшидашудаи ин фарҳанг ба қалами олими шарқшинос, доктор Роланд Опитс тааллуқ доранд.
Боз як нашри дигар «Маълумотнома доир ба адабиёти советӣ солҳои 1917- 1965» мебошад, ки он бо ташаббуси правленияи Ҷамъияти дўстии Германия ва Иттифоқи Советӣ чоп шудааст. Аммо мутаассифона, дар он дар бораи адабиёти советии тоҷик ҳарфе гуфта нашудааст.
«Фарҳанги нависандагони халқҳои СССР» дар байни фарҳангҳое, ки дар 2-3 соли охир дар Чехословакия чоп шудаанд, мавқеи сазоворе дорад. Ягон фарҳанге нест, ки дар он адабиёти халқҳои СССР, аз он ҷумла, адабиёти тоҷик ин қадар васеъ нишон дода бошад. «Фарҳанг» тахминан 1.600 мақоларо дарбар мегирад, ки 400- тои онҳо ба нависандагони Шарқи Советӣ бахшида шудаанд. Барои таҳияи ин мақолаҳо 13 нафар мусташриқони чех заҳмат кашидаанд. Дар «Фарҳанг» дар бораи 63 адиби арман, 44 адиби гурҷӣ, 37 адиби тоҷик, 36 адиби ўзбек, 23 адиби Ёқутистон, 32 адиби Озарбойҷон, 25 адиби туркман, 22 адиби тотор, 18 адиби қазоқ ва дигарҳо маълумот дода шудааст. Оре, дар бораи усули барои «Фарҳанг» интихоб кардани адибон хеле баҳс кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, нашри чунин асари калон, ки дар тартиб додани он бисёр шарқшиносони гуногунихтисос иштирок кардаанд, ҷолиби диққат аст.
Дар ин фараҳанг на танҳо дар бораи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Сотим Улоғзода, Ҷалол Икромӣ, ки номи онҳо дар хориҷа машҳур аст, балки дар бораи Ғанӣ Абудулло, Муҳиддин Аминзода, Файзулло Ансорӣ, Баҳриддин Азизӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аширмат Назаров, Фотеҳ Ниёзӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода, Пўлод Толис, Аминҷон Шукўҳӣ, Мўъмин Қаноат ва дигарон ҳам маълумот дода шудааст. Қисми тоҷикии фарҳангро доктор Иржи Бечка навиштааст.
Дар сарсухани «Фарҳанг» гуфта мешавад, ки адабиёти советӣ дар зарфи панҷоҳ сол роҳи мураккаберо тай намуд, дар хориҷа низ нуфузу эътибори калоне пайдо кард. Дар байни мамлакатхое, ки адабиёти советӣ дар он ҷо васеъ интишор ёфтааст, Чехословакия ҷои якўмро ишғол мекунад.
Яке аз афзалиятҳои «Фарҳанг» дар он аст, ки адабиёти советии тоҷикро нисбатан пурратар акс кунонидааст. Ҳамаи мақолаҳо шаҳодат медиҳанд, муаллиф адабиёти советии тоҷикро хеле хуб омўхтааст. Дар «Фарҳанг» номи ҳар як асарро аввал бо забони тоҷикӣ дода, баъд тарҷимаи чехияш овардаанд. Доир бо эҷодиёти ҳар як адиб маълумоти муфассале дода шудааст.
Ба фикри мо, мақолаҳоеро, ки доир ба ин ё он адиби тоҷик дар фарҳангҳои гуногун чоп шудаанд, бо ҳамдигар муқоиса кардан аз фоида холӣ нест. Масалан, мақолаҳои ба Лоҳутӣ бахшида шударо гирем. Дар фарҳанги «Адабиёти ҷаҳонӣ» (нашри Вена) чунин тавсифи мухтасаре дода шудааст. «А. Лоҳутӣ – шоири форс» дар «Фарҳанги адабиёти халқҳои Иттифоқи Советӣ» (нашри Прага) «Шоир – револютсионери форс ва тоҷик», дар «Фарҳанги адабиёти ҷаҳон» – и Лейпсинг «То соли 1922 шоир – революсионери форс, баъд аз муҳоҷират ба Иттифоқи Советӣ намондаи барҷастаи назми тоҷик, муаллифи гимни Тоҷикистон».
Чунин ихтилофу саҳвҳоро дар мақолаҳое, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти дигар нависандагон бахшида шудаанд, низ дучор кардан мумкин аст. Баъзан нашрҳои нисбатан пурра ва муҳим нишон дода намешаванд. Масалан, дар фарҳанги «Адабиёти халқҳои СССР» (нашри Лейпсинг), дар мақолае, ки ба Раҳим Ҷалил бахшидаанд, қайд накардаанд, ки романи ў «Одамони ҷовид» ба забони немисӣ чоп шудааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин нуқсонҳо бояд қайд намуд, тадқиқу таҳқиқи амиқи адабиёти советии тоҷик, ки ба он бисёр шарқшиносони мамлакати Аврупо камар бастаанд, бешубҳа, самараи хубе хоҳад дод ва он ҳолатҳое, ки дар аввалҳои ин кори мураккаб ва душвор содир шудаанд, бартараф хоҳанд шуд.
Манбаъ: “Садои Шарқ”. Соли 1969,№12.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.