Баррасии ҳамкориҳои фарҳангӣ дар дидори Сафири Фаронса бо Директори Китобхонаи миллӣ
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо директори Китобхона профессор Ҷумахон Файзализода мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи китобдорӣ ва рушди ин самти муҳим изҳори назар намуданд.
Дар мулоқот директори Китобхонаи миллӣ дар робита ба фонди асосии Китобхона, ки ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамчунин имкони нигоҳдории то 10 млн нусха китоб сухан гуфт. Гуфта шуд,ки шароиту имконоти Китобхонаи миллӣ барои баргузории конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланд, низ хеле мувофиқ буда, пайваста чорабиниҳои гуногунро мизбони асоси мегардад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани давраҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият мекунад,ки дар он бо 63 забони дунё адабиётҳо гирдоварӣ шудаанд ва китобҳои гуногун бо забони фаронсавӣ низ кам нестанд.
Хонум Элза Пинёл изҳор дошт,ки дар оянда ҳамкориҳоро дар самти ғанӣ гардонидани фонди Китобхонаи миллӣ бо китобҳо бо забони фаронсавӣ ба роҳ мондан мехоҳанд. Ҳамчунин пешниҳодҳои гуногун дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ ба алоқамандони ин забон дар Китобхонаи миллӣ ва доир намудани чорабиниҳои гуногун дар толорҳои барҳаво ва дорои шароити хуби ин муассиса низ мавриди суҳбат қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки дар Китобхонаи миллӣ курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, куриёӣ, олмонӣ ва чиноӣ амал мекунанд, ки хоҳишмандон метавонанд иштирок намуда, сатҳи забондонии худро боло баранд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳури Тоҷикистон хонум Элза Пинёл зимни ин мулоқот ҳамчунин тибқи нақша – барномаи меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гўшаи китоби Ҷумҳурии Фаронса, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, дидан намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани табодули китобҳо ва баргузории конфронсу чорабиниҳои гуногун дар асоси бурсияҳо ба мувофиқа омаданд. Ҳамчун рамзи дӯстӣ ба хонум Элза Пинёл китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.