Баррасии вазъи чопи китобҳо барои бачаҳо дар Иттифоқи нависандагон
21-уми июни соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Имрўзу фардои адабиёти бачагона» бо иштироки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID «Ҳамроҳ бихонем», намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута баргузор гардид.
Дар Конфронс шоирон ва нависандагони шинохта: Ато Мирхоҷа, Азизи Азиз, Ҷўра Ҳошимӣ, Абдусаттори Раҳмон, Равшани Махсумзод, Азим Байзоев ва дигарон иштирок доштанд.
Нахуст Ато Мирхоҷа конференсияро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи кўдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагон Азизи Азиз дар мавзӯъи бедор кардани шавқи хонандагон ба китобхонӣ, таҳия, нашр, таблиғ ва дастрас намудани китобҳои бачагона суханронӣ кард.
Зиёев Муҳиддин мутахассиси лоиҳаи USAID дар бораи нашри солонаи китобҳо маълумот дод.
Аз рўи ҳикояи Ш. Муҳамадёр «Дар суроғи дўст» филми тасвирӣ ва аз рўи ҳикояи Азизи Азиз «Дурўғ» филми ҳунарӣ намоиш дода шуд.
Фирӯза Раҳимова