Башир Усмон: “Нури коинот”

Башир УсмонМусаввараи яке аз рассомони бузурги асри нуздаҳи англис – Уилям Ҳолман Ҳант, ки дар он боғе тасвир ёфта буд, дар Академияи Шоҳии Лондон ба намоиш гузошта шуд.

Асар «Нури коинот» ном дошт. Дар он марди файласуфсимое ба назар мерасид, ки шабонгоҳ бо чароғ дар миёни боғ истодааст. Ӯ бо дасти дигараш дарро мекӯфт ва гӯё аз дарун мунтазири посухе буд.

Як мунаққиди ҳунар, ки асарро бодиққат менигарист, ба Ҳант муроҷиат карда, гуфт:

Дар ҳақиқат, асари зебост, вале ман ба маънои он сарфаҳм нарафтам. Ин даре, ки он мард мекӯбад, ба назарам, ҳеҷ гоҳ боз нахоҳад шуд, ҳамин тавр не? Чун шумо ба он ҳалқаи дар гузоштанро фаромӯш кардаед…

Ҳант табассум  карду чунин посух дод:

– Он мард дари одиеро намекӯбад. Дари қалби инсонро мекӯбад. Азбаски он танҳо аз дарун боз мешавад, ба ҳалқаи берунӣ ниёз надорад.

ҚАСР

Якчанд ҷавон аз шӯру ғавғои шаҳр дилгир шуда, барои ҳузуру оромиш ёфтан ба қуллаи кӯҳҳои бузург баромадан хостанд. Дар аснои сафаршон бо чӯпоне вохӯрда, ҳамсуҳбат шуданд. Аз суҳбати кӯтоҳ бо чӯпон маълумашон гардид, ки дар болои теппаи пешорӯ қасре будааст.

Ҷавонон мегуфтанд, ки ҳар касе, ки он қасрро дар он баландии аз шаҳр дур бунёд кардааст, шахси одӣ нест, бениҳоят бодавлату сарватманд аст. Азбаски қасрашро дар водӣ неву дар болои теппа сохтааст, пас, бояд қасри ғайриодие бошад.

Ҳаваси дидани он қасри бошукӯҳ дар дилашон дучанд шуд. Барои диданаш ба роҳ даромаданд. Чандин соат роҳ гаштанд, то ки бар фарози теппа бирасанд. Аммо на қаср диданду на манзили одие. «Фиреб хӯрдем, чӯпон ба мо дурӯғ гуфт», ба якдигар нигариста, гуфтанд онҳо.

Чӯпон ки аз онҳо пештар ба болои теппа баромада буд, ба наздашон омад ва дарахти бузурги арчаро ба онҳо нишон дода, гуфт, ки ба шохаҳояш нигоҳ кунанд. Ҷавонон аввал сарфаҳм нарафтанд. Чун бодиққат нигаристанд, диданд, ки дар тани дарахт ба дарозии даҳ – понздаҳ метр зинапояе насб шудааст. Дар болои дарахт аз тахта қароргоҳе сохту шуда буд.

Чӯпон базудӣ худро ба он мавзеи тахтагӣ расонд ва ҷавононро ҳам даъват кард. Ҷавонон чун боло баромаданд, ба машомашон бӯйи аҷиби арча расид. Гирду атроф дарахтзор буд, хониши парандагон ба гӯш аҷаб форам мерасид. Вақте ки аз он баландӣ ба поён нигаристанд, манзараи зебое чашмашонро рабуд. Дарахтони сабзи арча бо сабзии дашту даман ба ҳам омада, аҷаб дилкаш гардида буд. Дар поён кӯле ҳам воқеъ буд, ки ба ин зебоӣ ҳусни дигар меафзуд. Ҷавонон хастагиро фаромӯш карда, муддате тамошо карданд.

Баъд чӯпон ба онҳо рӯй оварда, гуфт:

Ҳамон қасре, ки ба шумо гуфтам, ана ҳамин аст. Росташ, ман ин қасрро ба ҳеҷ як қасре, ки одатан бо деворҳо иҳота шудааст, иваз намекунам. Қаср бояд рӯҳи инсонро оромиш бахшад, на ин ки ҷисмашро ҳасб кунад.

Ҷавонон, ки чанде пеш нисбат ба чӯпон фикри бад карда буданд, ҳоло сар меҷунбонданду гуфтаҳояшро тасдиқ мекарданд.

МАНБАЪ: Башир Усмон: “Шоха бишканад, дил не”.

Китоб ба тозагӣ чоп шудааст ва ҳоло хоҳишмандон метавонанд аз он дар Китобхонаи миллӣ истифода кунанд. Ғайр аз ин китоби “Дидор”-и Башир Усмон ҳам дар Китобхона қобили дарёфт ва мутолаа мебошад. 

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд