Беш аз 340 ҳазор китоби электронӣ дар истифодаи хонандагон қарор гирифтааст

ЭлектронӣДар ин бора Яқуб Бобохонов, сардори шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ Китобхонаи миллии электронии Китобхонаи миллӣ зиёда аз 350 ҳазор нусхаи электронии адабиётро гирд овардаааст, ки зиёда аз 340 ҳазори он аллакай дар истифодаи умум қарор дорад. Аз ин теъдод беш аз 114000 китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ мебошанд.

Вай гуфт: То кунун, тибқи омори веб-барномаи Китобхонаи миллии электронӣ аъзои хонандагони маҷозии мо ба 16000 нафар расидааст ва ҳамарўза аз он ба ҳисоби миёна 600 нафар аз ин веб-барнома истифода мебарад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳашт моҳи соли равон тахминан шакли электронии 23500 китоб боргирӣ шудааст.

Яқуб Бобохонов ба таваҷҷуҳ ба ин ки китобҳои нодир зиёд дархост мешаванд, афзуд: Дар ин самт фаъолияти ҳайати кории нусхабардори шуъбаи автоматикунонӣ, раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ бомаром идома дошта, тибқи рўйхати пешниҳоднамудаи бахш, шуъба ва марказҳои Муассиса рақамикунонии фонди идома дорад. Ёдовар мешавем, ки аз ҳама пеш он адабиёте ба шакли электронӣ баргардон мешавад, ки камшумор, якнусха ва аз ҷониби истифодабарандагон зиёд дархост карда мешавад.

Таъкид ба маврид аст, ки дар баробари тариқи компютерҳои фардӣ истифода намудан аз Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон мутахассисони шуъбаи автоматикунонӣ, раванди китобдорӣ-иттилоотӣ тавонистанд шакли мобилии онро барои истифодабарнадгон пешкаш кунанд, ки минбаъд хонанда метавонад тариқи телефони мобилии худ аз веббарномаи мазкур бидуни мушкилӣ истифода намояд.

Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа
Китобхонаи миллӣ