Беш аз 60 шогирдони мактаби ба номи Бозор Собири пойтахт бори аввал аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд
Тӯли 3 ҳафта, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-т Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор шуд, Муассиса моломоли алоқамандони китоб буд.
Ҳамакнун сабқат ҳам пушти сар шуду ҳанӯз ҳам Китобхонаи миллӣ аз хонандаву алоқамандони китоб пур аст. Нимаи аввали рӯзи шанбе беш аз 60 нафар шогирдони мактаби 8 таҳти сарварии омӯзгори он аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ҳузур пайдо карданд.
Албина Худоёрова – омӯзгори фанҳои ибтидоии мактаби рақами 8 ба номи Бозор Собир зимни сайёҳати Китобхона иброз намуд, ки мутаасифона дар дунёи технолгия, копютерҳо ва телефонҳо кӯдакон бисёр кам мутолиа мекунанд, кӯдакон намехоҳанд бубинанд китоби зинда чӣ гуна аст. Мо танҳо паёмакҳоро дар телефонамон мехонем, танҳо хабарҳоро аз Ютуб мехонем, матнҳои кутоҳро аз шабакаҳои дигари иҷтимоӣ мехонему тамом, аммо муҳаббати кӯдакон ба китоб ҳоло бисёр мушкил шудааст.
Аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки ҳатман ба Китобхонаи миллиамон биёем, зеро китобхона боигариву сарвати кишварамон маҳсуб меёбад. Бисёр зебову олиҷаноб аст Китобхонаи миллӣ.
Бисёр умед мебандам, ки кӯдакон пас аз узви китобхона шудан, бо падару модаронашон ба ин кохи илму дониш ва кони фарҳангу хирад, покиву некӣ – Китобхона ташриф меоранд, гуфт зимни сайёҳат дар Китобхона устоди мактаби рақами 8 Албина Худоёрова.
Шогирдони мактаб зимни диду боздид аз Китобхонаи миллӣ сараввал шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасонро тамошо карда, доир ба адабиёти он ва ба кадом забонҳо мавҷудият будани китобҳои шуъба маълумоти комил гирифта, фаҳмиданд, ки дар шуъба маҳфилҳои гуногун амал менамояд, ки ба рушду пешрафти кӯдакону наврасон кӯмак мерасонад.
Пас аз ин шуъба хатсайри хонандагон ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳангу ҳунари китобхона идома ёфт. Нахуст дар ин шуъба шиносоии бачаҳо аз гӯшаи ҳунарманди маъруф, Артисти Халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳошим Гадо сар шуд. Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба хурдсолон дар бораи ин ҳунарманди мумтозу номдор иттилои кофӣ дода, китобҳои навиштаи ӯро низ ба хонандагон нишон дод, сипас аз аксҳои ӯ пурсон шуд. Падару бобоёни шумо ин ҳунарманди нотакрорро хуб мешиносанд, таъкид намуд корманди шуъбаи зикршуда ба бачаҳо ва чанде аз нақшҳои машҳуру муҳими ин ҳунарпеша ва коргардони боистеъдоди тоҷикро барои онҳо номбар кард.
Кӯдакон аз наздик бо китобҳо ошноӣ пайдо намуда, тарзи дархост намудани китоб, барои дарёти китоб ба куҷо ва чӣ гуна муроҷиат карданро донистанд.
-Толори адабиёти кӯдакон ва наврасон, шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунарро дидем, тассурот бисёр аст, кӯдаконро ором намудан бисёр мушкил аст, аз эҳсос лабрез мешаванд. Ҳоло сайёҳати мо дар китобхона идома дорад ва мо ба толори феҳристҳо ва толори хидматрасонӣ ба истифодабарандагон меравем то бо ин қисмати китобхона низ ошноӣ пайдо намоем, изҳор дошт Албина Худоёрова.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.