Билол Гадозода: Асарҳои Пешвои миллат арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ доранд

Билол ГадозодаБилол Гадозода довталаби озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Билол баъди баромадаш дар назди ҳайати ҳакамон бо мо аз ҷараёни омодагӣ ба Озмун ва таасуроташ суҳбат кард.

Билол дар суҳбат гуфт, ки соли аввал аст дар озмун иштирок мекунам ва зиёда аз 10 асари Пешвои миллатро бо пуррагӣ ва асарҳои дигарро қисман мутолиа намуда, аз худ кардаам. Асарҳои Пешвои миллат беҳтарин асарҳо мебошанд, ки на танҳо дар дохили кишвар балки хориҷ аз он низ эътибори баланд доранд. Мо аз ин асарҳо аз умқи таърих то ба  ин рӯз барои худ маълумот ба даст меорем, меомӯзем ва барои ояндаи худ дарсҳо мегирем.

Ӯ мегӯяд, озмуни ҷумҳурияви “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба мо ҷавонон руҳияи тоза бахшида, барои баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзишиамон кӯмак мерасонад.

Ҳамсуҳбати мо инчунин гуфт, ки миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун мерасонам ки барои мо донишҷӯён имконияти хубе доданд, то аз таърихи халқи худ бохабар бошем ва дониши худро сайқал диҳем.

Билол боварӣ ва умеди зиёде дорад, ки соҳиби яке аз ҷойҳои намоён гардад ва ба ҷавонон тавсия дод, ки вақти пурқиммати худро беҳуда назузаронда, рӯ ба китоб ва Китобхона оранд ва аз имконоти фароҳамшуда дар ин боргоҳи маърифату дониш истифода кунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки панҷ соли донишҷӯӣ фурсати хеле кам барои омӯзиш аст, аммо инсон метавонад тамоми умр бо китоб бошад ва лаҳза аз омӯзиш дур намонад.

Мо ба Билол дар ин озмун мувафақият хоҳонем.

Суҳбати Ганҷина Ҷолаева,

 бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.