«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ…”«Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим»-и Ибни Қурбон

Ибни ҚурбонКитоби «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим»-и Ибни Қурбон соли 2007 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нашриёти «ЭР-граф» ба табъ расида, аз 480 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Муҳаррири асар Баҳриддин Мирзоев ва тарроҳи компютерӣ З.Ҷамолов мебошанд. Ин китоб ба масъалаҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик бахшида шуда, муаллиф сарнавишти миллатро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти муосир аз дидгоҳи таҳлилӣ баррасӣ менамояд.

Дар оғози асар масъалаи ҷойгоҳи роҳбари давлат ва масъулияти ҷомеа дар ҳифзи давлатдорӣ матраҳ гардида, таъкид мешавад, ки пешрафти кишвар танҳо бо ҳамбастагӣ ва пуштибонии умумимиллӣ имконпазир аст. Сипас муаллиф ба шарҳи мафҳуми миллат ва худшиносии миллӣ пардохта, омилҳои асосии ташаккули ҳувияти миллӣ – забон, таърих, адабиёт, фарҳанг ва расму ойинҳоро таҳлил мекунад. Дар идома масъалаи сухандонӣ ва фарҳанги гуфтор, инчунин зарурати эҳёи хатти форсӣ ҳамчун унсури муҳими пайванди таърихиву фарҳангӣ баррасӣ мегардад.

Бахши муҳими китоб ба таносуби дин ва давлат ихтисос ёфта, нақши ислом дар ташаккули фарҳанги тоҷикон ва масъалаи ҳамзистии арзишҳои миллӣ бо арзишҳои динӣ таҳлил шудааст. Муаллиф тоҷиконро ҳамчун миллати мусалмони форсизабон муаррифӣ намуда, таъсири фарҳанги исломиро ба илму маърифат нишон медиҳад. Дар ин замина, бо истинод ба суханони Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки «-Миллате, ки арзишҳои фарҳангии худро қадр намекунад, наметавонад истиқлолияти худро устувор нигоҳ дорад!» Ҳамчунин бо овардани андешаҳои Гулмаҳмад Зокиров масъалаи дурии омма аз ҳокимият ва зарурати фаъол гардидани ҷомеа дар раванди давлатдорӣ баррасӣ мегардад.

Қисмати васеи асар ба саҳми тоҷикон ва умуман мусалмонон дар рушди илмҳои классикӣ бахшида шудааст. Муаллиф рушди илми тафсир, ҳадис, фиқҳ ва сарфу наҳви забони арабиро шарҳ дода, инчунин пешрафти фалсафа, тиб, нуҷум, риёзӣ, физика, кимиё ва мусиқиро таҳлил менамояд. Дар бахшҳои алоҳида масъалаҳои таърихи миллӣ ва адабиёти классикӣ баррасӣ шуда, нақши донишмандон ва адибони тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нишон дода мешавад.

Дар қисматҳои поёнии китоб масъалаи муносибати миллат бо ҷаҳони муосир, интишори ислом дар кишварҳои Ғарб, паҳлуҳои мусбат ва хатарҳои озодӣ, инчунин ҷойгоҳи тоҷикон дар фарҳанги ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор мегирад. Муаллиф дар хулосаи матолиб натиҷагирӣ намуда, эҳёи маънавӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди илму фарҳангро шарти асосии бақои миллат медонад. Дар маҷмӯъ, асар як таҳқиқоти фарогир буда, ҳамчун дастури фикрӣ барои омӯзиши худшиносии миллӣ, таърихи сиёсиву фарҳангӣ ва муайян намудани саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Аз ин китоби басо ҷолиб вобаста ба фанни физика порчаеро ба таври айнан иқтибос меорем:

ФИЗИКА. Ҷои таассуф аст, ки дар кутуби дарсии фанни физика омӯзиши таърихи ин илмро асосан аз қарни XVII шуруъ мекунанд ва бо ҳамин бар майнаи толибъилмон чунон мӯҳр мезананд, ки аз қуруни қаблӣ дигар ёде ҳам намекунанд ва агар рафту-ҷо-ҷо ҳарфаке гуфта шавад, он ҳам афсонагуна ва хеле содаву беаҳаммият арзёбӣ мегардад. Дар сурате, ки заминаи боэътимоди ин фанн дар қуруни вусто гузошта шуда буд ва намояндагони пуршарафи миллати тоҷик низ яке аз кошшифони соҳаҳоте аз он будаанд. Яъне ин илмро аврупоиён, чунонки имрӯз сирф илми «аврупоӣ» мутасаввир мегардад, бе заминаи таърихӣ ва билхусус бе таъсири уламои қурунивустоиши исломӣ, аз ҷумла тоҷикон, фаро гирифтаву ташаккул дода наметавонистанд. Ҳатто кашфиётҳои физикие ҳам будаанд, ки уламои Ғарб аз уламои исломӣ фаро гирифта, бо андак тағйире ва ё бидуни он, бе тардид ба номи худ сабт намудаву интишор додаанд.

Акнун бингарем, ки вазъияти ин фанн дар миёни уламои тоҷик, дар замони мавриди таҳқиқи мо, дар кадом сатҳ будааст.

Қабл аз ҳама инро бояд донист, ки дар шарқи мусулмонии қурунивустоӣ мисли Юнону Руми қадим уламои физик нафаронеро мегуфтанд, ки натанҳо дар риштаи хосси физика олим буданд, балки дониши эшон доираи васеъи улуми табиъиётро тавъам бо нуҷум, математика, биология ва ғайра фаро мегирифт. Калимаи юнонии «фюсис», арабии «ат-табиъия» ва лотинии «натура»-ро муҳаққиқини соҳа ба маънии умумии «физика» пазируфтаанд. Аз ин рӯ, метавон «физикаи» Юнони қадим ва шарқи қурунивустоиро ҳамчун «илм дар бораи табиъат» донист. Ва муҳаққиқини таърихи илми «физикаи» қадиму қурунивустоӣ маҳз бар ҳамин маънӣ иттифоқ кардаанд.¹ Ва мо низ ин равишро дар баррасии таърихи физикаи тоҷики замони мавриди омӯзишмон риъоят мекунем.

Асосан физикдонони тоҷик хеле зиёд буданд, ки мо ба кору фаъолияти баъзе аз онон ҳангоми баррасии илми нуҷум ошно шудем. Яқин аст, ки нуҷумшиносони бузурги мо аз «илми физика» баҳраи комил доштанд ва иддае аз онон устоди ин фанн низ будаанд. Аммо ин ҷо аз онҳое ёд хоҳем кард, ки дар ин ва ё он риштаи фанни мазкур барҷастагие аз худ боқӣ гузоштаанд ва ё кашфиётҳое кардаанд.

Аз тадқиқоти охири донишманди тоҷик – Абдулҳай Комилӣ бармеояд, ки дар тараққӣ ва инкишофи минбаъдаи физикаи асримиёнагии мусулмонон (то қ.ХI) нақши муҳиммро донишмандони зерин гузоштаанд: Абӯюсуф ал-Киндӣ (ваф.наздик ба 873), се писари Мӯсо ибни Шокир (Муҳаммад, Ҳасан ва Аҳмад) маъруф ба Банӯ Мӯсо дар к.IX, Абутайиб ибни Алӣ (ваф.864), Аҳмад ибни Фазли Бухорӣ (к.IX), Исмоил ал-Ҷазарӣ (к.IX), Абӯлҳасан ибни Қорра (836 – 901), ал-Форобӣ (ваф.950), Абубакри Розӣ (865–925), Абусаҳл ибни Рустами Кӯҳӣ (к.Х), Абуалӣ ибни Ҳайсам (ваф.1039), Ибни Сино ва дигарон.

– Дар олами ислом аввалин донишмандоне, ки ба масоили физика (механика) дахл кардаанд, се бародарони маъруф ба Банӯ Мӯсоанд, ки баъдан Ибни Қорра ақоиди эшонро бо «Механика»-и Аршимед (Архимед) омӯхта ва бо назариёту амалиёти тозае инкишоф додааст. Дигар аз уламои маъруфи исломӣ – донишманди пуровозаи тоҷик Абӯсаҳл ибни Рустами Кӯҳӣ (ваф.таҳм.1014) мебошад, ки аз ӯ дар боби илми риёзӣ ёд кардем. Кӯҳӣ натанҳо дар нуҷуму риёзӣ, балки дар физика низ сахт маъруф буд. Ӯ роҷеъ ба маркази вазнинӣ рисолае дорад таҳти унвони «Мулоҳизот дар он ки пас аз вақти охир ҳаракати беохир падид меояд», «Китоб барои мантиқиён дар пайдарпайии ду ҳаракат», ки баъдан ал-Хозинӣ дар асоси онҳо фарзияҳои Кӯҳиро дар хусуси фаҳмиши қувва, вазнинӣ, усулҳои таъйин кардани маркази вазнинии ҷисм ва ғайра муъайян карда буд.

– Муҳаммади Караҷӣ (ваф.таҳм.1029), чунонки аз ӯ дар боби риёзиёт ёд карда шуд, дар илми физика низ саҳме дорад. Ӯ кашфиётҳое дар улуми табиатшиносӣ карда буд, аз ҷумла роҳҳои дарёфти обҳои ниҳонии зеризаминӣ, истифодаи онҳо ва амсоли ин, ки дар амалияи он замон ва баъдан сахт муфид афтодааст. Вай дар ин хусус китоби машҳуре дорад таҳти унвони «Инботу-л-миёҳ ал-хуфӣ» («Истихроҷи обҳои ниҳон»).

– Дар он рӯзгор дар Машриқзамин аз ҳама бештар олими эрониасл ва арабнавис – Ибни Ҳайсам (965–1039) дар омӯзиши масоили физикӣ ба муваффақиятҳои бештар ноил омада буд. Вай аз уламои дигари улуми табиъиёт бо он фарқ мекард, ки сирф ба масоили физикӣ машғулият дошт. Ӯ ҳанӯз дар Аврупои асримиёнагӣ бо номи Алгазен маъруф буд. Ибни Ҳайсам дар таърихи илм ҳамчун яке аз асосгузорони оптика шинохта шудааст. «Мабҳаси нур» («Оптика»)-и ӯ муддате чанд барои физикдонони Шарқу Ғарб китоби асосӣ маҳсуб мешуд. Ҳамчунин рисолаи дигари ӯ дар механика – «Китоб дар бораи маркази вазнинӣ» аз ҷумлаи китобҳои маъруфи ин фанн буд……

ТАВСИЯ:

Китоби «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим»-и Ибни Қурбон аз асарҳои муҳими таҳқиқотӣ дар бораи таърих, фарҳанг ва худшиносии миллии тоҷикон ба шумор меравад. Дар баробари масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, муаллиф ба нақши илму маърифат дар пешрафти ҷомеа низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Бахшҳои марбут ба таърихи илм, махсусан физика, барои дӯстдорони фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ҷолибанд. Дар онҳо саҳми донишмандони Шарқ, аз ҷумла Ибни Сино, Ибни Ҳайсам ва дигарон, дар рушди илмҳои табиӣ нишон дода мешавад.

Сафаров Муҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ,
муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.