Биёед, ба сайри китобхона меравем! (ВИДЕО)

Муроҷиат ба ҷомеаи рӯзноманигорон ва блогерони ватандӯсту меҳанпараст!
Аз дӯстон ва ҳамкорон, кулли ҷомеаи рӯзноманигории кишвар, ҳамзамон блогерони машҳуру маъруф ва онҳое, ки дилашон барои Тоҷикистон ва ояндаи дурахшону рушани он метапад, барои ҳар фарди ҷомеа ва махсусан дар фикри ояндаи ҷавону навраси ин кишвари биҳиштосо ва соҳибистиқлол шабонарӯзи дарки масъулият менамояд, даъват менамоем, ки фурсате фаро расидааст (гарчи кайҳо фаро расида буд) дар тарғибу ташвиқи китобхона ва китобхонӣ саҳм бигирему барои насли ояндаи дурахшони ин мамлакат кӯшишу талош намоем.
Бо таваҷҷуҳ ба қувваи корӣ ва зеҳни пухтаву суфта ва донишу малакаи волову рӯшани ҷомеаи рӯзноманигорон ва бо дарки масъулияти баланди блогерони ватандӯсту меҳанпарасти тоҷик ва таҷрибаи бойи онҳо арз медорем, ки рӯзҳои 4-5 сентябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни “Рӯзи китоб” ва 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи “Дарҳои боз” баргузор мегардад. Дар ин рӯз, намояндагони мақомоту идора ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамзамон донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳамзамон толибилмони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе иштирок ва шоҳиди диду боздиди ҳамагонӣ аз шароиту имкониятҳои Китобхонаи миллӣ мегарданд.
Бинобар ин, аз рӯзноманигорон ва блогерони машҳури кишвар даъват ва хоҳиш менамоем, ки дар ин рӯз моро ҳамроӣ намоянд ва дар муаррифиву нишон додани мақому манзалати китобу китобхона ва китобдорӣ саҳми хешро гузоранд. Умедворем, рӯзноманигорони баору номуси миллат ва блогерони ватандӯсти мо минбаъд, дар ин сангар, яъне дар роҳи ҷалби хонандагон, махсусан ҷавонону наврасони диёр ба мутолааи китоб ва ҳеҷ набошад, нишон додани роҳи китобхона ва қисса намудан дар саҳифаҳои худ аз муҳтавову кайфияти китобхонӣ, ҳамзамон манфиату мутолиаи асарҳои мондагору хонданӣ миёни ҷомеа пайваста саҳмгузор мегарданд.
Вазифаи мо танҳо аз камбудиву норасоӣ гуфтану аз як ғалат дасиса сохтан иборат набуда, бовар дорем, ки ғурури тоҷикӣ ва инсонии мо барои манфиати ҷомеа қадам гузоштан низ ҷӯш мезанад ва барои як ҷомеаи маданӣ ва фарҳангиву илмӣ бунёд кардан, ҳамагӣ вазифаи хешро назди имону виҷдону ватан иҷро хоҳем кард. Боқӣ мо шуморо на танҳо рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ интизорем, балки ҳамарӯза дастархони пурганҷи мо ва кони маърифату дониш ва боргоҳи муқаддас баҳратон кушодаву танҳо дар интизори як каломи хушу хуб ва оқилонаву олимонаи азизон муштоқ аст.
Бахшида ба ҷашни “Рӯзи китоб” умедворем тамоми рӯзнома ва ҳафтаномаҳои кишвар бо шиорҳои ҷолибу хонданӣ дар васфи китоб дар саҳифаҳои худ аз китобу китобхона ҳарф хоҳанд гуфт ва хонандаро барои ба китобхонаҳо рафтан, ташвиқ хоҳанд кард.
БИЁЕД, КИТОБХОНА БАРОИ ШУМОСТ!