БО АРЗИ СИПОС БА ҲАМҚАЛАМОН ДАР “ҶУМҲУРИЯТ” ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО БЕДОР МЕКУНАД
Ин мақола имрӯз бо андаке ихтисор зери номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”. Озмуне, ки худшиносии миллиро тақвият медиҳад” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп шуд. Ҳоло шакли комили онро ин ҷо мегузорам.
ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО БЕДОР МЕКУНАД
Дақиқ намедонам идеяи ташкили озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” кай ва дар кадом шароите ба сари директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода омад, вале рӯзи шанбеи гузашта, баъди тақдими ҷоизаҳо ба ғолибону ширкаткунандагони он ба ин натиҷа расидам, ки ин озмун ба сурати идомадор ҳамасола бояд баргузор шавад. Ҳеч вақте ин ҷониб зарфи ҳаддиақал як соли охир ин гуна анбуҳи чеҳраҳои шодро надида будам.
Ин озмун, ки ҳадафи он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ғайра буд, муваффақ ба расолати худ шуд. Ҳатто гумон мекунам болотар аз ҳадди интизор. Ба ин озмун нафароне ҳам ҷалб шуда буданд, ки шояд пештар аслан намедонистанд чӣ аслу насаб ва чӣ таъриху фарҳанг доранд. Карашмаи Нангиёлой, кобулидухтаре, ки дар коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат мехонад, баъди ширкату баромад дар озмун бо ифтихор гуфт, ки 22 асари Пешвои миллатро хондааст. Муҳимтарин нукта аз мутолеоташ он буда, ки дақиқ дарёфтааст ориёӣ аст ва акнун аз ин ҳисси ифтихор хоҳад кард.
Тасаввур кунед, аз мутолиаи ин китобҳо киҳо чиро барои худ кашф карда бошанд. Дарвоқеъ мешавад сари ин мавзуъ жарфтар андешид. Агар ин озмун эълон намешуд, оё ба ин шумор хонандае меёфтем, ки дар баробари хондани осори Пешвои миллат қалбаш аз ҳисси ифтихор аз гузаштагони некномаш лабрез шудаву дар пайравӣ ба онҳо ба тарҳи орзуҳои ҷавонии худ иловаҳо ворид карда ё равиши зиндагии худро тағйир дода бошад?
Донишманди маъруф, узви ҳакамон Ҳафиз Раҳмон, ки тӯли ин чаҳор рӯзи озмун на танҳо доварӣ кард, балки шомгаҳон сари як пиёла чой ё шояд як финҷон қаҳва назару бардоштҳояшро аз ҷараёни озмун менавишт ва дар саҳифаи фейсбукии худ чун як озмуншиноси борикбин ба мутолиаи хонанда ҳавола мекард, як нуктаи басо ҷолиберо овард. Вай аз суҳбати хеле кутоҳаш бо як донишҷӯи коллеҷи тибии Бохтар ёд кард. Дар омади гап аз ӯ пурсидаст, ки шояд баъди хатми коллеҷ духтури хуб шавӣ. Аммо посухи донишҷӯ олими шинохтаро бештар шигифтзада кардааст. Вай гуфта, на, мехоҳад ба Академияи сиёсатшиносӣ равад ва сиёсатшинос шавад. Ҳафиз Раҳмон бо тааҷҷуб мепурсад, ки чаро ҳоло фикрат дигар шудааст, посух медиҳад, ки “Ҳамин асарҳои роҳбари давлат”.
Ин ҷавон, ки шояд баъди хатми коллеҷ равад ба омӯзиши сиёсат ва шояд оянда сиёсатшиносу сиёсатмадори хубе шавад. Зеро дарвоқеъ, вақте шавқ роҳбар шуд, инсон ба камолоте мерасад, ки орзу дошт. Ин ҷавон шояд ба хотири пирӯз шудану соҳиби ҷоиза гаштан дар озмун ширкат кард ва бо ин васила бо асарҳои Пешвои миллат шинос шуд. Аммо ин осор сарнавишти ӯро дигаргуна рақам зад. Шояд акнун ӯ пайроҳаеро тай хоҳад кард, ки муаллифи ин осори мондагор ва пайравонаш тай кардаанд.
Муқаддас Юсуфӣ низ аз муҳассилони коллеҷ буд, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омад. Вай ба суол дар бораи чӣ водораш кард, ба ин озмун ширкат кунанд, посух дод, ки чун омӯзгор мешавам ва насли ояндаро тарбия менамоям, мутолиаи ин асарҳо ҳамчун устод бароям ҳастмист. Гузашта аз ин бо хондани китобҳои Пешвои миллат хазинаи донишамро зиёд ва ҷаҳонбинии худро васеъ менамоям. Дар “Чеҳраҳои мондагор” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бисёре аз симоҳои шинохтаро ба мо муаррифӣ намудаанд. “Аз Ориён то Сомониён” ба мо мегӯянд аз куҷо омадаем, аз кадом дудмон сабзидаем, яъне аз таърихи худ бохабар шуданро ба мо меомӯзонад.
Ба ин озмун муҳассилини Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи кишвар низ иштирок карданд ва аз суҳбати ҳамкорон бо иддае аз онҳо мешуд дарк кард, ки аз хондани асарҳои Пешвои миллат ҳарчанд барои ширкат дар озмун буд, вале онҳо зери таъсир қарор гирифтанд. Аз ҷумла Сино Сафаров ном курсанти ин Донишкада ба ин натиҷа расидааст, ки “барои дарки мазмуну муҳтавои китобҳои муҳтарам Пешвои миллат онҳоро бояд бо диққат хонд ва ба умқи онҳо ворид шуд. Мутолиаи сарсарӣ ва беаҳамиятона дар чунин як озмуни сатҳи баланд ягон натиҷа дода наметавонад”.
Дар робита ба озмун Суҳайло Мустафоева, донишҷӯи колеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ақидаи комилан дигар дорад. Ӯ мегӯяд, “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои ман фақат як озмун нест, ин масъулият аст. Вақте ман тасмим гирифтам дар шинохти Пешвои миллат, таъриху тамаддуни миллати худ ва худшиносии миллӣ ақидаҳои созанда дошта бошам, ин китобҳо барои ман равшаннамои роҳи ояндаам мегарданд”.
Даври ниҳоии озмун чаҳор рӯз дар як фазои солими баҳсу андеша гузашт. Мо бо нафарони зиёде ҳамсуҳбат шудем ва бо тақозои касбу вазифа назарашонро пурсидем. Аксарият ба ҷанбаи омӯзишии ин озмун таъкид доштанд. Яъне, китобҳои баргузида барои озмун бештар аз нигоҳи назарӣ ҳавасангезанд ва ба хонанда ангеза медиҳанд, ки оянда кӣ бояд бошад ё кӣ шавад. Ин китобҳо пеши назари хонанда асрори асрҳои куҳанро мекушоянд ва бидуни шак рӯҳи гузаштагон аз қаъри асрҳои пурошӯб дар баҳсу андешаи хонанда шарик мешавад. Аз миёни саҳифаҳои ин китобҳо метавон чанги таърихро бод кард ва аз аср ба асри дигар нобиғаҳои худро ҷӯё шуд.
Як худи “Чеҳраҳои мондагор” дунёест, ки дар он метавон ҳам аз қаҳрамониҳои Куруши Кабир, Спитамен, Монӣ, Маздак матлаб хонд, аз дини аҷдодонамон Зардушт огоҳ шуд, ҳам аз хотами анбиё Муҳаммади Мустафо (с) ҳикмати зиндагӣ омӯхт, ҳам бо ирфони Шамсӣ Табрезиву Мавлонои Рум ошно шуд, ҳам бо Носири Хусраву Пури Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадониву Хоҷа Камоли Хуҷандиву Мавлоно Ҷомӣ ҳамсуҳбат шуд ва ҳам муосирони худ Айниву Лоҳутиву Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзодаву Нусратулло Махсуму дигаронро аз наздиктар шинохт. Бидуни шак ин китоб як дастури омӯзишӣ барои ҳар касест, ки мехоҳад бидонад, ки кай ва аз куҷо омадаву ҳоло куҷо равон аст.
Ва ҳамин гуна ҷозибаро китобҳои дигари Пешвои миллат доранд, ки хонандаро ҷалб мекунанд. Аз ҷумла, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Наврӯз шиносномаи миллат”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ”, “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ғайра, ки дар бораашон метавон суханони болоро гуфт. Аммо ин китобҳо боз фазилатҳои дигар ҳам доранд, ки ба дониши хонанда, ба ҳисси ифтихори ӯ меафзоянд.
Китобхонаи миллӣ ҳар ҳафтаву ҳар моҳ ҳамоишҳо, конфронсҳо, мизҳои гирд ва нишастҳои зиёди илмиву фарҳангӣ, рӯнамоии китобҳои тозанашри муассиса ва маҳфилҳои дигари хотирмон баргузор мекунад. Ҳатто дар ҳамин чор рӯзе, ки озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” мегузашт, дар толорҳои дигар се ҳамоишу мизҳои гирд бо номҳои «Дастурҳои библиографӣ дар давраи истиқлол: вазъ ва тамоюли рушд», “Ишқ дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ…” бо ширкати директори муассиса баргузор шуданд. Муовини аввали директори Китобхона Салима Раҷабзода фурсате ёфт, ки дар онлайн – конфронсибайналмилалии илмию-амалӣ иштирок ва дар мавзуи “Китобхонаи миллӣ – Маркази илмӣ ва методии китобхонаҳои Тоҷикистон» суханронӣ кунад.
Вале озмун ба сари худ як тадорукоти вижа ва бесобиқа барои ин муассисаи адабиву фарҳангӣ буд. Кулли масрафоти он аз ҳисоби Китобхонаи миллӣ пардохт шуд. Дар даври ниҳоии озмун 180 нафар ширкат карданд: 62 нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ, 56 нафар муҳассилини коллеҷҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, 62 нафар аз коллеҷҳои вилояти Хатлон.
10 нафар соҳиби мукофоти пулӣ шуданд, ба 21 нафар шоистаи ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ширкаткунандагон ва ғолибон бо сипосномаву ифтихорномаҳои Китобхонаи миллӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио ва ғайра сарафроз гардонда шуданд.
Озмун ба ҳадафи дигари худ, ки кашфи истеъдодҳои нав буд, низ муваффақ шуд. Гулнисо Содиқзода барандаи ҷойи аввал дар миёни донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар ва донишҷӯи соли севуми коллеҷи омӯзгории Қубодиён бо тарзи баёну андеша, сабурӣ дар посух ба суолҳо, дониши амиқ ва маҳорати то шунаванда расонида тавонистани посухи дақиқ ҳамин гуна истеъдоди нодир муаррифӣ шуд. Ҳатто то кунун пайи дарёфти сабти садову видиои ин духтари ҷавон муроҷиат мекунанд, то чун як василаи омӯзишӣ истифода кунанд. Интихоби Гулнисо аз Қубодиён чун ғолиби ҷойи аввал нишони дигар аз шаффофияти озмун аст.
Озмун марҳилаи таҷрибавиро пушти сар кард ва ташаббуси соли аввал паёмҳои хуше аз ояндаи роҳандозии он башорат медиҳанд. Дар айни замон нуқтаву назару пешниҳодҳое, ки дар чаҳор рӯзи озмун аз ҷониби донишмандони маъруф, аъзои жюрӣ ироа гардид, аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз назари инҷониб боястӣ барои таҳкими минбаъдаи ифтихорот ва бедории худшиносии миллӣ, шинохти асли худ ин озмун дар Китобхонаи миллӣ васеътару густардатар ва бо ҷалби доираи васеъи хонандагон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамасола баргузор шавад.
Бобоҷон Шафеъ, таҳлилгар,
Аълочии матбуот ва
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.