Бо бачаҳо. Муҳаббати Юсуф. “Вафодор”

Бо бачаҳо. Муҳаббати Юсуф. “Вафодор

Муаллифи китоби “Вафодор” Муҳаббати Юсуф аст. Китобро соли 2019 ТҶБ “Истиқбол” чоп кардааст. Муаллиф дар оғоз менависад: “Бачаҳои азиз! Ҳама ҳайвонотро дӯст бояд дошт. Ғамхору парастори онҳо мебояд буд, зеро ҳайвонҳо низ мисли одамон дӯстони содиқ ва вафодор буда метавонанд”.

Ҳикояро айнан меорем.

ВАФОДОР

Модасаги Ҳамзаино ин дафъа ҳам шаш сагчаи хушрўяк зоид. Сагчаҳо яке аз дигаре дилкаштар буданд.

Ба Шаҳбоз сагчаи сафедакаш, ки фуки сиёҳ дошт зиёд маъқул шуд. Аз дўсташ хоҳиш кард, ки сагчаро ба ў фурўшад.

– Ҳамзаҷон, ин сагчаатро ба чанд сум мефурўшӣ?

– Наход одам ба дўст сагро фурўшад. Хоҳӣ ҳамаашро гир.

–  Раҳмат дўстам, – гуфт Шаҳбоз хурсандона ва сагчаро ба бағал гирифт.

– Қариб фаромўш кунам. Зодрўзат муборак ҷўра! Бигзор ҳамеша солиму сарбаланд бошӣ.

– Ташаккур Ҳамзаҷон. Имрўз беҳтарин туҳфаро аз ту гирифтам.

Шаҳбоз бо дўсташ хайрухуш карду ҷониби роҳи калон равон шуд. Сагчаро бо эҳтиёт дошта, гоҳ-гоҳ ба қафаси синааш ҷафс мекард. Дилаш лабрези фараҳ буд.

Сагча фукашро ба коса наздик оварда ширро бўй кард. Таъми шир нафорид, ки худро қафо кашид. Шаҳбоз дилтанг шуд.

– Чаро ширро нахўрдӣ? Гурусна мемонӣ, майдача…

Сагча боз ба коса наздик омад. Ин бор забончаашро бароварду ширашро хўрд.

Шаҳбоз хушҳол шуда ба хона даромад. Хўрокашро хўрда вазифаи хонагиашро тайёр кард. Аммо фикраш ба сагча банд буд.

Дилаш мехост, лаҳзае аз назди сагча дур наравад.

Шаҳбоз бузургтар мегашту сагчааш Ҳайбар ҳам.

Солҳо сипарӣ гардид. Шаҳбоз мактаби миёнаро хатм кард. Пайи идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омўзгорӣ супурд, вале бахташ нахандид. Чун кораш омад накард, ихтиёрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ дархост навишт. Рўзу соати хайрухуш Шаҳбозро то сари роҳи калонг усел намуданд. Хайбар то охири роҳ ҳамроҳ рафт. Ба пойҳои Шаҳбоз мепечиду панҷаҳои дасташро, рухсораҳояшро мелесид.

Шаҳбоз бо чашмони пурнам Хайбарро бўсаборон карду ба мошин нишаст. Хайбар то аз назар ғоиб шудани мошин дар роҳи калон истод. Сипас ноумед ҷониби хона роҳ гирифт.

Хайбар ғамгин буду иштиҳо надршт.

Пас аз чанд рўз аз Шаҳбоз хат омад. Ў пайваста аз аҳволи Хайбар мепурсид. Аз додараш хоҳиш кард, расми Хайбарро ба ў фиристад.

Аскарбачаҳо ҳамеша интизори номаи хешу ақрабо ҳастанд. Яке аз модар нома мехонду яке аз маъшуқа, вале Шаҳбоз ҳеҷ майли номахонӣ надошт. Танҳо ба сурати Хайбар менигаристу менигарист. Гоҳо бо ҳазл аскарон суратро гирифта, пинҳон мекарданд, вале ў зуд онро меёфт.

Соли хизмат бо пазмониҳо, бо бехобиҳо паси сар шуд. Шаҳбоз ба ёди Хайбар буд, Хайбар ба ёди ў. Хайбар хеле лоғар шуда буд…

Ниҳоят рўзи дидор ҳам расид. Мошине, ки Шаҳбозро аз Душанбе меовард, назди дарвоза қарор кард. Овози мошинро аз ҳама аввал Хайбар шунид. Шаҳбоз Хайбарро дида зуд аз мошин фуромад.

Ҳарду мисли дўсти ҷонӣ якдигарро ба оғўш гирифтанд. Шаҳбоз сару рўи Хайбарро мебўсиду Хайбар рухсораҳои ўро бо меҳр мепалмосид.

Пушти дарвоза дар як дам аз одам пур шуд.

– Эҳ Шаҳбоз, Шаҳбози паҳлавони падар.  Дар бораи дўстии инсону саг нақлу ривоятҳои зиёде шунида будам, вале акнун бо чашмони худам дидам, – гуфт падари Шаҳбоз ва ўро сахт ба оғўш кашид. Хешу табор, ёру рафиқон бо Шаҳбоз бо навбат вохўрӣ мекарданд.

Хона ба тўйхона табдил гашт. Хайбар дигар дар гўшае бедимоғ  наменишаст. Рўи ҳавлӣ чарх мезад. Дум ликонда гоҳ пеши ошпазҳо меомаду гоҳ пеши нонпазҳо. Ў он лаҳза гўё аз ҳар яке шодиёна мегирифт, шодиёнаи баргаштани дўсташро …

Муддате аз миён гузашт. Шаҳбоз мубталои ишқ гашт. Оила бунёд кард, вале меҳри Хайбар ҳамон буду ҳамон. Акнун дукаса ба Хайбар меҳрубонӣ менамуданд.

Даруни боғи тут, ки падар он ҷо обчакорӣ карда буд, Шаҳбозу арўсаш кор мекарданд. Хайбар шодикунон ҳар сў меҷаҳиду бозӣ мекард.

– Кош соҳиби писарчаи дўстрӯе мешудем. Бо Хайбар ў ҳам дўст мешуд, ҳатман меҳр мебаст, – мегуфт Шаҳбоз пайваста ба ҳамсараш. Ҳамсараш ҳомила шуд.

Вале аз куҷое Шаҳбоз ба дарди бедаво гирифтор шуд…

Дар муддати кўтоҳ қуввату дармонашро гирифт. Ўро лоғару нотавон кард.

Табибон ҳарчанд талоши давояш мекарданд, аммо ҳеҷ натиҷа намебахшид. Падар илоҷи дарди писарро дар табобат диду ўро ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе овард.

Шаҳбозро ҷарроҳӣ карданд. Пас аз ба худ омадан аввал номи Хайбарро ба забон гирифт. Падар ба болини Шаҳбоз наздик омада сар ба пешонааш гузошт.

– Ҷони падар. Хайбар сиҳату саломат. Аз рўзе, ки туро ба беморхона овардем, ҷояш пушти дарвоза шудаст. Аз ҷо намеҷунбад. Ду чашмаш фақат ба роҳи ту. Ҳамсарат ба ў хўроку об медиҳад, вале иштиҳои Хайбар нест.

Шаҳбозро пас аз ду ҳафта ба хона ҷавоб доданд. Аммо ў ҳамон бемадор буду аз дарди ҷонсўз шиква дошт.

Хайбар аз сари болинаш дур намешуд.

Рўзҳои охир аҳволи Шаҳбоз ниҳоят вазнин шуд. Ҳама умед аз умри ў кандаанд, вале Хайбар тан намедод. Пойҳои лоғари Шаҳбозро бў мекашиду аз домани куртааш газида кашола мекард. «Аз бистар хез, ба кўча баро» мегуфт, аммо бенатиҷа.

Шаҳбоз қариби шом ҷон дод.

Нолаи хоҳару додарони Шаҳбоз тамоми деҳаро фаро гирифт. Арўси бахтнадида зор менолиду мегирист. Хайбар низ фукашро ба болои ҷасади дўсти ғурамарг гузошта ашк аз чашмонаш мешорид. Бо ишораи мулло нафаре аз миёни анбуҳи одамон сагро ба гўшае бурд. Гўристон ҳамагӣ панҷоҳ қадам дуртар аз хонаи онҳо воқеъ буд. Тобутро бардоштанд. Ҳеҷ кас пай набурд, ки аз қафои одамон Хайбар ҳам равон буд…

Субҳ пайвандони Шаҳбоз сўи гўристон раҳ гирифтанд.

Болои гўри тоза ҷасади беҷони Хайбар мехобид…

Муҳаббати Юсуф

ТҶБ «Истиқбол»,  2019.

Китоби “Вафодор”-ро, ки бо расмҳои басо ҷолиб оро дода шудааст, хонандагон метавонанд дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи имиллӣ дастрас кунанд ва бихонанд.

Таҳияи Шаҳноза ДОНИЁРОВА,

Муовини сардори шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ.