БО БАЧАҲО. Наҷмиддин Салоҳиддинзода. “Дандони ман сап – сафед”
Ин китоб соли 2020 чоп шудааст ва муаллиф бо шеваи барои кӯдакон хос муносибат бо дандонро мавриди баҳс қарор додааст. Бачаҳо бояд бо дандонҳояшон чӣ мносибате дошта бошанд, ки онҳо солим бимонанд? Посухи ин суолро аз ҳикоя хоҳед пайдо кард.
***** **** ****
Анўш чанд қошуқча шўрбо хўрд. Шўрбо гарм буд. Вай ба истакон оби хунук рехт ва нўшидан хост .
– Ист, – гуфт Нозанин ва истаконро аз дасти додараш гирифт.
–Барои чӣ?- ҳайрон шуд Анўш.
– Баъди хўроки гарм оби хунук нўшидан зарар дорад.
– Чи хел?
– Сири дандонат мекафад!
–Ман ташнаам, – гуфт Анўш.
Нозанин гуфт:
Оби ширгарм бинўш. Гармиву сардии сахт дандонҳоро бемор мекунад.
Рўзи дигар баъди тановули хўрок Анўш хост пораи наботро бо дандонаш шиканад.
–Анўш, бо дандонат наботро нашикан, – боз огоҳ кард Нозанин.
–Барои чӣ?
–Набот мисли санг сахт аст.
–Дандони ман ҳам сахту устувор- ку.
–Дар асл дандон хеле нозук аст, – гуфт Нозанин .– Фаҳмидӣ?
–Фаҳмидам.
Баъди чанд рўз Нозанин дид, ки Анўш боз бо дандонаш бодом мешканад.
–Бодомро бо дандон нашикан! – гуфт ў.
– Барои чӣ?
–Дандонат мешиканад. Дар ҷойи шикастаи он микробҳо ҷо мегиранд. Чормағзро бо санг шикаста хўр.
–Микроб чист?-пурсид Анўш.
–Микроб чизи майдаҳак аст.
–Микробро шумо дидаед?
–Микробро бо чашм дада намешавад. Барои дидани он микроскоп лозим аст.
–Хуб, бо дандон дигар чормағзу набот намешканам. Писта – чӣ? – боз пурсид Анўш.
–Пистаро ба ман деҳ, – гўён Нозанин, бо меҳрубонӣ онро аз дасти Анўш гирифт.
–Шикаста бинед, гуфт Анўш. – Он қадар ҳам сахт нест.
–Не, ман дандонҳоямро эҳтиёт мекунам! -хитоб кард Нозанин.
–Ин тавр бошад, гуфт Анўш. – Донаи зардолу шикаста мехўрам.
Нозанин боз эътироз кард:
–Донаи зардолу ҳам сахт аст. Онро бо дандон нашикан.
–Донаро ба ман деҳ.
Нозанин донаро гирифта, бо санг чанд маротиба зад.
–Чӣ кор мекунӣ? -пурсид Анўш .
–Дидӣ, Анўш? Чанд бор бо санг зада шикастам. Акнун фаҳмидӣ.
– Фаҳмидам.
–Акнун мева нахўрам?- Не, баръас, хўрдани себ фоида дорад. Даҳону дандонҳоро тозаю хушбўй мекунад,- гуфт Нозанин.
–Боз чӣ кор кунам, ки дандонҳоям мисли дандонҳои шумо сап – сафед шаванд?
Нозанин ба Анўш чўтка ва хамираи дандоншўйӣ туҳфа карда, гуфт.
–Хар кас бояд чўтка ва хамираи дондоншўйӣ дошта бошад. Ҳаргиз бо чўткаи дигарон дондон тоза накун.
–Фахмидам. Аз хамира дандоншўйии дигарон ҳам истифода набарам?
–Аз хамираи дадоншўйии ман мумкин, чунки барои кўдакон аст. Лекин аз они падараму модарамро нагир, ки барои калонсолон аст.
– Ҳар рўз дандон шустан шарт аст? – пурсид Анўш.
–Бале, ҳар рўз ду маротиба .
–Кадом вақт?
–Саҳар ва бегоҳ.
–Дандонҳоро чӣ тавр шустан лозим аст?
– Ана, ин тавр: чўткаро ба тарафи росту чап, ба болою поён ҳаракат дода, пасу пеши дандонҳоро тоза мекунӣ, фаҳмидӣ?
–Беҳтараш нишон диҳед, хоҳиш кард Анўш.
– Аввал даҳон ва чўткаи дадоншўйиро бо оби ширгарм мешўйӣ. Баъд ба болои чўтка каме хамира молида дандонҳоро мешўйӣ.
–Чӣ қадар хамира лозим ?
–Тахмин баробари як ё ду донаи лўбиё.
– Фаҳмидам.
–Аввал дандонҳои қатори пеш, баъд боло, сипас поёнро мешўйӣ.
–Барои дандонҳои поён боз хамира мегирам?
–Не, хамоне ки грифтӣ, кифоя аст.
–Баъд чӣ?
– Баъд дандонҳои болою поёнро ба ҳам расонда, берунашонро ба трафи рост тоза мекунӣ.
–Яъне, то дандони охирини тарафи рост?
–Офарин .То дандони курсии охирин.
–Акнун тарафи чапро?
–Ҳа, бо чўтка аз пеш то дандони курсии охири тарафи чап тоза мекунӣ.
–Боз чи? -бесаброна пурсид Анўш.
– Навбати тоза кардани тарафи даруни дандонҳо расид. Даҳонро калон кушода, дадонҳои болоро бо ҳаракати доирашакл тоза мекунӣ. Дадонҳои поёнро чӣ?
–Чӣ тавре дандонҳои болоро шустӣ, дандонҳои поёнро ҳам ҳамин тавр тоза мекунӣ.
– Чўтка ба забон расад –чӣ?
–Ҳеч гап не, бо чўтка забонро ҳам тоза мекунанд. Аммо рўйи онро тоза кунӣ, кифоя аст.
– Фаҳмидам.
–Дар охир даҳонатро бо оби гарм се бор тоза мешўйӣ. Хамира аз даҳону дандон бояд тоза шавад.
– Фаҳмидам апаҷон, акнун ҳар саҳар пеш аз хўрок ва бегоҳ пеш аз хоб дандонҳоямро мешўям.
– Офарин, додаракам. Ҳар рўз барои дандоншўйӣ ду-се дақиқа вақт ҷудо кун. Он гоҳ дандонҳоят сап – сафед мешаванд. Дандонҳои шумо сап-сафед-ку? Барои чӣ модарам шуморо ба назди духтури дандон бурд?
–Ҳар шахс бояд соле як-ду маротиба дандонхои худро ба духтури дандон нишон дихад .
–Дандон дард накунад, ба духтур ба рафтан чӣ лозим?
–Лозим, Анўшҷон. Духтур дандонҳоро муоина мекунад. Агар дар дандонҳо нуқсе ёбад , табобат мефармояд фахмидӣ?
– Бале.
–Ана ҳамин тавр, Анўшҷон. Сиҳатии дандон бардамии инсон аст. Барои ҳамин мо бояд дандонҳоямонро тоза нигоҳ дорем.
Таҳияи Умед Алиев,
мутахассис пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.