БО БАЧАҲО. Озодхон Валиев. “Орзу”
Насим дар дил орзуҳои зиёд дорад. Масалан, мисли оҳу дар сари қуллаҳо давидан аз орзуҳои ширини Насим аст. Баъзан ў мисли уқоб дар осмони софу беканор парвоз кардан мехоҳад,зеро аз баландӣ ба поён назар афкандан ба вай хуш меоя.
Боре Насим хост, ки сарнишини чархбол бошад ва ғур-ғуркунон болои деҳаро давр занаду давр занад. Сипас дар марғзори канори деҳа нишаста,ҷўраҳояшро бо худ бигирад ва боз боло бипарад.
Албатта, Насим медонад, кӣ ба уқобу оҳу табдил намеёбад, аммо баъзан дар хобаш ба мурод мерасад. Масалан, дишаб вай як хоби аҷиб дид.Хоб дид,ки ҳамроҳи рафиқонаш дар чархбол парвоз мекунад.Сарнишин аст ў. Ғур-ғуркунон аз болои шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон мегузарад. Бачаҳо ўро дида шодӣ мекунанд, даст меафшонанд.
Вақте чашм кушод, ғамгин шуд, ки хоб дидааст. Албатта, барои сарнишини чархбол шудан бояд мактаби ҳавопаймоиро хатм кард.
Насим роҳу усули расидан ба орзуҳояшро ёфт. Шояд шумо гумон кунед,ки мисли қаҳрамони афсонаҳо чўбаки сеҳрангез пайдо кард? Яъне, чўбакро ба остинаш соиш диҳад, ҳар орзуяш амалӣ мешавад?
Не, наёфтед!
Насим амаки Латиф ном ҳамсояи ҳунарманд дорад. Амаки Латиф рассом аст. Одами ҷиддӣ, камгап ва хеле меҳрубон. Дар ҳама ҷо расм мекашад. Баъзан рангу мўқаламу варақҳояшро гирифта, ба кўча мебарояд.
Насим соатҳо дар назди амаки Латиф истода,тамошо мекунад. Ин марди гулдаст коғази сап-сафедро дар як соат гўё зинда мекунад.
Дар рўйи коғаз гулу лола, сабзаю себарга, барраву бузғола, кўҳу пушта ва офтобаки хандон пайдо мешаванд. Ҳама ба назар нотакрору ҳақиқӣ менамоянд.
Як рўз Насим ба расми амаки Латиф нигоҳ карда гуфт:
– Дар ин ҷо расми парастуро кашидан даркор, амак. Хушрўтар мешавад.
– Дуруст! Офарин!- хурсанд шуд амаки Латиф ва чанд парастуро тасвир намуд.
Баъд ба Насим гуфт:
– Ту, писарам, завқи рассомӣ дорӣ. Агар рассом шавӣ, ҳамаро мафтун мекунӣ.
Ин гап Насимро хеле хурсанд кард. «Ман ҳам расм мекашам». Расмҳои кашидаи Насим ба амаки Латиф бисёр хуш омаданд.
– Ана, ман ҳам шогирд пайдо кардам,- гуфт вай хурсандона.
Насим рўҳбаланд шуда, ҳар расми кашидаашро ба назди амаки Латиф мебурд. Амаки Латиф баъзе хатоҳои ўро ислоҳ мекард,маслиҳат медод. Нишон медод, ки дар куҷо кадом рангро истифода кунад.
– Офарин, писар!- таъриф мекард ў.- Ман аз ту умеди зиёд дорам.
Рўзе Насим рангу мўқалам гирифта,дар девори хонаашон расм кашид.Вай офтоби хандон, кўҳҳои сарсафед,пуштаҳои сабзу хуррам,марғзори пур аз гулро тасвир намуд.
Саги вафодори Насим-Хайбар аввалин тамошобини ин расм буд. Вай бо ҳавас расмкашии Насимро тамошо мекард. Насим сагашро дида, илҳом гирифт ва манзараҳоро басо дилчасп тасвир кард.
Ногоҳ дарвозаи ҳавлӣ боз шуд ва Ҳасан даромад. Ҳасан бародари
калонии Насим аст. Вай, ки деворро ду рўз пеш оҳак молида, сафед карда буд, дар ҷояш шах шуд.
– Ту чӣ кор кардӣ?- пурсид ў норозӣ аз Насим.
– Расм кашидам,- ҷавоб дод Насим.
– Эҳа, расм кашидаст,- ғурунгос зад Ҳасан.- Деворро расво кардӣ!
Ҳасан деворро дубора сафед кард.
Насим дуртар рафта гиря кард. Зўраш намерасид, ки чўткаро аз дасти Ҳасан бигирад.
Ин лаҳза аз ошхона модар баромад.
– Чаро гиря мекунӣ?- пурсид ў.
Насим ҷавоб надод ва бо алам ба тарафи Ҳасан нигоҳ кард. Модар ҳамааашро фаҳмид.
– Кори хуб накардӣ, Ҳасан,-гуфт вай.- Насимҷон манзараи зебо кашида истода буд.
– Девор бояд сафед бошад, модарҷон! – ба оҳанги қатъӣ гуфт Ҳасан.
Модар ба Насим гуфт:
– Писарам, гиря накун. Пагоҳ туро ба ҷое мебарам, ки озодона расм мекашӣ.
Рўзи дигар модар Насимро ба маҳфили «Рассомони ҷавон»-и шаҳр бурд. Дўсти вафодораш Хайбар ҳамроҳи Насим буд. Вай гўё пешомади хуберо пай бурда буд,ки дум ҷунбонида хурсандӣ мекард.
Насим дар маҳфили «Рассомони ҷавон» аз устодони пуртаҷриба нозукиҳои ҳунари рассомиро омўхт. Рўзе озмун эълон шуд. Насим манзараеро тасвир намуд, ки дар девори хонаашон кашида буд. Мусаввараи ў «Кўҳистон» ном дошт.
«Кўҳистон» беҳтарин расм эълон шуд. Ҳоло Насим ҳамроҳи амаки Латиф расм мекашад. Дар паҳлӯи онҳо саги вафодор Хайбар ҳамеша ҳозир аст. Вай аввалин тамошобини расмҳои Насим аст.
Он рўз дур нест, ки Ҳасан аз бародари рассомаш узр пурсад…
Китоби “Орзу” соли 2019 бо кумаки Оҷонсии рушдим байналмилалии ИМА (USAID) чоп шудааст. Ин ва даҳҳо китоби шавқовари дигарро шумо, бачаҳои азиз метавонед дар Толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи якум мутолиа намоед.
Таҳияи Зарина Бобоева, мутахассиси Шуъбаи кӯдакон ва наврасон.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН:
БАРОДАРОН ГРИММ. “ТАНГАҲОИ ОСМОНӢ”. БАХШИ I
БАРОДАРОН ГРИММ. “ТАНГАҲОИ ОСМОНӢ”. БАХШИ II
САДАФМОҲ АБДУНАЗАРОВА. “КАЛОБА КУҶО ШУД?”
БО БАЧАҲО ДАР ЗОДРӮЗИ МИРСАИД МИРШАКАР