БО БАЧАҲО. Равшан Раҳмонӣ. “Гурбаи думбурида”. Аз афсонаҳои халқи тоҷик
Буд, набуд, як бибӣ буд. Вай як гов дошт. Говаш гўсола кард. Бибӣ ҳар рўз пагоҳӣ ва бегоҳӣ говашро медўшид. Ширашро дар як дег андохта ба ошхона мегузошт. Шир қаймоқ мебаст. Қаймоқро ба набераҳояш медод. Онҳо лаззат бурда мехўрданду бозӣ мекарданд. Баъди бозӣ ба гови бибӣ алаф меоварданд.
Чун одат, як пагоҳӣ бибӣ аз хобаш хесту ба ошхона даромад. Ногоҳ дид, ки як гурбаи зарди ало ширашро мехўрад. Бибӣ гурбаи дуздро дида дар ғазаб шуд. Оҳиста ин тарафу он тараф нигоҳ кард, ки чизе наёфт гурбаро занад. Чашмаш ба табар афтод. Табарро гирифта чунон ба думи гурба зад, ки думаш канда шуд.
Бибӣ ба назди дег омада дид, ки гурба ширашро хўрдаст.
Гурбаи бедум ба сари девор баромада, илтиҷоомез ба бибӣ гуфт: –Мяв- мяв- мяв, думамро бидеҳ.
Бибӣ бо асабоният ҷавоб дод: Гурбаи дузд! Аввал ширамро бидеҳ! Баъд думатро бигир! Гурба ночор давида –давида назди гов рафту гуфт:
–Хуб шудааст. Ту ба ман алаф биёр, ман ба ту шир медиҳам.
Гурба дав-давон ба замини алаф рафт. Дид, ки алафаш пажмурда шудааст. Гурба ба замин гуфт:
– Замин – замин, илтимос, ба ман алаф деҳ, ман алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Замин гуфт:
– Хуб, вале мебинӣ, ки алафҳои ман пажмурда шудаанд. Мироб об доданро фаромўш кардааст. Аввал ба ман об деҳ, баъд ба ту алаф медиҳам.
Гурба давида- давида пеши мироб рафту гуфт:
– Салом, акаи мироб.
– Воалейкум ассалом, гурбаи думбурида.
– Илтимос, ба замин об бидеҳ, замин ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ думамро диҳад.
Мироб гуфт:
– Хуб, гурбаҷон. Лекин ман гуруснаам, ба ман тухм биёр. Ман тухмро хўрда, қувват гирам. Баъд заминро об диҳам.
Гурбаи бечора дав – давон ба назди мурғ омаду зорӣ кард:
– Мурғ, мурғ, илтимос ба ман тухм деҳ. Тухмро ба мироб диҳем, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Мурғ қут- қут- қут карду гуфт:
– Хуб, лекин ман гуруснаам. Ту аввал дон биёр, ман донро хўрам, баъд ба ту тухм диҳам.
Гурбаи сарсон, хеле шуд саргардон, рафт ба пеши деҳқон, гуфт аз дарди ҷон:
– Салом бобои деҳқон, соҳиби ғаллаю дон.
– Воалейкум бар салом, гурбаи думбуридаи нимҷон.
– Бобоҷон, илтимос, ба ман дон бидеҳ. Дона ба мурғ диҳам, мурғ ба ман тухм диҳад, тухмро ба мироб диҳам, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Деҳқони заҳматкашу раҳмдил пушту сари гурбаро сила карду аз дил гузаронд: «Худо ба ман ин гурбаро расонд» ва гуфт:
–Ба назарам гурусна ҳам ҳастӣ. Ту аввал ишкаматро сер кун. Ҳамин мушҳои анбори маро биқапу бихўр, ман ба ту дон медиҳам.
–Гурба шод шуд, аз ғам озод шуд. Рафту дар дами сўрохи муш нишаст. Ҳар муше, ки мебаромад, меқапиду мехўрд. Дигар муше намонд, ки ба анбори деҳқон дарояд. Деҳқони шодон, ба гурба дон дод.
Гурба донро гирифт, бо шаст давид, ба пеши мурғ расид. Мурғ донро хўрду тухм дод. Гурба тухмро гирифта овард ба мироб. Тухмро мироб хўрду заминро кард сероб. Замин ба вай алаф дод, алафро ба назди гов овард. Гов алафро хўрду ба вай шир дод. Гурба ширро ба бибӣ дод. Бибӣ ҳам хуш ҳол шуду гуфт ба фарёд:
– Ма бигир думатро! Ин дафъа дуздӣ кунӣ, мекушам худатро!
Гурба хушҳол шуду думашро гирифта, ба назди устои кафшдўз омад.
– Салом амаки кафшдўз.
– Воалейкум, гурбаи думбурида, чӣ хизмат?
– Илтимос, думамро бидўз.
– Хуб, лекин барои думи ту сўзани мувофиқ надорам. Ба назди оҳангар раву як сўзан созонда биёр.
Гурба рафт назди оҳангар.
– Салом, амаки оҳангар.
–Воалейкум бар салом, гурбаи думбурида.
–Амаки оҳангар, ба ман як сўзани махсус сохта бидеҳ, ба кафшдўз барам, вай думамро дўзад.
– Хуб, вале дар кўраи оҳангарӣ ангишт надорам. Агар назди маъдангар рафта, ангишт биёрӣ, он гоҳ сўзан сохта, онро гузорам дар ихтиёри ту.
Гурба давида назди маъдангар рафту гуфт.
– Акаи маъдангар, ба ман ангишт бидеҳ, ангиштро ба оҳангар диҳам, оҳангар ба ман сўзан созад, сўзанро ба кафшдўз диҳам, кафшдўз думамро дўзад.
Ў гуфт:
– Қувват надорам рав назди қассоб, бароям гўшт биёр, ки пазаму хўраму ангишт канам.
Гурба назди қассоб рафту гуфт:
– Акаи қассоб, бароям гўшт бидеҳ, ки ба маъдангар барам, кўҳкан ба ман ангишт диҳад, ангиштро ба оҳангар барам, оҳангар ба ман сўзан диҳад, сўзанро ба кафшдўз барам, кафдўз думамро дўзад.
Қассоб гуфт:
– Гурбаяки думбурида, нон надорам, ки хўраму қувват гираму гўшт пора кунам. Рав, назди нонвою бароям нон биёр.
Гурба рафт назди нонвой ва гуфт:
–Нонвой, ба ман нон бидеҳ, нонро ба қассоб диҳам, қассоб ба ман гўшт диҳад, гўштро ба маъдангар диҳам, ў ба ман ангишт диҳад, ангиштро ба оҳангар диҳам, оҳангар ба ман сўзан диҳад, сўзанро ба кашфдўз диҳам, кафшдўз думамро дўзад.
Нонвой гуфт:
– Эй гурбаяки алояку балояки думбурида. Худо туро ба ман аз куҷо расонд. Зуд биё, ба анбори мани рангпарида. Мушҳо ғаллаи маро тамом карданд аз ҳар тараф ҷаҳида. Онҳоро бихўру нобуд кун, ки ман бароят нон диҳам пазида.
Гурба ба анбори нонвой даромада, поида, хамида, ҷаҳида, парида ҳамаи мушҳоро нобуд кард. Нонвой ба гурба нон дод. Гурба нонро ба қассоб дод, қассоб ба вай гўшт дод, гўштро ба маъдангар дод, ў ба вай ангишт дод, ангиштро ба оҳангар дод, оҳангар ба вай сўзан дод, сўзанро ба кафшдўз дод, кафшдўз думи гурбаро дўхт.
Гурба хушҳол шуд. Пас аз ин, савганд хўрд, ки дигар дуздӣ намекунаду бо заҳмати ҳалол ризқу рўзиашро ёфта, зиндагӣ мекунад.
Хонандагони гиромӣ! Муаллифи ин китобчаи хубу хонданӣ Равшан Раҳмонӣ аст ва китоб ҳам “Гурбаи думбурида” ном дорад ва он соли 2019 чоп шудааст.
Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои хубу шавқоварро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толор дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст.
Таҳияи Фирўза Раҳимова.