Бо бачаҳо. Шарифаи Аъламзод. “Хуршеди олам”
Муаллифи ин китоби тозанашр ба хонандагонаш чунин муроҷиат кардааст: Набераякони донову дӯстрӯи ман! Хуршед оламгир аст. Аммо хуршеди оламгири дили инсон медонед, чист? Китоб!
Китобро дӯст доред, эҳтиром намоед. Зеро китоб моро дониш медиҳад, ба кишвари орзу ва афсонаҳо мебарад.
Модар – Ватан.
Мураббихола доим
Гўяд ба мо як сухан:
– Барои мо муқаддас
Ягона модар – Ватан.
Бо Ватани худ касем;
Бе Ватан худ хасем.
Мо ба қадри ин Ватан
Бояд то абад расем.
Ин Ватан армони мо;
Шўҳрату ҳам шони мо.
Меҳру муҳаббати он
Дар намаку нони мо.
Модар – Ватан аз азал
Гаҳвораи мо бувад.
Рўйи ҷаҳон ягона
Сайёраи мо бувад.
Исмоили Сомонӣ
Кабл аз ҳазору сад сол
Бобои мо Исмоил
Дар кори давлатдорӣ
Оламро кард қоил.
Шоҳе буд адолатхоҳ,
Ҳақиқат буд паноҳаш.
Равшандилу худогоҳ,
Маърифат буд силоҳаш.
Вақте омад ба моён
Истиқлолу амонӣ,
Баъди ҳазору сад сол
Дорем ҷашни Сомонӣ.
Исмоили Сомонӣ–
Бо номи ту фирўзем.
Аз ту, эй шоҳи олам
Ватандорӣ омўзем!
Субхи баҳор
Субҳи баҳор омад,
Боди мулоим вазид.
Оби равони кўҳсор
Ба боғу саҳро расид.
Хуршед бо табассум
Гармӣ ба хок медод.
Бар тани сабзаю гул
Дарахту ток медод.
Муғчаи бодом аввал
Чашми ҳавас мекушод.
Бойчечаку сияҳгўш,
Рў сўйи кас мекушод.
Дар кўҳу дашту даман,
Гўё базми лола буд.
Як даста лола тўҳфа,
Дар дастаки хола буд.
Хуршеди Олам
Хуршеди олам,
Аз ту биболам.
Рўйи кушодат,
Бахту саодат.
Айни саҳаргоҳ
Ойӣ ту ҳар гоҳ,
Дилҳо кушоӣ,
Равшан намоӣ:
Боғу чаманро,
Дашту даманро,
Рўйи ҷаҳонро…
Ту тахти олам;
Ту бахти одам.
Аллаи Модар
Ту медонӣ дар дунё,
Чӣ ширинтар аз шакар,
Вақте бари гаҳвора
Алла мехонад модар.
Аллаи ў боди субҳ
Обаки ҷуйи равон.
Магар форамтар аз ин,
Чӣ бошадаш дар чаҳон?!
Додарамро хобонда;
Модарам шодон шавад.
Маро бари ў монда;
Ба кораш равон шавад.
Аз китоби Шарифаи Аъламзод “Хуршеди олам”, Душанбе 2021.
Таҳияи У.Алиев.
Шумо китоби мазкурро метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мут олиа намоед.