Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома.

Афсонаҳои молиявӣ

Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

 

Чӣ тавр назорат кумак кард, ки ҷашн баргузор шавад?

 

Кадом  рўзи  солро ҳамаи бошандагони ҷангали афсонавӣ ба таври махсус ҷашн мегиранд? Ёфтед, рўзи  якуми фасли тобистонро. Аз  гўшаву канорҳои гуногуни олам парандагон ба ин љо барои зимистонгузаронӣ меоянд. Омодагӣ барои истиқболи дўстон хеле барвақт шуруъ мешавад: ҷангалро оро медиҳанд, пайроҳаҳоро мерўбанд, барномаи ҷашнӣ ва  тўҳфаю ҳадяҳои бисёре омода мекунанд. Тўҳфаҳоро барои меҳмонон танҳо  аз «Намоишгоҳи бузург» мехаранд. Пулро барои баргузор кардани ҷашн аз ҳамаи ҷонварон ҷамъ мекунанд. Халтаи танга то оғози омодагӣ ба ҷашн дар сандуқ мехобад.

Айёмеро, ки бисёр интизораш буданд, фаро расид – айёми омодагӣ ба ид.

Ҷонварон ҳама дар марғзор ҷамъ омаданд. Кўрмушҳо сандуқро оварда кушоданд, вале дар он аз тангаҳо асаре набуд. Ҳама аз ин ҳодиса тарсиданд – «Наход натавонем ҷашнро баргузор кунем!»?

«Чӣ кор кунем?» – бо тарсу ҳарос мепурсиданд хорпуштҳо. «Тангаҳо куҷо шуданд?» – суол медоданд  Кўрмушҳои ҳайратзада. « Кӣ онҳоро бурда бошад?» – чиррос мезаданд мушакҳо.

«Беадабро меёбем!» – фиғон бардошт Хирс, – пачақ- мачақаш мекунам лаънатиро!»

Ҷонварон ҳамин қадар ки фикр карданду тахмин заданд, дуздро наёфтанд. Ба қароре омаданд, ки барои машварат ба Буми боақли доно муроҷиат кунанд, ба ҳамон Мағрури Хомўш, ки дар сари шохаи баланди булути пир дар канори љангал зиндагӣ мекунад.

Ҷонварону паррандагон ба назди булути пир омада, Мағрури Хомўшро садо заданд. «Медонам – медонам, дар бораи мусибату андўҳи шумо шунидаам», – ҷавоб дод Бум.

«Ҷонварон ҳайрон шуданд: «Бум, о ту аз куҷо медонӣ мусибати моро ? Сандуқро мо ҳамин ҳоло кушода, ба назди ту омадем».

«Парастуҳо  аз ин ҷо парвозкунон хабар доданд, ки ҳамаи тангаҳо гум шудааст», ҷавоб дод Буми мағрури хомўш. «Мо бояд назоратро ҷорӣ кунем, то ки қаллобро дастгир намоем. Барои ҳамин, ҳоло ба бонк меравему ҳисобҳои бонкии ўро меёбем. Қаллобро ҷазо медиҳем, то ки дубора дуздӣ накунад», – гуфт Буми хирадманд.

Ҷонварон ҳамроҳи Буми хирадманд барои тафтиш кардани ҳисобҳо ба бонк омаданд. Як соат-ду соат, Бум хомўшона нишаста, ҳисобҳои бонкиро тафтиш кард. Ногаҳон Бум ба ҷунбиш даромад, ҳамёза кашида, ба садои пастакак гуфт:

«Гург омадааст ин ҷо,

                   Э, бало занад туро?

                   Гирифтааст он нарғул,

                   Аз куҷо ин қадар пул?

                  Аниқ ин ҳайвони паст

                  Идпулиро дуздидааст!?»

 

Ҷонварон хушҳол шуданд, ки Мағрури Хомўш тангадуздро ёфт.

Хирс, Қундуз ва Шоҳин ба назди Гург рафтанд, то ки ўро ба марғзор оварда бозпурсӣ кунанд. Гург гурги маккор буд.Ҳамин ки хабари дуздида шудани тангаҳо ба гўшаш расид, дар хонааш пинҳон шуда, дамашро дарун кашид.

Хирсу Қундузу Шоҳин ба дари хонаи Гург омада, дарро кўфтанд, вале  ҳеҷ кас дарро накушод. Қундузу Шоҳин хашмнок шуда Гургро таҳдид карданд: «Берун баро, Гург, ки ҳолат бад мешавад! Дарро мешиканем!» Гург ҳанўз дамашро дарун кашида, дарро намекушод. Хирс ба ғазаб омада фарёд зад: « Дарро кушо, ки ҳолат бад мешавад. Ҳамин хел мезанам, ки хоначаат майда-майда шуда, ба ҳар тараф мепарад!». Гург аз тарс берун баромад. Хирсу Қундузу Шоҳин дастонашро баста, ўро  ба   марғзор ба назди ҷонварон оварданд.

Гург тарсону ларзон аз ҷонварон бахшиш пурсид: «Маро авф кунед, маро бубахшед. Айби ман набуд, айби ялақоси тангаҳо буд». Ҷонварон  қарор доданд, ки Гургро ҳатман ҷазо диҳанд – як сол ба корҳои ҷамъиятии ҷангал ҷалб карда шавад, то ки дигар ин номаъқулиро такрор накунад.

Ҷашн дар ҷангали афсонавӣ бисёр зебову фаромўшнашаванда гузашт.Ҳамаи ҷонварону меҳмонон хушбахт буданд. Ҳеҷ кас дигар фоидаи назоратро фаромўш намекунад.

 

(Идома дорад)

 

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи

 адабиёти кўдакон ва наврасон.

 

Теги: кӯдакон ва наврасон