Бо бачаҳо. Аҳмадҷон  Ҳамдӣ

Аҳмадҷон Махдуми ҲамдӣАҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ соли 1875 дар Бухоро дар хонадони қозӣ ба дунё омадааст. Ў яке аз фаъолони таъсиси мактаби усули нав буд ва китобҳои дарсӣ таълиф мекард.

Соли 1934 маҷмўаи шеърҳояш бо номи «Дубайтиҳои пролетарӣ» ба табъ расид. Достонҳояш «Салимҷон Ҷалилов» (1935) ва «Каримбой дар хонаи Худо» (1937) чоп шудааст. Шеърҳои ў, ҳамчун «Сангину Парвин», «Лола ба хола» ва «Ба ғунчаҳои наврас», ки барои бачаҳо эҷод кардааст, хеле маълуму машҳур буданд.

Соли 1953 шеърҳояш таҳти назари Мирзо Турсунзода интишор ёфт.

Аз соли 1953 узви Иттифоқи нависандагон буд.

Соли 1946 дар шаҳри Душанбе фавтидааст.

       САНГИНУ  ПАРВИН

Сангинҷони ҷонона

Ҷилд овехта дар шона,

Ба мактаби худ мерафт,

Чаққон шуда шодона.

Парвинҷони ҷонона,

Зулфаш ба сари шона.

Дидам, аз роҳи мактаб,

Омад ба сўи хона.

 

Сангинҷони фирўза,

Пўшида ба по мўза.

Машқи аскарӣ дорад,

Дар мактабаш ҳаррўза.

 

Парвинҷони найшакар,

Аз шакар ширин духтар,

Вай навишта мехонад,

Аз китобу аз дафтар…

 

ЛОЛА  БА  ХОЛА

Баҳор шуд, баҳор шуд,

Баҳори лолазор шуд.

Духтари лолачин манам,

Барзада остин манам.

Ман гули лола мечинам,

Лола ба хола мечинам.

Пешаки хола меравам,

Бо гули лола меравам.

Ханда кунад лолаи ман,

Шодӣ кунад холаи ман.

 

Аз китоби “Офтоби оламоро”, ки ашъори адибон барои бачаҳоро гулчин кардааст. Китоб соли 2020 чоп шудааст ва ҳоло хонандагон метавонанд онро дар толорихониши адабиёти кӯдакон ва наврасон” мутолиа кунанд.

 

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова

 

Теги: кӯдакон ва навравон