Бо бачаҳо. Акобир Шарифӣ: “Гунҷишкаки якрав”

Гунчиши-якравЯк гунҷишкаке буд. Гунҷишкак падару модарашро бисёр азоб медод. Бо вуҷуди хурдӣ ба ҳар куҷо парида мерафт. Аз касе маслиҳат намепурсид. Гапи падару модарашро гўш намекард.

Гунҷишкак аз рўзи аввали ба дунё омаданаш боиси азобу ташвиши падару модар шуд. Онҳо  панҷ хоҳару  додаракон буданд.

Гап дар бораи  гунҷишкаки аз ҳама хурдӣ меравад. Вай аз дигарон ду рўз баътар ба дунё омадааст. Барои гунҷишкон ду рўз ҳам вақти бисёр мебошад. Бинобар он падару модараш ба ў Майдаяк ном доданд.

Майдаяк баъзан касал мешуд, хўрок намехўрд, бисёр нолиш мекард. Дили падару модарашро об мекард. Ба ҳар ҳол падару модар пурсаброна ўро нигоҳбин карданд, хўронданд, тарбия намуданд.

Бо гузашти замон хоҳару ду бародари ў калон шуда, қанотҳояшон пурқувват шуданд.

Пеш аз парвоз падару модар онҳоро боз насиҳат карданд.

Онҳо гапи падару модарро бодиққат мешуниданд.

Ба Майдаяк гуфтанд, ки ду-се рўзи дигар сабр кунад.

Чунки қанотҳояш ҳоло беқуватанд ва ба замин афтиданаш мумкин. Вале вай ба ҳама гап ҷавоб меёфт.

Хайр, ҳеҷ гап не, афтам, боз мехезам – дия, – гуфт ин даъфа ҳам.

Ба ту ҳазор бор мегўем, ки дар дунё гурба гуфтанӣ дарандаи бадхашм ҳаст. Вай ҳатто парандаҳои калонро ҳам дошта мехўрад.

Майдаяк ҳарчанд якравӣ  кунад ҳам падару модараш илоҷе  карда ўро боз се рўз дар лонаашон нигоҳ доштанд. Барои он ки худсарона парвоз накунад,  яке аз волидайн ҳама вақт дар назди ў меистод. Рўзи  парвози Майдаяк ҳам расид. Падару модараш ва хоҳару акаҳояш пару боли ўро аз назар гузарониданд, рост карданд.

Сипас падару модар суханҳои чандин маротиба гуфтаашонро бори дигар такрор карданд:

Писарам, аз кўдакҳо ҳам эҳтиёт шав! Баъзеи онҳо аз гурба ҳам бадтаранд! Оҳ ин бачаҳои шум! – Мегуфт модари Майдаяк.– Аз дасти онҳо худи ман чандин болҳоро дидаам. Онҳо, ҳамин ки туро диданд, дарҳол аз замин сангро гирифта,  ҳадафи худ қарор медиҳанд. Агар ҳушёр нашавӣ, кор тамом. Агар дидӣ, ки хам шуда санг ё кулўхеро аз замин мегиранд, зуд парвоз кун, шунидӣ, писарам?

Шунидам, – бепарвоёна мегуфт Майдаяк. – Вале агар санг дар бағал ё кисаашон бошад – чӣ?

Оӽ, ин бачаи сарсахт! – гуфт модараш  ғамгинона. – Охир, аввал гапи маро то охир гўш кун! Ана, бубин, хоӽарат, акаӽоят чӣ хел қобил ва гапдароянд. Чизе, ки ману падарат гўем, ба гапамон гўш медиӽанд, гуфтаамонро иҷро мекунанд.

– Ҳамаи онҳо тарсончаканд! – гуфт Майдаяк мағрурона. – Аз гурба метарсанд. Аз бачаҳои хурдсол, ки ҳанўз биниашонро тоза карда наметавонанд, метарсанд. Аз парандаҳои калон ҳам. Худи ҳамон гурбаатон чӣ хел паранда? Аз боз ҳам калон аст магар? Агар ба дастам афтад, ман вайро бо пару болаш мехўрам! Дар бораи бачаҳо ва дигар парандаҳо бошад, ҳоҷати гап ҳам нест!

Майдаяк  ғайр аз ин гапҳо боз бисёр лаққид, бисёр даҳонкалонӣ  кард. Падару модараш иҷозат доданд, ки парвоз кунад.

Вай парвоз кард, вале ҳама дар ташвиш буд.

Бинобар ин тамоми оила аз қафои ў шуд. Ин ҳолат якчанд рўз давом кард.

Дар ин муддат Майдаяк бо гурба ҳам шинос шуд. Падараш аз болои дарахт ба ў гурбаро нишон дод. Майдаяк гурбаро дида, аввал қоҳ – қоҳ хандид.

Вале баъд шарм карда хомўш шуд. Чунки вай гурбаро паранда тасаввур мекард.

Барои чӣ пойи вай чорто? – пурсид аз падараш.

– Барои он ки роҳ рафта, давида тавонад.

Агар ду по медошт, роҳ рафта наметавонист магар?

– Не, – гуфт падараш маҷбур шуда.

Одамҳо ду по доранд – ку.

Боз роҳ мераванд.

Падараш ин саволи ўро бе ҷавоб монда: – одамҳо омада истодаанд,  парвоз кардем, – гуфту ба дарахти дигар парид. Майдаяк ҳам аз қафои ў рафт.

Ҳамин хел рўзҳо мегузаштанд. Майдаяк ҳам калон мешуд. Баланд ва ба ҷойҳои дур парвоз мекард. Вале ҳоло ҳам якравӣ мекард, ба гапҳои падару модараш гўш намедод.

Вай аз ҳеҷ чиз наметарсид.

Ҳатто аз гурба ҳам.

Боре малахеро дошта, ба рўйи санге нишаст, то ки вайро хўрад. Дар ҳамин вақт гурбаи Бахтиёр, ки дар он тарафтари ў поида меистод, гунҷишкакро дида, зуд худро дар паси кулўхе гирифт. Вай хост ки хазида – хазида гунҷишкакро ба чанг орад, вале дер шуд. Майдаяк  малахро хўрда замон парвоз карда, ба пеши модараш рафт ва бо мағрурӣ ба лаққидан  давом дод.

Гурбаро чунон тарсондам, ки қариб дилкаф шуда буд, Эҳтимол аз тарс мурда бошад. Ҳамин ки маро дид, дар як мижжа задан аз назарам ғоиб шуд!

Модараш, албатта, бовар накард ва фаҳмонд, ки ҳар чӣ бошад ҳам, эҳтиёт кунад.

Чунки гурба маккор ва фиребгар аст. Вай бо ягон мақсади муайян пинҳон шудааст. Майдаяк  бовар дошт, ки гурба аз ў мурданивор тарсидааст.

Гунчишки-якравАз байн чанд муддат гузашт.

Рўзе Майдаяк баъди шикамашро сер кардан ба нўги дарахти сафедор  (ошёнаашон дар ҳамин дарахт буд) нишаста, дам мегирфт. Вай дар ҳар бора фикр мекард. Бисёртар дар бораи чӣ хел гурбаро «тарсонданаш» меандешид.

Вай тарсончакии падару модар ва хоҳару бародаронашро ба хотир оварда, худ ба худ механдид. Нохост гурбаро дар назди ҳамон санги чанд рўз пеш тарсонидааш дид, ки нишаста бо дастонаш рўяшро мешўяд.

Майдаяк  хурсанд шуд. Хост, ки гурбаро боз як бори дигар боб карда «тарсонад». Вай рост ба сўйи  гурба парвоз кард. Гурба бошад, ба замин хобид.

«Ман ҳоло ба вай наздик нашуда – аллакай тарсид», аз дил гузаронд Майдаяк. Вале ҳамин ки ба болои санг нишаст, ҳанўз қоматашро рост накарда, гурба бо як ҳаллос задан ўро ба чанголаш даровард.

Майдаяк  хаёл кард, ки тамоми устухонҳояш маҷақ шуданд.

Аммо гурба вайро он қадар сахт намедошт.

Ин лаҳзаро Бахтиёр бо шавқ тамошо мекард. Бахтиёр панҷсола аст. Вай гурбаашро бисёр дўст медорад.

Ба далерии ў ҳамеша фахр мекунад. Ҳар вақте ки гурба муш ё парандаеро шикор кунад, Бахтиёр вайро тамошо мекунад, завқ мебарад.

Ин дафъа ҳам чӣ гуна ҳаллос зада гунҷишкро гирифтани гурбааш ўро ба шавқ овард. Вай дид, гунҷишкак бисёр хурд аст, раҳмаш омад ва хост, ки гунҷишкакро халос кунад.

Шиками гурба сер буд. Бинобар ин барои хўрдани гунҷишкак шитоб намекард.

Вай,  тавре ки ба мушҳо рафтор мекунад, хост, ки гунҷишкакро ҳам каме бозӣ доронаду баъд хўрад. Вай Майдаякро дар байни ду пойи пешаш гирифта ин тараф он тараф мегардонд.

Дар ҳамин вақт Бахтиёр аз паси гардани гурба гирифта бардошт. Гунҷишкак фурсатро ғанимат  дониста зуд парвоз кард.

Майдаяк рост ба пеши падару модараш рафт. Базўр – базўр нафас гирфта гап мезад. Рангаш тамоман канда буд.

– Ба ту чӣ шуд, азизам? – гуфт модараш, ки аз ин ҳолати Майдаяк дар ҳайрат монда буд. – Магар ягон ҷоят дард мекунад?

– Эй модарҷон! Гурба қариб маро хўрда буд. Хайрият, ки Бахтиёр халос кард. Ман калон шавам, албатта, ҷуброни ин хубиҳои Бахтиёрро мебарорам.

Ўро ба қанотҳоям савор карда, ба ҳар куҷо мебарам, тамошо медиҳам. Ба шумоён аз ман як маслиҳат, агар гурба худро руст кунад, гумон накунед, ки вай тарсидааст. Ин ҳамааш макру ҳила будааст!

– Писарам, ту ба мо гапро ёд надеҳ, мо инро нағз медонем.

Майдаяк  ҳоло калон шудааст. Вай  тамоман худи падару модараш барин. Акнун  эҳтиёткорона рафтор мекунад. Ба гапи падару модараш бодиққат гўш медиҳад. Чизе ки гўянд, иҷро мекунад.

*****    *****     *****

Ин ва боз даҳҳо китоби хушсурату шавқоварро бачаҳои азиз метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва нарасон мутолиа намоянд.

Таҳияи Зуҳро МАТИМОВА,
м
уовини сардори шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.