Бо бачаҳо. Азизи азиз: “Майна”

МайнаНависандаи бачаҳо, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ Азизи Азиз боз як повести навашро ба хонандагони хурдсол пешниҳод намуд. «Майна» қиссаи басо аҷибу пурмоҷарост ва хотирмону замонавӣ мебошад ва ҳар хонандаи асилро хуш хоҳад омад.

ПОРЧА АЗ ИН ПОВЕСТ:

Моҳи август фаро расид, вале ман нафаҳмидам, ки ду моҳи тобистон чӣ хел гузашт: гўё дирўз имтиҳон супурда, ба таътил баромада будем. Дуруст, ки дар ин муддат даҳ-дувоздаҳ китоб хондам. (Китобҳоро падарам пеш аз сафараш тавсия дода буд. Вай ронанда аст, мошини калони боркаш дорад ва ҳар гоҳ нияти сафари дур мекунад, чанд китоб ё рўйхати онҳоро ба дастам супурда, кўтоҳу қатъӣ мефармояд: «Мехонӣ, писарам!»)

Бо вуҷуди ин, дар назарам нисфи зиёди таътил якранг гузашт, ҳар рўз ба рўзи дигар монанд- аз субҳ то шом футболу оббозию давутоз…

Аммо як воқеа рўй доду таътил, ба таъбири муаллими табиатшиносии мо Осаф Раҷаб, маънию мазмуни тоза гирифт ва басо аҷибу хотирмон шуд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ ҳушу ёди ману ҷўраам Муродро чунон ба худ ҷалб намуд, ки моҳи август ба ягон кори дигар машғул нашудем, ҳатто вақте таҳсил оғоз шуд, барои иҷрои вазифаи хонагиамон базўр фурсат пайдо кардем. Ба зудӣ бачаҳои дигари деҳа низ ба «ташвиш»-и мо шарик шуданд ва аввали моҳи сентябр гапу кор овоза шуда, аз деҳа берун рафту ҳангома хест ва калонсолон ҳам бетараф намонданд.

Ба ҳамааш як чўҷаи майна сабаб шуд…

Майнаро ману Мурод ром кардем, дурусташ, худаш бо мо унс гирифт ва минбаъд мо онро «таълим» додем. Майнаро бачаҳои деҳа ҳам дўст доштанд, зеро ба ҳар хона равад, ба сари китф ё тори сари ягон кас нишаста, ҳар чӣ мегуфт ва ба ҳамагон завқу шодӣ мебахшид. Ба ману Мурод ҳар замон ягон хабари тоза мерасид. Боре майна ба хонаи Гавҳарино меравад, ин лаҳза додаракаш дар гаҳвора ғаш доштааст, майна ба дастаи гаҳвора нишаста, гиряи ўро тақлид мекунад ва кўдак ҳамон замон аз гиристан бозмемонад. Бори дигар ба канори ҷойнамози бобои Карим нишаста, баробари ў бисмиллоҳ гуфтааст ва мўйсафед инро фоли нек дониста, басо шукру шодӣ кардааст. Як дафъа ба ошхонаи холаи Майсара даромада, намакдонро чаппа мекунад ва азбаски зарф дар сари оташдон будааст, нисфи намак ба дег мерезад…

Аз ҳамин як пораи кутоҳ низ маълум, ки ин қисса басо хонданиву шуниданист. Пас чӣ бояд кард? Посух кутоҳ: ё китобро аз дукконҳои китобфурӯшӣ ёфту хонд ва ё ба Китобхонаи миллӣ омад ва онро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакону наврасон мутолаа кард.

Дар ин толори хониш як не, садҳо китоби ба ин монанд шавқовару ҷолибро ҳам метавон пайдо кард.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси  шуъбаи  адабиёти
кудакон  ва  наврасон.