Бо бачаҳо. Чанд шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим
РУХСОРА
Рухсораҷон, Рухсора,
Рухсораи маҳпора.
Ороми ҷони оча,
Ёрирасони оча
Аллагўяки хоҳар,
Курташўяки додар.
Сумкабараки ако,
Тоҷи сараки додо!
ҚАҲР
Ба қаҳр ояд Аъзамҷон,
Мешавад дунё вайрон.
Мегўяд: «Дарё – аз ман!
Сабзаи саҳро – аз ман!
Очаву додом – аз ман!
Момову бобом аз ман!
Қайчиву шона – аз ман!
Тамоми хона – аз ман!
Як- ду лаҳза пас лекин,
Қаҳраш меёбад таскин.
Босаховат мешавад,
Олиҳиммат мешавад:
Шонаро ҳам медиҳад,
Хонаро ҳам медиҳад.
Очаву додоро ҳам,
Момову боборо ҳам
Бе ҷанҷолу бе ғавғо,
Медиҳад ба Нурулло.
Ба Рухсора медиҳад,
Ба Маҳвора медиҳад.
Мешинад худаш беғаш,
Дастаконаш – таҳи каш.
ХОБ
Гуфтам, ки хоб кардам,
Хобам наомад.
То даҳ ҳисоб кардам,
Хобам наомад.
То навад кардам ҳисоб,
Хобам наомад.
То ба сад кардам ҳисоб,
Хобам наомад
Аз нав бурдам бесадо,
То сад ҳисобам…
Саҳар хезам, ки кайҳо,
Бурдаст хобам!
ХОБ АЗ КУҶО МЕОЯД?
Одамон оянд аз роҳ,
Роҳ аз куҷо меояд?
Рўшанӣ ояд аз моҳ,
Моҳ аз куҷо меояд?
Гов алаф мечарад,
Алаф чӣ мечарад худ?
Ароба мебарад бор,
Бор чӣ мебарад худ?
Бачаро зода оча,
Кӣ зодааст очаро?
Як ҷо истода соҳил,
Меравад дарё чаро?
Ҳар саҳарӣ ба мактаб,
Меравад чаро Барзу?
Чаро мактаб як саҳар,
Намеояд назди ў?
Кўл чаро пури об?
Кўҳ чаро баланд аст?
Ними шабу аз савол,
Сари ман аз чӣ банд аст?
Бар ҷўйи деҳаи мо,
Об аз куҷо меояд?
Ба чашмони ман, охир,
Хоб аз куҷо меояд?
ШЕЪР
«Гул» – гуфтему «гул» – гуфтем,
«Овози булбул» – гуфтем.
«Мурғаку дона» – гуфтем,
«Мўяку шона» – гуфтем.
«Очаву додо» – гуфтем,
«Ҷону дили мо» – гуфтем.
«Додару хоҳар» – гуфтем,
«Ба ҷон баробар» – гуфтем.
«Моҳу Фарзона» – гуфтем,
«Ҳар ду дугона» – гуфтем.
Гуфтем аз ону аз ин,
Равону поку ширин…
Мо бехабар, худ ба худ,
Як шеъри нав пайдо шуд!
ХУРШЕДИ ТОБОН
Ҳар субҳ ояд аз нав,
Дилро кушояд аз нав.
Бахшад ба рўйи дунё,
Нури умеди фардо.
Хуршед, хуршед,
Хуршеди тобон!
Уммед, уммед,
Уммеди инсон!
Моро зи хоби ширин,
Бо панҷаҳои заррин
Бедор мекунад боз,
Ҳушёр мекунад боз.
Хуршед, хуршед,
Хуршеди тобон!
Уммед, уммед,
Уммеди инсон!
Пурнур дар бари мост,
Монанди модари мост.
Дилҳо аз ў мунаввар
То субҳи рўзи дигар.
Хуршед, хуршед,
Хуршеди тобон!
Уммед, уммед,
Уммеди инсон.
Ин шеърҳо аз китоби “Тазкираи адабиёти бачаҳо”, ки соли 2015 чоп шудааст, иқтибос шуд.
Бачаҳои азиз метавонанд ин ва даҳҳо китоби ба ин монандро дар шакли комил дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.
Теги: кӯдакон ва наврасон