Бо бачаҳо. Чанд шеъри хуб аз Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ
БИБИҶОН
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Аз раҳи дур меояд,
Базўр-базўр меояд.
Бибим ояд, мо – хурсанд,
Кисаҳояш – пури қанд.
Мавизу мағз меорад,
Чизҳои нағз меорад.
Гапҳои бибим ширин,
Қанд барин, асал барин.
Бибим – кони афсона!
Бибиҷонам – ягона!
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Равам, кўрпача орам,
Болишти пар гузорам.
Чояки гарм биёрам,
Нонаки нарм биёрам.
Бибиҷона шинонам,
Хафа шудан намонам.
Бибиҷони хушрўям,
Бибии қиссагўям.
ҚИССА
Очаҷон, як қисса гў,
Як қиссаяки хушрў.
Як қиссаи наву соз,
Қиссаи дуру дароз.
Очаҷон, як қисса гў,
Дар ин қиссаяки ту
Гурбаю муш набошад,
Заргўш бегўш набошад.
Хирсак нодон набошад,
Оҳу ҳайрон набошад.
Рўбаҳ бедум набошад,
Айёру шум набошад.
Бузакаш бегург бошад,
Нотарсу бузург бошад.
Бачаҳош доно бошанд,
Ба монанди мо бошанд!
ДЎЛОНА
Сари кўҳу лаби ҷар
Қадди роҳу пушти дар
Дўлона марҷон шудаст,
Аҷаб фаровон шудаст.
Сар то ба по зар шудаст,
Ҳамранги ахгар шудаст.
Худ бинигар, дугона,
Буттаяки дўлона
Ҳоло чиро мемонад?
Ҷониби худ мехонад?!
Ҳусни дара – дўлона!
Хушманзара – дўлона!
Як бутта, пури марҷон,
Дар таҳти ҷар овезон.
Дарё онро мешўяд,
Мебўяду мегўяд:
– Ҳой, ту ҷасурӣ, ё на?
Ин кироӣ дўлона!
– Шамоли сари майдон,
Биё, дўлона афшон!
Домани худ пур кунем,
Хўрему ҳузур кунем.
Ҳамели марҷон кунем,
Ҳалқаи рахшон кунем.
Дўлонаи сари роҳ –
Файзи кафи тирамоҳ!
ШАҲТУТ
Тарҷума аз Хонумона Алибейлӣ
Шаҳтути мо шоҳи тут,
Медурахшад чу ёқут
Мисли донаи анор,
Фақат маро интизор.
Ҷойи ман – шохи боло,
Шаҳтуташ – навъи аъло!
Серобу сурху рахшон,
Худаш ояд ба даҳон,
Гўед акнун аз куҷо
Сияҳ шавам сар то по?
ХУДАМ ДИДАМ
Ман худам дидам!
Дида, хандидам:
Рўӣи осмон
Як гови калон
Чарида мегашт.
Гумон накунед,
Парида мегашт.
Дина чоштгоҳ
Дидам,
Ба Худо!
Рўйи осмон
Як гови калон
Чарида мегашт,
Бе болу
Бе пар
Парида мегашт.
Сар то ба пояш,
Чашми алояш,
Ҳам думаш,
Сумаш,
Ишками хумаш
Ҳама – сап – сафед!
Аз абрҳо буд!
БОЗИЧАҲО
ФИЛ
Вақти хоб шуд, гўсола
Ҷо шуд назди бузғола.
Хирсбача ҳам хоба зад,
Фақат фил намехобад.
Сар меҷунбонад ҳамон
Ў ба ёди Ҳиндустон.
ХИРСАК
Хирсакамро ғалтонданд,
Якпоя карда монданд.
Лекин намепартоям,
Азиз аст аз бароям.
АСПАК
Чархи фалак равон шуд,
Чархи фалак давон шуд
Рахшон шуд, чароғон шуд,
Хурсандии калон шуд,
Ҷонваракон қатор,
Ба ногаҳ шуда бедор,
Шодикунон давиданд,
Бозикунон давиданд,
Гургу хирсу шерро бин!
Паланги далерро бин!
Уштури калонро бин!
Оҳуи чаққонро бин!
Саманд – аспи бодпо,
Аспаки маҳбуби мо,
Ёлу думаш қир барин,
Давиданаш тир барин,
Аз ҳама пеш медавад-
Аз сумаш шалав парад,
Чархи фалак каме ист,
Чархи фалак даме ист,
Савор шавам ман як бор,
Ба аспи ситорадор,
Савораи зўрам ман!
Баччаи ҷасурам ман!
БАРФ
Оча, ин барфро бин,
Гулҳои сафед барин!
Боғи мо шуд саросар
Сап- сафеду гул ба сар.
Рафта чинам як даста,
Ба ту биёрам баста.
Чаро зарраҳои барф
Парида аз ҳар тараф,
Дар рўйи дастони ман
Гум мешавад тамоман?!
МАНБАЪ: Гулчеҳра Сулаймонӣ: “Шеърҳо”. Душанбе, 2020.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кудакон ва наврасон.