Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Дарёҳои Тоҷикистон

ДарёҳоДар Тоҷикистон низ дарёҳо бисёранд. Бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ–Ому (1415 км) бо шохобҳои худ аз сарзамини Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Инчунин дарёҳои Сир (2212 км), Вахш (524 км), Зарафшон, Кофарниҳон, Панҷ, Варзоб, Ёхсу, Элок, Искандар, Қизилсу, Булункўл, Муғсу. Сурхоб, Хингоб, Камароб, Сияҳоб, Сорбоғ ва ғайра манбаи гаронбаҳои оби ошомиданӣ ва кишту марзи кишвар ба шумор мераванд. Дар Тоҷикистон беш аз 974 дарёи хурду бузург мавҷуданд.

ДАРЁИ СИР (САЙҲУН)

Дарёи Сир яке аз рўдхонаҳои бузургтарини мамлакат мебошад, ки аз вилояти Суғд гузашта, ба Баҳри Арал мерезад. Баъди дарёи Ому серобтарин ва дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Он аз якҷояшавии дарёҳои Норин ва Қародарё ба вуҷуд меояд. Дарозиаш 2212 км, аз саргаҳи Норин 3019 км. Масоҳати ҳавзааш 219 ҳазор км мураббаъ аст. Обанборҳои калонтаринаш–Қайроққум ва Чордара.

Ин дарё дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои гуногун омадааст. Масалан, муаррихони Юнони Қадим онро Яксарт ва баъзан Танаис, муаррихони араб Сайҳун гуфтаанд. Дар асарҳои Абурайҳони Беренӣ дар шакли Хасарт ҳам омадааст.

ДАРЁИ ВАХШ  

Дарёи Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дарозии он 524 км буда, аз якшавии дарёҳои Қизилсу ва Муғсу ба вуҷуд меояд, бо номи дарёи Сурхоб ба қисми ғарбӣ ҷорӣ мешавад; баъди ба он ҳамроҳ шудани дарёи Хингоб номи Вахшро мегирад.

Қисми зиёди ҳавзаи он дар ҳудуди кўҳҳои Помиру Олой воқеъ аст. Дарёи Вахш бештар аз води танг ва дараҳои амиқ гузашта, 170 км болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шохахо тақсим мешаванд. Манбаи обаш асосан пиряху барф аст.

ДАРЁИ ПАНҶ

Панҷ–пурталотумтарин ва тезҷараёнтарин дарё дар дунё ва дарозтарин дар (921 км) дар Тоҷикистон аст. Панҷ дарёи сарҳаддӣ буда, саргаҳи он аз ҷойи ба ҳам якшавии дарёҳои Помир  (аз рост) ва Вахондарё (аз чап) ибтидо мегирад. Манбаи Панҷ пиряху барф аст.

Шоҳобҳои рости дарёи Панҷ – Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Язгулом, Қизилсу (ҷанубӣ) аз ҷумлаи дарёҳои калонтарини ҳавзаи Омударёянд. Шоҳобҳои чапи дарёи Панҷ – Шева ва Кукча мебошанд. Баъди ҳамроҳ шудани Панҷ ба дарёи Вахш номи Ому мегирад. Поёноби дарёи Панҷ (аз шаҳраки Панҷи Поён то ибтидои Омударё) киштигард аст. Дар соҳилҳои Панҷ шаҳрҳои Хоруғ ва Панҷ воқеъ гаштаанд.

ДАРЁИ КОФАРНИҲОН 

Дарёи Кофарниҳон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ буда, шохоби рости дарёи Ому аст. Дар назди деҳаи Ромит ҳангоми якшавии дарёҳои Сорбоғ ва Сардаи Миёна ба вуҷуд омадааст. Дарозиаш 387 км буда, масоҳати ҳавзааш 11600 км аст. Манбааш барфу пирях аст. Шохобҳои бузургтаринаш – Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва Элок. Дар болообаш гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, дар поёнобаш зағорамоҳӣ ва лаққамоҳӣ дорад.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.